Ошкорсозӣ 19:1-21

  • Ёҳро ситоиш кунед (1–10)

    • Тӯйи Барра (7–9)

  • Савори аспи сафед (11–16)

  • Зиёфати Худо (17, 18)

  • Мағлуб шудани ҳайвони ваҳшӣ (19–21)

19  Баъд аз ин ман аз осмон садои баландеро монанди овози тӯдаи сершуморе шунидам, ки чунин мегуфт: «Ёҳро* ситоиш кунед!+ Наҷот, ҷалол ва қудрат аз они Худои мост,  зеро ҳукмҳои ӯ ҳақ ва одилонаанд.+ Ӯ ба фоҳишаи бузург, ки заминро бо зинои* худ фосид мекард, ҳукм баровард ва барои хуни бандагони худ аз вай интиқом гирифт».+  Он тӯда дарҳол дубора гуфт: «Ёҳро* ситоиш кунед!+ Дуди сӯхтори ин фоҳиша то абад боло хоҳад баромад».+  Он гоҳ 24 пир+ ва чор ҷонзод+ зону зада, ба Худо, ки бар тахт нишастааст, саҷда карданд ва гуфтанд: «Омин! Ёҳро* ситоиш кунед!»+  Ҳамчунин овозе аз пеши тахт шунида шуд, ки чунин гуфт: «Худои моро ситоиш кунед, эй ҳамаи бандагони ӯ,+ ки худотарс ҳастед, ҳам хурдону ҳам бузургон!»+  Баъд аз ин ман садоеро шунидам, ки монанди овози тӯдаи сершумор, монанди шувваси обҳои бисёр ва гулдурроси раъдҳои сахт буд. Он тӯда чунин мегуфт: «Ёҳро* ситоиш кунед,+ зеро Худоямон Яҳува, Худои Тавоно*,+ подшоҳияшро сар кардааст!+  Биёед хурсандӣ кунем ва ба ваҷд оем, ӯро ҷалол диҳем, зеро тӯйи Барра фаро расидааст ва арӯси ӯ худро тайёр кардааст.  Бале, ба ӯ иҷозат дода шудааст, ки катони дурахшони тозаву аълосифат пӯшад, зеро катони аълосифат аломати дурусткории покон аст».+  Фаришта ба ман гуфт: «Бинавис: хушбахтанд касоне, ки ба базми арӯсии Барра даъват шудаанд».+ Ӯ боз гуфт: «Ин суханони Худо ҳақ ҳастанду рост». 10  Он гоҳ ман пеши пойи фаришта афтодам, то ба ӯ саҷда кунам, вале ӯ ба ман гуфт: «Ҳаргиз ин тавр накун!+ Ман ҳам мисли ту ва бародаронат, ки дар бораи Исо шаҳодат медиҳанд,+ ғулом ҳастам. Ба Худо саҷда кун,+ зеро мақсад аз пешгӯйиҳо ин аст, ки дар бораи Исо шаҳодат дода шавад*».+ 11  Сипас ман нигоҳ карда, осмони кушода ва аспи сафедеро дидам.+ Номи савори он Вафодору+ Ҳақгӯст+ ва ӯ аз рӯйи адолат доварӣ мекунаду меҷангад.+ 12  Чашмони ӯ мисли алангаи оташ аст+ ва ӯ бар сар тоҷҳои бисёр дорад. Ӯ номи навиштае дорад, ки онро ғайр аз худаш ҳеҷ кас намедонад. 13  Он савор либоси хунолуде дорад* ва Каломи+ Худо номида мешавад. 14  Аз пайи ӯ лашкарҳои осмонӣ, савори аспҳои сафед, равона буданд. Онҳо дар тан катони сафеди тозаву аълосифат доштанд. 15  Аз даҳони ӯ шамшери дарози тез берун меояд,+ то бо он халқҳоро нобуд кунад, ва ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард.+ Ӯ ҳамчунин ангуреро, ки дар чархушти* хашму ғазаби Худои Тавоно* аст, пойкӯб мекунад.+ 16  Бар либоси ӯ, бар ронаш, номе навишта шудааст: Подшоҳи подшоҳон ва Сарвари сарварон.+ 17  Ҳамчунин ман фариштаеро дидам, ки дар миёнаи офтоб меистод. Ӯ ба ҳамаи парандагоне, ки дар осмон парвоз мекарданд, бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Ба ин ҷо биёед ва ба зиёфати калони Худо ҷамъ шавед,+ 18  то ҷасадҳои подшоҳон, мириҳазорон, пурзӯрон,+ аспону саворони онҳо+ ва ҷасадҳои ҳамаи одамон: озодону ғуломон ва хурдону бузургонро, бихӯред». 19  Сипас ман ҳайвони ваҳшӣ ва подшоҳони рӯйи заминро бо лашкарҳошон дидам, ки ҷамъ омада буданд, то бо савори асп ва лашкари ӯ биҷанганд.+ 20  Ҳайвони ваҳшӣ ва бо вай пайғамбари бардурӯғ+ дастгир шуданд. Ин пайғамбар дар пеши вай муъҷизаҳо нишон дода касонеро, ки аломати ҳайвони ваҳширо+ қабул кардаанд ва ба ҳайкали вай саҷда мекунанд,+ гумроҳ мекард. Ҳар дуи онҳо зинда ба зинда ба кӯли оташ, ки дар он кибрит* месӯхт, партофта шуданд.+ 21  Боқимондагон бошанд, бо шамшери дарозе, ки аз даҳони савори асп+ берун меомад, кушта шуданд ва ҳамаи парандагон аз ҷасадҳои онҳо сер гаштанд.+

Поварақҳо

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ё «бадахлоқии ҷинсии». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ё «Абарқудрат».
Ё «зеро пешгӯйиҳо илҳом бахшида шудаанд, то дар бораи Исо шаҳодат диҳанд».
Ё, эҳтимол, «либосе дорад, ки бар он хун пошида шудааст».
Чархушт — ҳавзи махсус барои фишурдани ангур.
Ё «Абарқудрат».
Ё «сулфур».