Забур 119:1-176
א [Алеф]
119 Хушбахтанд касоне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд,Касоне, ки аз рӯйи шариати Яҳува рафтор мекунанд.+
2 Хушбахтанд касоне, ки ёдовариҳои ӯро риоя мекунанд,+Касоне, ки ӯро бо тамоми дил меҷӯянд.+
3 Онҳо ба беинсофӣ даст намезананд,Балки бо роҳҳои ӯ равонаанд.+
4 Ту фармудӣ, ки гуфтаҳоятро пурра ба ҷо орем.+
5 Эй кош дар роҳҳои худ устувор мебудам+Ва дастурҳои туро риоя мекардам!
6 Он гоҳ, ҳангоми ба амрҳои ту диққат карданам,Хиҷил намешудам.+
7 Туро бо дили пок ситоиш хоҳам кард,Вақте ҳукмҳои одилонаатро таълим мегирам.
8 Дастурҳои туро ба ҷо меорам.
Маро доиман тарк накун.
ב [Бет]
9 Чӣ тавр ҷавон роҳашро пок нигоҳ дорад?Агар пайваста худро аз рӯйи каломат баҳо диҳад.+
10 Бо тамоми дил туро меҷӯям.
Нагузор, ки аз амрҳои ту дур шавам.+
11 Суханатро дар дили худ нигаҳ медорам,+То бар зидди ту гуноҳ накунам.+
12 Яҳуваро ҳамду сано бод!
Дастурҳои худро ба ман таълим деҳ.
13 Ҳама ҳукмҳоеро, ки аз даҳонат баромадаанд,Бо забонам эълон мекунам.
14 Ёдовариҳоят бештар аз ҳар чизи пурқимат+
Бароям шодӣ мебахшанд.+
15 Дар бораи фармудаҳоят андеша* мекунам+
Ва ба роҳҳоят назар медӯзам.+
16 Фармудаҳоят бароям азизанд.
Суханатро фаромӯш нахоҳам кард.+
ג [Гимел]
17 Бо бандаи худ меҳрубон бош,То зинда бимонам ва гуфтаҳоятро ба ҷо орам.+
18 Чашмонамро кушо,То аз шариати ту чизҳои аҷоибро бубинам.
19 Ман дар ин замин мисли як ғарибам.+
Амрҳоятро аз ман пинҳон надор.
20 Ҷонам пайваста пазмони ҳукмҳои туст.
21 Ту худбоваронро сарзаниш мекунӣ,Лаънатзадагонеро, ки аз амрҳои ту сар мепечанд.+
22 Масхара ва бадгӯйии онҳоро аз ман дур кун,Зеро ёдовариҳои туро риоя мекунам.
23 Ҳатто вақте мирон якҷоя нишаста, бар зидди ман сухан меронанд,Бандаат дар бораи дастурҳои ту андеша мекунад*.
24 Ёдовариҳоят бароям азизанд,+Онҳо маслиҳатгарони мананд.+
ד [Далет]
25 Ба хок яксон шудаам.+
Мувофиқи ваъдаат маро зинда нигоҳ дор.+
26 Тамоми рафторамро ба ту гуфтам ва ту ба ман роҳ нишон додӣ.
Дастурҳоятро ба ман таълим деҳ.+
27 Ба ман мадад кун,То ба маънои фармудаҳоят сарфаҳм равам,То дар бораи корҳои аҷоибат андеша ронам*.+
28 Аз ғаму андуҳ бехобӣ мекашам.
Мувофиқи ваъдаат маро қувват бахш.
29 Маро аз роҳи фиреб нигаҳ дор,+Ба ман лутф намуда шариататро таълим деҳ.
30 Роҳи вафоро пеша кардаам.+
Дарк мекунам, ки ҳукмҳоят ҳаққанд.
31 Ёдовариҳоятро дар дил ҷо кардаам.+
Эй Яҳува, нагузор, ки ноумед шавам.+
32 Бо ҷону дил мувофиқи амрҳоят зиндагӣ хоҳам кард,Зеро ту ақлу фаҳмамро зиёд мегардонӣ*.
ה [Ҳе]
33 Эй Яҳува, маро таълим деҳ,+ ки аз рӯйи дастурҳоят зиндагӣ кунамВа ман то охир онҳоро ба ҷо хоҳам овард.+
34 Маро фаҳм бахш, то шариати туро риоя кунамВа онро бо тамоми дил нигоҳ дорам.
35 Маро ба пайраҳаи амрҳоят роҳнамоӣ кун,+Зеро аз ин ҳаловат мегирам.
36 Диламро сӯйи ёдовариҳоят моил гардон,На сӯйи моли дунё.+
37 Чашмамро аз дидани чизи ношоиста дур гардон,+Маро дар роҳи худ зинда нигаҳ дор.
38 Ваъдаеро, ки ба бандаат додӣ, иҷро кун,То одамон аз ту тарсон шаванд*.
39 Шармандагиеро, ки аз он метарсам, аз ман дур соз,Зеро ҳукмҳои ту неканд.+
40 Бубин, ки чӣ тавр пазмони фармудаҳои туям.
Аз рӯйи росткорият маро зинда нигаҳ дор.
ו [Вов]
41 Эй Яҳува, бигзор мувофиқи гуфтаат+Меҳру вафо ва наҷоти туро соҳиб шавам.+
42 Он гоҳ ман ба бадгӯйи худ метавонам ҷавоб гардонам,Зеро ба сухани ту таваккал намудаам.
43 Сухани ростиро аз даҳони ман тамоман нагир,Зеро ба ҳукмҳои ту умед бастаам.
44 Шариати туро риоя хоҳам кард,Ҳамеша ва то абад.+
45 Дар макони тинҷу ором роҳ хоҳам рафт,+Зеро фармудаҳои туро ҷӯё шудаам.
46 Аз ёдовариҳои ту дар пеши подшоҳон ҳикоя хоҳам кардВа ор нахоҳам дошт.+
47 Амрҳои ту бароям азизанд,Онҳоро дӯст медорам.+
48 Аз меҳр ба амрҳои ту сӯят дасти дуо мебардорам+Ва дар бораи дастурҳоят андеша меронам*.+
ז [Зайин]
49 Сухани худро, ки ба бандаат гуфтаӣ, ба хотир ор,Ту бо ин суханат ба ман умед бахшидаӣ.
50 Он дар сахтиям ба ман тасаллӣ мебахшад,+Зеро гуфтаи ту маро зинда нигаҳ медорад.
51 Худбоварон маро бисёр масхара мекунанд,Аммо ман аз иҷрои шариати ту сар натофтаам.+
52 Ҳукмҳои қадимаи туро ба ёд меорам,+ эй Яҳува,Ва аз онҳо тасаллӣ меёбам.+
53 Аз боиси бадкороне, ки шариати туро тарк мекунандОташи ғазаб вуҷудамро фаро гирифтааст.+
54 Дастурҳои ту бароям мисли суруданд дар ғарибистони ман.
55 Эй Яҳува, шабона номи туро ба ёд меорам,+То шариататро ба ҷо оварда тавонам.
56 Пайваста чунин мекардам,Зеро фармудаҳои туро иҷро менамудам.
ח [Хет]
57 Яҳува насибаи ман аст.+
Қавл додам, ки гуфтаҳоятро риоя мекунам.+
58 Бо тамоми дил ризои туро меҷӯям,+Ба ман аз рӯйи ваъдаат лутф намо.+
59 Дар бораи роҳҳоям андеша намудам,То қадамҳоямро сӯйи ёдовариҳоят баргардонам.+
60 Барои ба ҷо овардани амрҳоятШитоб менамоям ва сустӣ намекунам.+
61 Танобҳои бадкорон бар ман печидаанд,Вале шариати туро фаромӯш намесозам.+
62 Нисфи шаб бедор мешавам,То барои ҳукмҳои одилонаат туро шукр гӯям.+
63 Ман дӯсти ҳама тарсгоронат ҳастамВа дӯсти онҳое, ки фармудаҳои туро риоя мекунанд.+
64 Аз меҳру вафои ту, эй Яҳува, замин пур аст,+Дастурҳои худро ба ман таълим деҳ.
ט [Тет]
65 Эй Яҳува, ту ба ваъдаат вафо намуда,Ба бандаат некӣ кардаӣ.
66 Ба ман ақлу фаҳм ва дониш бидеҳ,+Зеро ба амрҳои ту имон овардаам.
67 Пеш аз мусибатам беихтиёр гуноҳ мекардам,Аммо ҳозир гуфтаи туро ба ҷо меорам.+
68 Ту некуӣ+ ва корҳои ту неканд.
Дастурҳои худро ба ман таълим бидеҳ.+
69 Мағрурон дар ҳаққи ман дурӯғҳо мебофанд,Аммо ман фармудаҳои туро бо тамоми дил риоя мекунам.
70 Дили онҳо беҳис шудааст,+Аммо шариати ту бароям азиз аст.+
71 Хуб шуд ки, азоб кашидам,+Зеро дастурҳои туро омӯхтам.
72 Шариати даҳони ту барои ман некуст,+Аз ҳазорон пораи тиллову нуқра бароям беҳтар аст.+
י [Йод]
73 Дастони ту маро офариданд ва сохтанд.
Ба ман фаҳм ато кун,То амрҳои туро биомӯзам.+
74 Тарсгорони ту маро дида, шод мешаванд,Зеро ба сухани ту умед бастаам.+
75 Медонам, эй Яҳува, ки ҳукмҳои ту одилонаанд+Ва ту маро аз рӯйи вафоят ранҷ додӣ.+
76 Пас, бигзор мувофиқи ваъдае, ки ба бандаат додӣ,Меҳру вафоят+ маро тасаллӣ бахшанд.
77 Ба ман раҳм кун, то зинда бимонам,+Зеро шариати ту бароям азиз аст.+
78 Бигзор худбоварон шарманда гарданд,Онҳое, ки ноҳақ ба ман беинсофӣ мекунанд.
Аммо ман дар бораи фармудаҳоят андеша мекунам*.+
79 Бигзор тарсгоронат сӯйи ман баргарданд,Касоне, ки аз ёдовариҳоят огоҳанд.
80 Бигзор дилам бекаму кост дастурҳои туро итоат кунад,+То шарманда нашавам.+
כ [Каф]
81 Ҷонам ташнаи наҷоти туст,+Зеро ба сухани ту умед бастаам.
82 Чашмонам пазмони суханони туянд,+Ман мегӯям: «Кай ту маро тасаллӣ медиҳӣ?»+
83 Охир, ман мисли машки дудхӯрда гаштаам,Аммо дастурҳои туро фаромӯш намесозам.+
84 Бандаат чанд рӯзи дигар интизор шавад?
Кай азобдиҳандагони маро доварӣ мекунӣ?+
85 Худбоварон, ки шариати туро вайрон мекунанд,Барои ман чоҳ мекананд.
86 Ҳама амрҳоят ҳақ асту рост,Одамон маро ноҳақ озор медиҳанд.
Ба ман мадад кун!+
87 Кам монда буд, ки маро аз рӯйи замин нест кунанд,Аммо ман аз риояи фармудаҳоят сар натофтам.
88 Маро аз сабаби меҳру вафоят зинда нигаҳ дор,То ёдовариҳоеро, ки аз даҳонат баромадаанд, риоя кунам.
ל [Ламед]
89 Эй Яҳува, каломи ту то абад мемонад,Он дар осмон пойдор мемонад.+
90 Вафои ту то абад аст.+
Ту заминро побарҷо кардаӣ ва он пойдор мемонад.+
91 Аз рӯйи ҳукмҳои ту онҳо* то ба имрӯз истодаанд,Зеро ҳамаи онҳо ба фармони туянд*.
92 Агар шариати ту бароям азиз намебуд,Аз ранҷу ғаме, ки бар сарам омада буд, нобуд мешудам.+
93 Фармудаҳоятро ҳеҷ гоҳ аз ёд намебарам,Зеро бо онҳо маро зинда нигаҳ доштӣ.+
94 Ман аз они туям, маро наҷот деҳ,+Зеро фармудаҳои туро ҷӯё шудам.+
95 Бадкорон аз пайи нест кардани мананд,Вале ман ба ёдовариҳои ту диққати бисёр мекунам.
96 Барои ҳар камоле заволе дидаам,Аммо амрҳои ту беҳадду каноранд.
מ [Мем]
97 Шариати туро чӣ сон дӯст медорам,+Рӯзи дароз дар бораи он меандешам*.+
98 Амри ту маро аз душманонам хирадманд месозад,+Зеро он ҳамеша бо ман аст.
99 Аз устодонам хирадмандтар шудам,+Зеро дар бораи ёдовариҳоят андеша мекунам*.
100 Аз пирон боақлтар шудаам,Зеро фармудаҳои туро ба ҷо меорам.
101 Аз роҳи каҷ ҳазар мекунам,+То каломи туро риоя намоям.
102 Аз ҳукмҳои ту сар намепечам,Зеро ту маро таълим додаӣ.
103 Чӣ ширин аст сухани ту барои комам!
Барои даҳонам аз асал ширинтар аст!+
104 Ба фармудаҳоят итоат карда бофаҳм шудаам,+Аз ин рӯ ҳар гуна роҳи каҷро бад мебинам.+
נ [Нун]
105 Каломи ту чароғ аст барои поямВа рӯшноист барои роҳам.+
106 Қасам хӯрдам ва онро ба ҷо меорам,Қасам хӯрдам, ки ҳукмҳои одилонаи туро риоя мекунам.
107 Ба азоби сахт гирифторам.+
Эй Яҳува, аз рӯйи ваъдаат маро зинда нигаҳ дор.+
108 Илтимос мекунам, эй Яҳува,Васфу ситоиши даҳонамро, ки чун ҳадияи ихтиёрӣ ба ту овардаам,Бо ризомандӣ қабул кун+Ва ҳукмҳои худро ба ман биомӯз.+
109 Доимо ҷон ба каф гирифта мегардам,Вале шариати туро фаромӯш накардаам.+
110 Бадкорон барои ман дом гузоштаанд,Аммо ман аз иҷрои фармудаҳоят сар напечидаам.+
111 Ёдовариҳои туро мероси абадии худ кардаам,Зеро онҳо хурсандии дили мананд.+
112 Азм кардам, ки дастурҳои туро ба ҷо меорам,Ҳамеша, то ба охир, иҷро мекунам.
ס [Самех]
113 Беҳавсалагонро* бад мебинам,+Вале шариати туро дӯст медорам.+
114 Ту сарпаноҳ ва сипари манӣ,+Ба сухани ту умед бастаам.+
115 Аз ман дур бошед, эй бадкорон,+То амрҳои Худоямро риоя кунам.
116 Ба ваъдаат вафо намо ва дастамро бигир,+То зинда бимонам.
Нагузор, ки умедам барбод равад.+
117 Маро ёварӣ намо, то наҷот ёбам.+
Он гоҳ ба дастурҳои ту ҳамеша назар медӯзам.+
118 Ту ҳар киро, ки аз иҷрои дастурҳоят сар мепечад, рад мекунӣ,+Зеро онҳо пур аз фиребу найранг ҳастанд.
119 Ҳама бадкорони заминро мисли олудагӣ нест мекунӣ.+
Аз ин рӯ ёдовариҳои туро дӯст медорам.
120 Аз ваҳми ту баданам меларзад.
Аз ҳукмҳои ту метарсам.
ע [Айин]
121 Инсоф ва адолатро пеша кардаам,Маро ба ситамгаронам таслим накун.
122 Ваъда бидеҳ, ки ба бандаат кумак мекунӣ.
Бигзор мағрурон бар ман ситам накунанд.
123 Чашмам ба раҳи наҷоти ту хаставу чор аст+Ва иҷро шудани ваъдаи одилонаатро мепояд.+
124 Ба бандаат меҳру вафо кун+Ва дастурҳоятро ба ман таълим бидеҳ.+
125 Ман бандаи туям, ба ман фаҳм бидеҳ,+То ёдовариҳои туро бидонам.
126 Вақти он аст, ки Яҳува амал кунад,+Зеро онҳо шариати туро вайрон кардаанд.
127 Аз ин рӯ амрҳои туро дӯст медорам,Онҳо бароям аз тилло, аз зари холис, беҳтаранд.+
128 Аз ин рӯ ҳама дастурҳоятро дуруст мешуморам+Ва аз ҳар роҳи каҷ нафрат дорам.+
פ [Пе]
129 Ёдовариҳои ту аҷоибанд,Аз ин рӯ онҳоро риоя мекунам.
130 Ошкор шудани суханҳоят равшанӣ меорад+Ва ба содагон фаҳм медиҳад.+
131 Даҳонамро бо ҳавасу армон мекушоям,Зеро ташнаи амрҳои туям.+
132 Ба ман рӯ ор ва лутф кун,+Чуноне ки барои дӯстдорони номат азм кардаӣ.+
133 Қадамҳои маро бо гуфтаҳоят устувор гардон,Нагзор, ки ҳеҷ бадие бар ман ҳукмрон шавад.+
134 Маро аз дасти ситамгарон халосӣ деҳВа ман фармудаҳои туро риоя хоҳам кард.
135 Нури рӯятро бар бандаат дурахшон соз+Ва дастурҳоятро ба ман таълим бидеҳ.
136 Оби дидаам шашқатор аст,Зеро одамон шариати туро риоя намекунанд.+
צ [Тсаде]
137 Ту росткорӣ, эй Яҳува,+Ҳукмҳоят ҳақ асту рост.+
138 Ёдовариҳои ту комилан ҳаққанду рост,Онҳо яксар одилонаанд.
139 Вуҷудамро рашку алам мехӯрад,+Зеро душманонам суханони туро фаромӯш кардаанд.
140 Сухани ту покизаву беолоиш аст+Ва бандаат онро дӯст медорад.+
141 Ман ночизам, дар назари дигарон шум шудаам,+Аммо фармудаҳои туро фаромӯш накардаам.
142 Адолати ту адолати ҷовидонист+Ва шариати ту ростист.+
143 Чӣ андуҳу сахтие, ки бар сарам наояд,Меҳри амрҳои ту аз дилам намеравад.
144 Адолати ёдовариҳои ту ҷовидонист.
Ба ман фаҳм ато кун,+ то зинда бимонам.
ק [Коф]
145 Бо тамоми дил сӯйи ту мехонам,Эй Яҳува, ба ман ҷавоб деҳ.
Дастурҳои туро риоя хоҳам кард.
146 Сӯйи ту мехонам, наҷотам деҳ!
Ёдовариҳои туро риоя хоҳам кард.
147 Пеш аз дамидани субҳ бедор будамВа аз ту зорӣ мекардам,+ зеро ба суханони ту умед мебандам.
148 Чашмонам пеш аз посҳои шаб кушода мешаванд,То дар бораи сухани ту андеша ронам*.+
149 Аз рӯйи меҳру вафоят ба овозам гӯш деҳ.+
Эй Яҳува, маро аз рӯйи адолатат зинда нигоҳ дор.
150 Касоне, ки ба беҳаёгӣ даст мезананд, ба ман наздик омадаанд,Онҳо аз шариати ту дур шудаанд.
151 Ту ба ман наздикӣ, эй Яҳува.+
Ҳама амрҳои ту ҳаққанду рост.+
152 Ёдовариҳоятро аз қадим медонам,Ту онҳоро ба сурати абадӣ муқаррар кардаӣ.+
ר [Реш]
153 Бар азобам назар кун ва маро халосӣ бахш,+Зеро шариати туро аз ёд набаровардаам.
154 Ба доди ман бирас ва маро наҷот деҳ.+
Аз рӯйи ваъдаат маро зинда нигаҳ дор.
155 Наҷот аз бадкорон дур аст,Зеро онҳо дастурҳои туро ҷӯё нестанд.+
156 Ту пур аз раҳмӣ, эй Яҳува.+
Маро аз рӯйи адолатат зинда нигаҳ дор.
157 Ҷафокорон ва душманонам бисёранд,+Аммо ман аз ёдовариҳои ту сар напечидаам.
158 Бар хоинон бо нафрат назар мекунам,Зеро онҳо гуфтаҳои туро ба ҷо намеоранд.+
159 Бубин, ки фармудаҳои туро чӣ қадар дӯст медорам!
Эй Яҳува, маро аз рӯйи меҳру вафоят зинда нигаҳ дор.+
160 Мағзи каломи ту ростист,+Ҳама ҳукмҳои одилонаат то абад пойдоранд.
ש [Син] ё [Шин]
161 Мирон бесабаб ба ман озор мерасонанд,+Вале дилам аз суханони ту ба ҳаяҷон меояд.+
162 Аз суханат шодӣ мекунам,+Мисли касе, ки ғанимати бузургеро меёбад.
163 Фиребро чашми дидан надорам, аз он нафрат дорам.+
Шариати туро дӯст медорам.+
164 Туро рӯзе ҳафт бор ситоиш мекунам,Зеро ҳукмҳои ту одилонаанд.
165 Дӯстдорони шариати ту осоиштагии бисёр доранд,+Ҳеҷ чиз онҳоро пешпо дода наметавонад*.
166 Ба наҷоти ту умед бастаам, эй Яҳува.
Амрҳои туро риоя мекунам.
167 Ёдовариҳоятро риоя мекунам,Онҳоро хеле дӯст медорам.+
168 Фармудаҳову ёдовариҳоятро ба ҷо меорам,Зеро ту аз ҳама рафторам бохабарӣ.+
ת [Тав]
169 Бигзор фиғонам сӯйи ту бирасад, эй Яҳува.+
Ба ман мувофиқи каломат фаҳм бубахш.+
170 Зории маро бишнав ва ба ман лутф кун.
Маро, ҳамон тавре ки ваъда додӣ, наҷот бубахш.
171 Бигзор лабонам саршори васфу ситоиш гарданд,+Зеро ту дастурҳоятро ба ман таълим медиҳӣ.
172 Бигзор забонам сухани туро бисарояд,+Зеро ҳама амрҳоят одилонаанд.
173 Бигзор дастат мададгори ман бошад,+Зеро итоат ба фармудаҳоятро интихоб кардаам.+
174 Эй Яҳува, орзуманди наҷоти туямВа ба шариатат меҳр дорам.+
175 Бигзор ҷонам зинда монад, то туро ситоиш кунам,+Бигзор ҳукмҳои ту ба ман мадад кунанд.
176 Мисли гӯсфанди гумшуда раҳгум задам.+
Бандаатро ҷустуҷӯ кун, зеро амрҳои туро фаромӯш накардаам.+
Поварақҳо
^ Ё «омӯзиш».
^ Ё «Бандаат дастурҳои туро меомӯзад».
^ Ё «То корҳои аҷоибатро биомӯзам».
^ Ё, эҳтимол, «маро дилпур мегардонӣ».
^ Ё, эҳтимол, «Ваъдаеро, ки ба тарсгоронат дода будӣ».
^ Ё «Ва дастурҳоятро меомӯзам».
^ Ё «фармудаҳоятро меомӯзам».
^ Яъне ҳама амали дастони Худо.
^ Ё «ғуломони туянд».
^ Ё «Рӯзи дароз онро меомӯзам».
^ Ё «ёдовариҳоятро меомӯзам».
^ Ё «Дудилагонро; Ҳардамхаёлонро».
^ Ё «То сухани туро биомӯзам».
^ Ё «ба онҳо монеъ шуда наметавонад».