Матто 7:1-29

  • СУХАНРОНИИ БОЛОИ КӮҲ (1–27)

    • Ҳукм накунед (1–6)

    • Биталабед, биҷӯед ва дарро тақ-тақ кунед (7–11)

    • Муносибат бо дигарон (12)

    • Дарвозаи танг (13, 14)

    • Шинохтани пайғамбарони бардурӯғ (15–23)

    • Хона бар кӯҳпора ва бар рег (24–27)

  • Мардум ба таълими Исо қоил шуданд (28, 29)

7  Дигар ҳукм накунед,+ то шуморо ҳукм накунанд,  зеро, чи тавре ки ҳукм кунед, ҳамон тавр ҳукм карда мешавед+ ва бо кадом андозае чен кунед, бо ҳамон андоза ба шумо чен мекунанд.+  Барои чӣ ту хасро дар чашми бародарат мебинию ба чӯби чашми худ аҳамият намедиҳӣ?+  Ё чӣ тавр ба бародарат мегӯӣ: “Иҷозат деҳ хасро аз чашмат бигирам”, ҳол он ки дар чашми худат чӯб аст?  Эй дурӯя! Аввал чӯби чашми худатро бигир, он вақт нағзтар мебинӣ, ки чӣ тавр хаси чашми бародаратро бигирӣ.  Чизи муқаддасро ба сагон надиҳед ва марворидатонро пеши хукон напартоед,+ то онро поймол насозанд ва баъд ба худатон дарафтода, шуморо пора-пора накунанд.  Биталабед ва ба шумо дода мешавад,+ биҷӯед ва меёбед, дарро тақ-тақ кунед* ва он ба рӯятон кушода мешавад,+  чунки касе биталабад, мегирад,+ касе, ки биҷӯяд, меёбад ва касе, ки дарро бикӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.  Агар писаратон аз шумо нон пурсад, кадоме аз шумо ба ӯ санг медиҳед? 10  Ё, агар моҳӣ пурсад, оё ба вай мор медиҳед? 11  Агар шумо, бо вуҷуди он ки бадкоред, ба фарзандонатон додани чизҳои хубро донед, пас, то чӣ андоза бештар Падари осмонии шумо ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд,+ чизҳои хубро ато мекунад!+ 12  Пас, чи тавре мехоҳед дигарон бо шумо рафтор кунанд, шумо ҳам бо онҳо ҳамон тавр кунед,+ зеро мазмуни Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон ҳамин аст.+ 13  Аз дарвозаи танг дароед,+ чунки кушод аст он дарвоза ва васеъ аст он роҳе, ки сӯйи нобудӣ мебарад ва бисёриҳо бо он равонаанд. 14  Лекин танг аст он дарвоза ва борик аст он роҳе, ки сӯйи ҳаёт мебарад, ва ёбандагони он каманд.+ 15  Аз пайғамбарони бардурӯғ эҳтиёт шавед,+ ки ба намуди гӯсфанд назди шумо меоянду+ дар асл гургони даррандаанд.+ 16  Онҳоро аз корҳояшон* хоҳед шинохт. Магар аз хорбутта ангур ё анҷир мечинанд?+ 17  Ба ин монанд, ҳар дарахти хуб меваи хуб меорад, лекин ҳар дарахти бад — меваи бад.+ 18  Наметавонад дарахти хуб меваи бад ва дарахти бад меваи хуб орад.+ 19  Ҳар дарахтеро, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ мепартоянд.+ 20  Бале, ин гуна одамонро аз корҳояшон хоҳед шинохт.+ 21  На ҳар касе, ки ба ман “Ҳазратам, Ҳазратам” мегӯяд, ба Подшоҳии осмон медарояд, балки танҳо касе, ки хости Падари осмониямро иҷро мекунад.+ 22  Он рӯз бисёриҳо ба ман чунин мегӯянд: “Ҳазрат, Ҳазрат,+ магар ба номи ту пешгӯйӣ намекардем? Магар ба номи ту девҳоро намерондем? Магар ба номи ту муъҷизаҳои бисёре ба амал намеовардем?”+ 23  Он гоҳ ба онҳо мегӯям: “Ман шуморо тамоман намешиносам! Аз ман дур шавед, эй бадкорон!”+ 24  Барои ҳамин ҳар касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро мекунад, монанди каси бохирадест, ки хонаи худро бар кӯҳпора месозад.+ 25  Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, хонаи ӯ вайрон намегардад, зеро таҳкурсияш бар кӯҳпора сохта шудааст. 26  Лекин касе, ки ин сухани маро мешунаваду иҷро намекунад, монанди каси беақлест, ки хонаашро бар рег месозад.+ 27  Вақте ки борони сел борида, обхезӣ шавад ва шамоли сахте вазад, ин хона вайрон мешавад+ ва зарари бениҳоят калон мебинад». 28  Вақте ки Исо суханашро тамом кард, мардум ба тарзи таълими ӯ қоил шуданд,+ 29  зеро ӯ ҳамчун соҳибқудрате гап мезад,+ на чун шариатдонони онҳо.

Поварақҳо

Ё «Пайваста биталабед... пайваста биҷӯед... пайваста дарро тақ-тақ кунед».
Дар матни асл «меваҳояшон».