Ишаъё 25:1-12
25 Эй Яҳува, ту Худои ман ҳастӣ.
Туро болобардор мекунам, номи туро ситоиш менамоям,Зеро аз рӯйи вафову+ ростқавлӣКорҳои аҷоиб кардаӣ,+Корҳоеро, ки аз қадим карданӣ будӣ.+
2 Ту шаҳрро ба сангтӯдае,Шаҳри ҳисордорро ба харобазоре табдил додаӣ.
Қалъаи бегона дигар шаҳр нест,Он ҳаргиз аз нав бино намешавад.
3 Аз ин рӯ мардуми пурзӯр туро ҷалол хоҳад дод,Шаҳри халқҳои ситамгар аз ту тарсон хоҳад шуд.+
4 Ту қалъае барои бечора,Қалъае барои камбағал дар азобҳояш,+Паноҳгоҳе аз борони селВа сояе аз гармо шудаӣ.+
Нафаси золимон мисли борони селест, ки бар девор фурӯ мерезад,
5 Мисли гармоест дар замини хушк,Вале ту талотуми бегонагонро фурӯ менишонӣ.
Чуноне ки гармо аз сояи абр паст мешавад,Ончунон суруди золимон хомӯш мешавад.
6 Яҳува, Худои лашкарҳо, бар ин кӯҳ+ барои ҳамаи халқҳоАз хӯрокиҳои серравған,+Аз шароби куҳна*,Аз хӯрданиҳои равғанини пур аз мағзи устухон,Аз шароби куҳнаи полуда базме меорояд.
7 Ӯ аз ин кӯҳ пардаеро, ки ҳамаи қавмҳоро печонидааст,Ва рӯпӯшеро, ки ҳамаи халқҳоро пӯшонидааст, дур месозад.
8 Ӯ маргро абадан нест мекунад*,+Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад,+Шармандагии халқашро дар саросари замин пок месозад,Зеро худи Яҳува чунин гуфтааст.
9 Дар он рӯз онҳо мегӯянд:
«Ана, Худои мо!+
Мо ба ӯ умед бастем+Ва ӯ моро наҷот медиҳад.+
Ин аст Яҳува!
Мо ба ӯ умед бастаем.
Биёед аз наҷоте, ки ӯ мебахшад, шодию хурсандӣ кунем»,+
10 Зеро дасти Яҳува бар ин кӯҳ қарор мегирад+Ва Мӯоб дар ҷояш поймол мешавад,+Чуноне ки коҳро ба саргин андохта, поймол мекунанд.
11 Ӯ дастонашро дароз карда Мӯобро шапалоқ мезанад,Чуноне ки шиновар бо дастонаш обро зада шино мекунад,Ва ҳавобаландии+ онроБо чобукии дастонаш паст мекунад.
12 Ӯ шаҳри мустаҳкамро бо ҳисорҳои баландат валангор мекунад,Онро зарба зада, ба замин, ба хок, яксон месозад.