Матто 19:1-30

  • Оиладорӣ ва талоқ (1–9)

  • Атои муҷаррадӣ (10–12)

  • Исо кӯдаконро баракат медиҳад (13–15)

  • Ҷавони бой аз Исо пурсон мешавад (16–24)

  • Фидокориҳо ба хотири Подшоҳии Худо (25–30)

19  Пас аз гуфтани ин суханон Исо аз Ҷалил рафта, ба маҳалҳои тарафи дигари Урдун, ки бо Яҳудия ҳамсарҳад буданд, омад.+  Мардуми бисёре аз пайи Исо равона шуданд ва ӯ дар он ҷо онҳоро шифо дод.  Он вақт фарисиён назди Исо омаданд ва ӯро озмуданӣ шуда пурсиданд: «Оё равост, ки мард бо ҳар сабаб аз занаш ҷудо шавад?»+  Исо дар ҷавоб гуфт: «Оё нахондаед, ки Офаридгор дар аввал онҳоро марду зан офарид?+  Ӯ гуфт: “Аз ин сабаб мард падару модари худро монда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд”.+  Бинобар ин онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд. Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад».+  Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Набошад барои чӣ пайғамбар Мӯсо гуфтааст, ки мард метавонад ба занаш талоқнома дода, аз вай ҷудо шавад?»+  Исо ба онҳо гуфт: «Мӯсо аз сабаби дилсахтиятон ба шумо иҷозат додааст, ки аз зани худ ҷудо шавед,+ лекин дар аввал ин тавр набуд.+  Аммо ман ба шумо мегӯям: ҳар кӣ аз зани худ ғайр аз сабаби зино* ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад».+ 10  Шогирдон ба ӯ гуфтанд: «Ин хел ки бошад, оиладор нашудан беҳтар аст». 11  Исо гуфт: «На ҳама ин тавр карда метавонанд, балки танҳо касоне, ки чунин аторо соҳибанд.+ 12  Баъзеҳо аз он сабаб оиладор намешаванд, ки аз шиками модар бо нуқсон таваллуд шудаанд, дигарон бошанд, аз сабаби он ки аз дасти одамон нуқсондор шудаанд, вале касоне ҳастанд, ки ба хотири Подшоҳии осмон аз хонадор шудан даст мекашанд. Ҳар кӣ ин тавр карда тавонад, бигзор кунад».+ 13  Баъд одамон назди Исо кӯдаконро оварданд, то ӯ бар онҳо даст гузошта, дар ҳаққашон дуо гӯяд, аммо шогирдон онҳоро ҷанг карданд.+ 14  Исо бошад, гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди ман биёянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро касоне, ки мисли ин кӯдакон бошанд, Подшоҳии осмонро соҳиб мешаванд».+ 15  Ӯ бар онҳо даст гузошт ва аз он ҷо рафт. 16  Пас аз он ба назди Исо як ҷавоне омада, гуфт: «Устод, чӣ кори нек кунам, то ҳаёти ҷовидониро ба даст орам?»+ 17  Исо ба вай гуфт: «Барои чӣ дар бораи некӣ аз ман мепурсӣ? Танҳо Яке некуст.+ Лекин, агар соҳиби ҳаёт шудан хоҳӣ, амрҳоро доимо риоя кун».+ 18  Вай аз Исо пурсид: «Кадом амрҳоро?» Исо ҷавоб дод: «Одам накуш,+ ба ҳамсарат хиёнат накун,+ дуздӣ накун,+ шоҳидии дурӯғ надеҳ,+ 19  падару модаратро иззат кун+ ва ёри худро мисли худ дӯст дор».+ 20  Ҷавон ба Исо гуфт: «Ман ҳамаи ин амрҳоро риоя мекунам. Ғайр аз ҳамаи ин боз чӣ карданам лозим аст?» 21  Исо ба ӯ гуфт: «Агар комил будан хоҳӣ, рафта, тамоми чизу чораатро бифурӯш ва ба камбағалон тақсим кун, то дар осмон соҳиби ганҷ шавӣ.+ Пас аз ин омада, маро пайравӣ кун».+ 22  Вақте он ҷавон суханони Исоро шунид, ғамгин шуда аз пешаш рафт, чунки молу мулки бисёре дошт.+ 23  Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба одами бой ба Подшоҳии осмон даромадан душвор мешавад.+ 24  Боз ба шумо мегӯям: аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст, аз он ки одами бой ба Подшоҳии Худо дарояд».+ 25  Шогирдон инро шунида сахт ҳайрон шуданд ва гуфтанд: «Ин тавр бошад, кӣ наҷот ёфта метавонад?»+ 26  Исо ба онҳо бодиққат нигоҳ карда, гуфт: «Барои одамон ин номумкин аст, лекин барои Худо кори намешуданӣ нест».+ 27  Он гоҳ Петрус ба ӯ гуфт: «Ана, мо ҳама чизро партофта, туро пайравӣ кардем, пас, мукофоти мо чӣ мешавад?»+ 28  Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳангоми навсозӣ, вақте ки Фарзанди одам ба тахти бошукӯҳи худ менишинад, шумо, ки маро пайравӣ намудаед, бар 12 тахт нишаста, 12 қабилаи Исроилро доварӣ мекунед.+ 29  Ҳар кӣ ба хотири номи ман аз баҳри хонаҳо, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳо гузаштааст, ҳамаи инро садчандон ба даст меорад ва ҳаёти ҷовидониро мерос мегирад.+ 30  Аммо бисёре аз онҳое, ки аввалинанд, охирин мешаванду онҳое, ки охиринанд, аввалин.+

Поварақҳо

Ё «бадахлоқии ҷинсӣ». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».