Матто 15:1-39

  • Исо урфу одатҳои одамиро танқид мекунад (1–9)

  • Чизҳои нопок аз дил мебароянд (10–20)

  • Имони зани финиқӣ (21–28)

  • Исо беморони зиёдеро шифо медиҳад (29–31)

  • Исо 4000 мардро сер мекунад (32–39)

15  Он вақт фарисиён ва шариатдонон, ки аз Ерусалим назди Исо омада буданд,+ ба ӯ гуфтанд:  «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро поймол мекунанд? Масалан, онҳо пеш аз хӯрок даст намешӯянд*».+  Исо дар ҷавоб гуфт: «Чаро худи шумо баҳри урфу одатҳоятон амрҳои Худоро поймол мекунед?+  Масалан, Худо гуфтааст: “Падару модаратро иззат кун”+ ва “Ҳар кӣ падар ё модарашро дашном диҳад*, бояд кушта шавад”.+  Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модараш гӯяд, ки “он чизе, ки дорам, ба Худо бахшидаам, барои ҳамин шуморо дастгирӣ карда наметавонам”,+  ба вай зарур нест, ки падарашро иззат кунад”. Ҳамин тавр шумо баҳри урфу одатҳоятон суханони Худоро поймол мекунед.+  Эй дурӯяҳо, рост гуфта буд пайғамбар Ишаъё, вақте дар бораи шумо пешгӯйӣ кард:+  “Ин мардум бо забонашон маро иззат мекунанд, вале дилашон аз ман дур аст.  Онҳо беҳуда маро мепарастанд, зеро таълимашон дар асоси амрҳои одамист”».+ 10  Баъд Исо мардумро наздаш даъват намуда, чунин гуфт: «Гӯш диҳед ва ба ин суханон сарфаҳм равед:+ 11  на он чӣ ба даҳон медарояд, одамро нопок месозад, балки он чӣ аз даҳон берун меояд».+ 12  Он гоҳ шогирдон назди ӯ омада, гуфтанд: «Оё медонӣ, ки фарисиён аз суханонат ба хашм омаданд*+ 13  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ҳар ниҳоле, ки Падари осмониям нашинондааст, решакан мешавад. 14  Ба онҳо аҳамият надиҳед. Онҳо роҳнамоёни кӯранд. Агар як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон диҳад, ҳар ду ба чоҳ меафтанд».+ 15  Пас аз ин Петрус ба ӯ гуфт: «Он мисолро ба мо бифаҳмон». 16  Исо гуфт: «Магар шумо ҳам то ҳол сарфаҳм нарафтаед?+ 17  Оё намедонед, ки ҳар он чӣ ба даҳон медарояд, ба шикам меравад ва аз он берун мешавад? 18  Лекин он чӣ аз даҳон мебарояд, аз дил берун меояд ва он чизҳо одамро нопок мегардонанд.+ 19  Масалан, аз дил фикрҳои бад,+ одамкушӣ, хиёнати ҳамсарӣ, зино*, дуздӣ, шоҳидии бардурӯғ ва куфр берун меояд. 20  Ҳамаи ин чизҳо одамро нопок мекунанд, аммо бо дасти ношуста* хӯрок хӯрдан касро нопок намесозад». 21  Исо аз он ҷо баромада, ба тарафи Сӯру Сидӯн рафт.+ 22  Он вақт зане, ки аз он сарзамин, яъне аз Финиқия буд, ба наздаш омад ва фарёд зада гуфт: «Эй Ҳазрат, Писари Довуд, ба ман раҳм кун! Духтарам дар банди дев аст ва сахт азоб мекашад».+ 23  Лекин Исо ба вай чизе ҷавоб надод. Он гоҳ шогирдон наздаш омада, гуфтанд: «Ба он зан бигӯ, ки равад, зеро вай аз паси мо фарёд зада истодааст». 24  Исо гуфт: «Ман фақат назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил фиристода шудаам».+ 25  Аммо зан наздик омад ва таъзим карда, гуфт: «Ҳазратам, ба ман ёрдам кун!» 26  Исо бошад, гуфт: «Нони фарзандонро гирифта, пеши сагчаҳо партофтан хуб нест». 27  Зан ба ӯ гуфт: «Рост мегӯӣ, Ҳазратам, аммо сагчаҳо ҳам нонрезаҳои аз дастархони соҳибашон афтодаро мехӯранд».+ 28  Исо инро шунида ба вай гуфт: «Эй зан, имонат бузург аст, бигзор хостат иҷро шавад». Ҳамон лаҳза духтари вай шифо ёфт. 29  Исо аз он ҷо рафта, назди баҳри Ҷалил+ омад ва ба кӯҳ баромада, нишаст. 30  Он вақт назди ӯ мардуми бисёре омаданд ва ҳамроҳи худ лангон, маъюбон, кӯрон, гунгон ва бисёр беморони дигарро оварда, дар пеши пояш гузоштанд ва Исо онҳоро шифо дод.+ 31  Вақте мардум диданд, ки гунгон гап мезананд, маъюбон шифо меёбанд, лангон роҳ мегарданд ва кӯрон бино мешаванд, дар ҳайрат монданд ва Худои Исроилро васфу ситоиш карданд.+ 32  Исо шогирдонашро назди худ хонда, гуфт: «Дилам ба мардум месӯзад,+ зеро се рӯз мешавад, ки дар ин ҷо бо мананд ва чизе барои хӯрдан надоранд. Онҳоро гушна ҷавоб додан намехоҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол раванд».+ 33  Аммо шогирдонаш ба ӯ гуфтанд: «Дар ин ҷойи беодам барои сер кардани ин қадар мардум аз куҷо нон ёбем?»+ 34  Исо ба онҳо гуфт: «Шумо чандто нон доред?» Онҳо гуфтанд: «Ҳафт нон ва якчанд моҳии хурд». 35  Он гоҳ Исо ба мардум фармуд, ки дар рӯйи замин шинанд 36  ва худ ҳафт нон ва моҳиҳоро гирифта, шукргузорӣ кард ва шикасту ба шогирдонаш дод, шогирдон бошанд, онҳоро ба мардум тақсим карданд.+ 37  Ҳама хӯрданду сер шуданд ва аз пораҳои боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд.+ 38  Хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, 4000 нафар буданд. 39  Баъд Исо мардумро ҷавоб дода, ба қаиқ нишаст ва ба сарзамини Маҷдал омад.+

Поварақҳо

Ин ҷо мувофиқи расму русум пок шудан дар назар аст.
Ё «паст занад».
Дар матни асл «пешпо хӯрданд».
Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Ин ҷо мувофиқи расму русум пок шудан дар назар аст.