Забур 91:1-16
91 Ҳар кӣ дар ниҳонгоҳи Худои Таолост,+Дар сояи Худои Тавоно* паноҳ меёбад.+
2 Ман ба Яҳува мегӯям: «Ту паноҳгоҳ ва қалъаи манӣ,+Худои ман, ки ба ӯ такя мекунам».+
3 Ӯ туро аз доми сайёди парандаҳо раҳо мекунад,Ва аз дасти вабои ҳалокатовар халосӣ медиҳад.
4 Бо парҳои худ туро мепӯшонад,Ва зери болҳояш паноҳ меёбӣ.+
Вафояш+ бароят сипари калон+ ва ҳисор мегардад.
5 Ту на аз даҳшатҳои шаб хоҳӣ тарсид,+На аз тир, ки рӯзона мепарад,+
6 На аз вабое, ки дар торикӣ роҳ меравад,Ва на аз офате, ки дар нимирӯзӣ нобуд мекунад.
7 Ҳазор нафар дар паҳлуят хоҳад афтидВа даҳ ҳазор аз дасти ростат,Вале ба ту зараре намерасад.+
8 Ту фақат истода, нигоҳ мекунӣ,Вақте ки шоҳиди ҷазои бадкорон шавӣ,
9 Зеро ту гуфтаӣ: «Яҳува паноҳгоҳи ман аст»,Ту Худои Таолоро сарпаноҳи* худ гардондаӣ.+
10 Ҳеҷ балое ба сарат намеояд+Ва ҳеҷ вабое ба хаймаат наздик намешавад,
11 Зеро ӯ дар бораи ту ба фариштагонаш+ амр медиҳад,Ки туро дар ҳамаи роҳҳоят нигаҳбонӣ кунанд.+
12 Онҳо туро рӯйи дастонашон мебардоранд,+То поят ба санге назанад.+
13 Шери ҷавон ва куброро зери по мекунӣ,Шери ёлдор ва мори калонро поймол менамоӣ.+
14 Худо гуфтааст: «Азбаски маро дӯст медорад*, ӯро раҳо мекунам+
Ва, барои он ки номи маро медонад*, ӯро ҳимоя менамоям.+
15 Ӯ маро хоҳад хонд ва ман ҷавоб хоҳам дод.+
Дар вақти тангӣ бо ӯ хоҳам буд,+Ӯро наҷот дода, ҷалол хоҳам дод.
16 Ӯро бо умри дароз сер хоҳам кард+Ва корҳои наҷотбахшамро ба ӯ нишон хоҳам дод».+
Поварақҳо
^ Ё «Абарқудрат».
^ Ё, эҳтимол, «қалъаи; паноҳгоҳи».
^ Дар матни асл «ба ман пайвастааст».
^ Ё «эътироф мекунад».