Матто 13:1-58

  • МИСОЛҲО ДАР БОРАИ ПОДШОҲИИ ХУДО (1–52)

    • Коранда ва замини гуногун (1–9)

    • Барои чӣ Исо бо мисолҳо гап мезанад? (10–17)

    • Маънои мисоли коранда (18–23)

    • Гандум ва алафи бегона (24–30)

    • Донаи хардал; хамиртуруш (31–33)

    • Исо бе мисол гап намезад (34, 35)

    • Маънои мисоли гандум ва алафи бегона (36–43)

    • Ганҷи ниҳон; марвориди қиматбаҳо (44–46)

    • Тӯри моҳигирӣ (47–50)

    • Ганҷинаи чизҳои наву куҳна (51, 52)

  • Исоро дар кишвараш қадр намекунанд (53–58)

13  Он рӯз Исо аз хона баромада, дар лаби баҳр нишаст.  Азбаски дар назди ӯ мардуми зиёде ҷамъ шуд, ӯ ба қаиқ савор шуд, тамоми мардум бошад, дар соҳил монд.+  Сипас ӯ ба онҳо мисол+ оварда чизҳои бисёреро нақл кард: «Деҳқоне барои кишт кардан баромад.+  Вақте ки ӯ тухмӣ мепошид, як қисмаш ба канори роҳ афтод ва парандаҳо омада, он донаҳоро хӯрданд.+  Баъзе донаҳо ба замини санглоху камхок афтоданд ва, азбаски хоки замин кам буд, зуд сабзиданд.+  Лекин, ҳамин ки офтоб баромад, пажмурда гашта, хушк шуданд, зеро чуқур реша надавонда буданд.  Қисми дигаре дар байни хорҳо афтод ва хорҳо қад кашида, майсаи навсабзидаро пахш карданд.+  Лекин баъзеи дигар ба замини ҳосилхез афтода, ҳосил доданд — қисме 100 баробар, қисме 60 ва қисме 30.+  Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад».+ 10  Баъди ин шогирдон назди ӯ омада, пурсиданд: «Барои чӣ ту бо онҳо бо мисолҳо гап мезанӣ?»+ 11  Ӯ ба онҳо гуфт: «Ба шумо фаҳмидани сирру асрори муқаддаси Подшоҳии осмон ато шудааст,+ ба онҳо бошад, не. 12  Ҳар кӣ дорад, ба вай бисёртар дода мешавад ва вай ба фаровонӣ хоҳад дошт, аммо ҳар кӣ надорад, ҳатто чизи доштааш аз вай гирифта мешавад.+ 13  Барои ҳамин ман ба онҳо бо мисолҳо гап мезанам, зеро онҳо нигоҳ мекунанду намебинанд, мешунаванду чизе ба гӯшашон намедарояд ва ба маънои суханон сарфаҳм намераванд.+ 14  Дар мавриди онҳо пешгӯйии пайғамбар Ишаъё иҷро мешавад, ки гуфтааст: “Шумо хоҳед шунид, вале сарфаҳм нахоҳед рафт, нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид.+ 15  Дили ин мардум сахт ва гӯшашон вазнин шудааст. Онҳо чашмони худро пӯшидаанд, то ҳеҷ гоҳ бо чашмонашон набинанд, бо гӯшҳояшон нашунаванд, то гапам ба дилашон таъсир накунад ва сӯйи ман барнагарданду аз ман шифо наёбанд”.+ 16  Аммо шумо хушбахтед, чунки чашмонатон мебинанд ва гӯшҳоятон мешунаванд.+ 17  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: бисёр пайғамбарон ва росткорон дидани чизҳоеро, ки шумо мебинед, орзу мекарданд, вале надиданд+ ва чизҳоеро, ки шумо мешунавед, шунидан мехостанд, вале нашуниданд. 18  Пас, маънои мисоли корандаро бишнавед:+ 19  ба канори роҳ афтодани тухмӣ монанди он аст, ки кас каломро дар бораи Подшоҳӣ мешунаваду ба мазмуни он сарфаҳм намеравад ва Иблис*+ омада, он чиро, ки дар дилаш кошта шудааст, дуздида мебарад.+ 20  Ба замини санглох афтодани тухмӣ бошад, монанди он аст, ки кас каломро мешунавад ва дарҳол онро бо хурсандӣ қабул мекунад.+ 21  Аммо, азбаски решаи чуқур надорад, муддати зиёд устувор намемонад ва, ҳамин ки аз барои каломи Подшоҳӣ ранҷу озор бинад, дарҳол боварияшро ба калом гум мекунад*. 22  Ба миёни хорҳо афтодани тухмӣ монанди он аст, ки кас каломро мешунавад, аммо ташвишҳои зиндагӣ*+ ва пулу моли фиребанда каломро пахш мекунанд ва он бесамар мегардад.+ 23  Ба хоки нағз афтодани тухмӣ монанди он аст, ки кас каломро мешунаваду ба мазмуни он сарфаҳм меравад ва чунин одамон самар ҳам меоранд — яке 100 баробар, дигаре 60 ва сеюмин 30».+ 24  Исо ба онҳо мисоли дигаре оварда гуфт: «Подшоҳии осмон ба марде монанд аст, ки дар киштзораш тухмии хуб коштааст. 25  Вақте ки ҳама хоб буданд, душман омада, дар миёни гандум тухми алафи бегонаро* пошиду рафт. 26  Вақте гандум сабзид ва хӯша баст, алафи бегона низ маълум шуд. 27  Ғуломони соҳиби хона омада, ба ӯ гуфтанд: “Хӯҷаин, магар ту дар киштзорат тухмии хуб накошта будӣ? Пас, алафи бегона аз куҷо пайдо шуд?” 28  Ӯ ба онҳо гуфт: “Ин корро душман кардааст”.+ Ғуломон ба ӯ гуфтанд: “Оё мехоҳӣ рафта, онҳоро канда партоем?” 29  Ӯ гуфт: “Не, мабодо дар вақти канда гирифтани алафи бегона гандумро ҳам бо решааш канда партоед. 30  Бигзор то вақти дарав ҳар дуяш сабзидан гирад ва дар мавсими дарав ман ба даравгарон мегӯям: “Аввал алафи бегонаро ҷамъ ореду барои сӯзонидан банд-банд кунед ва баъд аз ин гандумро дар анбори ман захира намоед”».+ 31  Ӯ боз мисоле оварда гуфт: «Подшоҳии осмон монанди донаи хардалест*, ки касе онро гирифта, дар киштзори худ шинонд.+ 32  Гарчанд он аз ҳама тухмиҳо майдатар аст, пас аз нашъунамо ёфтан аз дигар растаниҳои хӯрданӣ калонтар шуда, дарахте мешавад, ба тавре ки парандаҳои осмон омада, дар шохаҳояш лона мегузоранд». 33  Исо ҳамчунин ба онҳо мисоли дигаре овард: «Подшоҳии осмон монанди хамиртурушест, ки зане онро гирифта, бо орди бисёр* хамир кард ва он тамоми хамирро расонд».+ 34  Ҳамаи инро Исо ба мардум бо мисолҳо мегуфт ва ба онҳо бе мисол гап намезад,+ 35  то сухане, ки ба воситаи пайғамбар гуфта шудааст, иҷро шавад: «Даҳони худро кушода бо мисолҳо сухан мегӯям, он чиро, ки аз аввал* пинҳон аст, эълон мекунам».+ 36  Исо мардумро ҷавоб дода, ба хона даромад ва шогирдонаш назди ӯ омада, гуфтанд: «Ба мо мисоли алафҳои бегонаи киштзорро фаҳмон». 37  Ӯ ба онҳо гуфт: «Корандаи тухмии хуб Фарзанди одам аст, 38  киштзор ҷаҳон аст,+ тухмии хуб писарони Подшоҳиянд, алафҳои бегона бошанд, писарони Иблис мебошанд+ 39  ва душмане, ки онҳоро корид, Иблис аст. Вақти дарав охирзамон* аст, даравгарон бошанд, фариштагонанд. 40  Чи тавре ки алафҳои бегонаро ҷамъ карда, дар оташ месӯзонанд, дар охирзамон низ ҳамон тавр мешавад.+ 41  Фарзанди одам фариштагони худро мефиристад ва онҳо аз Подшоҳии ӯ ҳамаи касонеро*, ки дигаронро пешпо медиҳанд ва ба корҳои бад даст мезананд, ҷамъ карда, 42  ба оташдони алангадор мепартоянд+ ва онҳо дар он ҷо гиря мекунанду дандон мехоянд. 43  Он вақт росткорон дар Подшоҳии Падарашон мисли офтоб медурахшанд.+ Ҳар кӣ гӯши шунаво дорад, бигзор гӯш диҳад. 44  Подшоҳии осмон мисли ганҷест, ки дар саҳро ниҳон аст. Марде онро ёфта, боз пинҳон мекунад ва аз хурсандӣ рафта, тамоми чизу чораашро мефурӯшаду он саҳроро мехарад.+ 45  Ҳамчунин Подшоҳии осмон ба савдогаре монанд аст, ки марворидҳои қиматбаҳоро ҷустуҷӯ мекунад. 46  Вақте ки ӯ як марвориди пурарзише меёбад, дарҳол рафта, тамоми чизу чораашро мефурӯшад ва он марворидро мехарад.+ 47  Подшоҳии осмон ба тӯре монанд аст, ки ба баҳр андохта мешавад ва ба он ҳар хел моҳиҳо медароянд. 48  Вақте ки тӯр пур мешавад, онро ба соҳил кашида мебароранд ва нишаста, аз дарунаш моҳиҳои хубро+ ҷудо мекунанду ба зарфҳо меандозанд, вале моҳиҳои гандаро+ мепартоянд. 49  Дар охирзамон низ чунин мешавад: фариштагон меоянд ва бадкоронро аз росткорон ҷудо карда, 50  ба оташдони алангадор мепартоянд. Онҳо дар он ҷо гиря мекунанду дандон мехоянд. 51  Оё шумо мазмуни ҳамаи ин суханонро фаҳмидед?» Онҳо гуфтанд: «Ҳа, фаҳмидем». 52  Он гоҳ ӯ ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, бидонед: ҳар омӯзгоре, ки дар бораи Подшоҳии осмон таълим гирифтааст, мисли соҳибхонаест, ки аз ганҷинааш чизҳои наву куҳнаро мебарорад». 53  Вақте Исо гуфтани мисолҳоро тамом кард, аз он ҷо рафт. 54  Ӯ ба маҳалли худ омада,+ дар ибодатхона таълим додани мардумро сар кард. Онҳо ҳайрон шуда гуфтанд: «Ӯ ин хираду қудрати муъҷизакориро аз куҷо гирифтааст?+ 55  Магар ӯ писари дуредгар нест?+ Оё номи модараш Марям ва номи бародаронаш Яъқуб, Юсуф, Шимъӯн ва Яҳудо нест?+ 56  Магар ҳамаи хоҳаронаш бо мо дар ин ҷо зиндагӣ намекунанд? Пас, ӯ ҳамаи ин хираду қудратро аз куҷо ёфтааст?»+ 57  Ҳамин тавр, онҳо ба ӯ имон наоварданд*.+ Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар ҳама ҷо қадр дораду дар кишвари худ ва хонаи худ не».+ 58  Аз сабаби беимонии мардум ӯ дар он ҷо муъҷизаҳои бисёр нишон надод.

Поварақҳо

Дар матни асл «бадкор».
Дар матни асл «пешпо мехӯрад».
Ё «ин замона». Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».
Ин ҷо як навъ алафи бегонаи заҳрдоре, ки ба гандум монанд аст, дар назар аст.
Хардал — тухмии хурде, ки дар Фаластин вомехӯрад. Он сабзида, тақрибан то 4 м қад кашида метавонад ва чун дарахт шохаҳо мебарорад.
Дар матни асл «се сео орд». Ё «се ченаки калони орд», ки тақрибан ба 10 кг баробар буд. Ниг. ба Замимаи Б14.
Ё, эҳтимол, «аз бунёди олам».
Охирзамон — ниг. ба луғат.
Дар матни асл «чизҳоеро».
Дар матни асл «аз барои ӯ пешпо хӯрданд».