Ишаъё 30:1-33
30 «Вой бар писарони якрав,+— мегӯяд Яҳува,—Зеро онҳо нақшаҳои маро неву нақшаҳои худро ба ҷо меоранд.+
Онҳо паймон мебанданд*, вале на мувофиқи рӯҳи ман,То ба гуноҳи худ гуноҳ зам кунанд.
2 Онҳо бе маслиҳати ман+ ба Миср+ мераванд,То зери ҳимояи* фиръавн паноҳ ёбандВа дар сояи Миср пинҳон шаванд.
3 Вале ҳимояи фиръавн шармандагии шумо мешавадВа дар сояи Миср паноҳ бурдан — сархамии шумо.+
4 Мирони ӯ дар Сӯананд+Ва фиристодагонаш ба Ҳонис расидаанд.
5 Ба сабаби халқе, ки аз он фоидае нест,Ҳамаи онҳо шарманда мешаванд,Зеро он на кумаку фоида,Балки фақат шармандагию беобрӯӣ меорад».+
6 Паём бар зидди ҳайвонҳои ҷануб:
Онҳо аз замини тангиву душворӣ,Аз замини шер, шери ғуррон,Мори афъӣ ва мори паррони оташафшон* гузашта,Бар пушти харон сарвати худроВа бар кӯҳони шутурон захираи худро меоранд,Аммо аз ин чизҳо ба халқ фоидае нахоҳад буд.
7 Аз ёрдами Миср ягон фоидае нест,+Аз ин рӯ ман ӯро «Роҳоби+ бекорнишин» номидам.
8 «Пас, бирав ва дар пеши онҳо инро дар лавҳае бинависВа дар китобе қайд кун,+То барои рӯзҳои ояндаШаҳодати доимӣ бошад.+
9 Онҳо халқи исёнкор,+ писарони фиребанд,+Писароне, ки шариати* Яҳуваро шунидан намехоҳанд.+
10 Онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: “Ғайбдонӣ накунед”Ва ба пешбинон мегӯянд: “Ҳақиқатро пешгӯйӣ накунед.+
Ба мо суханони форам гӯед, рӯъёҳои фиребанда бинед.+
11 Аз роҳатон гардед, аз пайраҳаатон дур шавед.
Ба мо дар бораи Худои Поки Исроил гап назанед”».+
12 Бинобар ин Худои Поки Исроил чунин мегӯяд:
«Азбаски шумо ин каломро рад кардед,+Ба дурӯғу фиреб такя намудедВа ба он таваккал кардед,+
13 Ин гуноҳи шумо бароятон чун девори шикаста,Чун девори баланди кафидае мешавад, ки ба ғалтидан қариб аст.
Он ногаҳон, дар як лаҳза чаппа мешавад.
14 Он мисли кӯзаи калони кӯзагар шикаста мешавад,Тика-тика мешавад ва ягон сафолпорае намемонад,Ки бо он аз оташдон оташ ё аз кӯлмак* об бигиред».
15 Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои Поки Исроил, чунин гуфт:
«Сӯйи ман баргардед ва ором гиред, то наҷот ёбед.
Ором бошед ва ба ман таваккал кунед,+Он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед».
Аммо шумо нахостед.+
16 Ба ҷойи ин шумо гуфтед: «Не, мо бар аспҳо нишаста, мегурезем!»
Пас, хоҳед гурехт.
«Бар аспҳои тезпо савор мешавем!»+
Пас, дунболагиронатон тезпо хоҳанд буд.+
17 Ҳазор нафар аз тарси як нафар дарақ-дарақ меларзанд,+Шумо аз тарси панҷ нафар рӯ ба гурез меоред,То даме ки бақияатон мисли ходаи танҳое бар қуллаи кӯҳ,Мисли яккасутуни* сари теппа, шавад.+
18 Вале Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд,+Ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад,+Зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст.+
Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд*.+
19 Вақте мардум дар Сион, дар Ерусалим, сокин шавад,+ ту дигар гиря намекунӣ.+ Вақте мадад талабӣ, ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад. Ҳамин ки овозат ба гӯшаш расад, ба ту ҷавоб медиҳад.+
20 Ҳарчанд Яҳува ба шумо нони азоб ва оби ситам диҳад,+ Омӯзгори бузургатон+ дигар аз шумо пинҳон намешавад ва шумо ӯро бо чашми худ мебинед.
21 Агар аз роҳ ба тарафи рост ё чап дур шавед,+ аз қафои худ хоҳед шунид: «Роҳ ин аст.+ Бо он биравед».
22 Шумо нуқраеро, ки бо он бутҳоятон рӯпӯш шудааст, ва тунукаҳои тиллоии ҳайкалҳои рехтаатонро нопок месозед.+ Шумо онҳоро мисли латтаи ҳаром* як сӯ партофта, мегӯед: «Аз назарам гум шав!»*+
23 Ӯ барои тухмие, ки дар заминат мекорӣ, борон медиҳад+ ва ҳосили ғаллаи заминат фаровону ширадор мешавад.+ Дар он рӯз чорвои ту дар чарогоҳҳои васеъ мечарад.+
24 Говону хароне, ки дар замин кор мекунанд, бедаи шилхадоре мехӯранд, ки бо белу шоха бод дода шудааст.
25 Дар рӯзи куштори азим, вақте бурҷҳо* фурӯ ғалтанд, бар ҳар кӯҳ ва теппаи баланд ҷӯйҳо ва рӯдҳо ҷорӣ мешаванд.+
26 Дар рӯзе ки Яҳува шикастаҳои халқашро бандад+ ва захмҳои чуқуреро, ки аз зарбаҳои ӯ гирифтааст, шифо диҳад,+ равшании моҳи пурра мисли равшании офтоб ва равшании офтоб ҳафтчандон, мисли равшании ҳафт рӯз, мешавад.+
27 Ана, Яҳува* аз дурдастБо оташи ғазаби ӯ ва абрҳои ғафс меояд.
Лабҳои ӯ пур аз хашмВа забонаш мисли оташи сӯзон аст.+
28 Рӯҳи* ӯ мисли селобест, ки то ба гардан мерасад,То халқҳоро аз ғалбери нобудӣ* гузаронад.
Ӯ ба даҳони халқҳо лаҷоми гумроҳӣ мезанад.+
29 Аммо суруди ту мисли суруди шабонае хоҳад буд,Ки ҳангоми ба ид тайёрӣ дидан* месароӣ+Ва дилат мисли найнавозе, ки*Ба кӯҳи Яҳува — Сахраи Исроил,+ мебарояд, шодӣ хоҳад кард.
30 Яҳува бо алангаи оташи сӯзон,+Бо борони сел,+ тӯфон ва жолаи сангин+Овози пуршукӯҳи+ худро мешунавонадВа дасти худро+ ҳангоми бо ғазаб зарба задан+ маълум месозад.
31 Ошур аз овози Яҳува ба ҳарос меафтад,+Ӯ онро бо калтак зарба мезанад.+
32 Вақте ки Яҳува дар ҷанг ба онҳо даст бардорад,+Ҳар боре ки ӯ Ошурро бо калтаки ҷазо зарба занад,Дафу+ чанг садо медиҳад.
33 Тӯфети*+ ӯ аллакай тайёр аст,Он барои подшоҳ низ омода аст.+
Ҷое ки ӯ ҳезум чидааст, чуқуру фарох астуАлову ҳезуми бисёр дорад.
Дами Яҳува чун сели кибрит* онро оташ мезанад.
Поварақҳо
^ Дар матни асл «ҳадияи рехтанӣ меоранд», ки, эҳтимол, нишонаи аҳд бастан аст.
^ Дар матни асл «қалъаи».
^ Ё «заҳрнок».
^ Ё «дастури».
^ Ё, эҳтимол, «обанбор».
^ Ё «парчами».
^ Ё «ӯро бесаброна интизор мешаванд».
^ Ё «либосест, ки аз хунравии одатии зан доғдор шудааст».
^ Ё, эҳтимол, «як сӯ партофта, онҳоро ҳаром меномед».
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Дар матни асл «номи Яҳува».
^ Дар матни асл «корношоямӣ».
^ Ё «Дами».
^ Ё «пок кардани худ барои ид».
^ Ё «касе, ки бо садои най».
^ Ин ҷо ба маънои ҷойи сӯзондан омада, несту нобуд карданро ифода менамояд.
^ Ё «сулфур».