Ошкорсозӣ 22:1-21

  • Дарёи оби ҳаёт (1–5)

  • Хулоса (6–21)

    • Биё! Оби ҳаётро муфт гир (17)

    • «Биё, эй Ҳазратамон Исо» (20)

22  Пас аз ин фаришта ба ман дарёи оби ҳаётро нишон дод.+ Он дарё мисли шиша шаффоф буд ва аз пеши тахти Худо ва Барра+ ҷорӣ шуда,  аз миёни кӯчаи калони шаҳр мегузашт. Дар ду тарафи дарё дарахтони ҳаёт мерӯиданд, ки ҳар моҳ, яъне дар як сол 12 бор, мева медоданд ва баргҳои онҳо барои шифо додани халқҳо буд.+  Худо ҳаргиз он шаҳрро лаънат нахоҳад кард, балки тахти Худо ва Барра дар он ҷо хоҳад буд+ ва бандагони Худо ба ӯ хизмат хоҳанд кард.  Онҳо рӯйи Худоро хоҳанд дид+ ва номи ӯ бар пешонияшон хоҳад буд.+  Шаб дигар вуҷуд нахоҳад дошт+ ва онҳо ба равшании чароғ ё офтоб эҳтиёҷ нахоҳанд дошт, зеро Яҳува Худо ба онҳо равшанӣ хоҳад дод+ ва онҳо то абад подшоҳӣ хоҳанд кард.+  Фаришта ба ман гуфт: «Ин суханон ҳаққанду рост.+ Бале, Яҳува, Худое, ки пайғамбаронро илҳом бахшидааст,+ фариштаи худро фиристод, то чизҳоеро, ки бояд ба қарибӣ ба амал оянд, ба бандагонаш нишон диҳад.  Инак, ба зудӣ меоям.+ Хушбахт аст касе, ки пешгӯйии ин дастхатро риоя мекунад».+  Ман, Юҳанно, ин чизҳоро шунидам ва дидам. Вақте онҳоро шунидаму дидам, пеши пойи фариштае, ки ин чизҳоро ба ман нишон дод, афтодам, то ба вай саҷда кунам.  Вале ӯ ба ман гуфт: «Ҳаргиз ин тавр накун! Ман ҳам мисли ту ва бародаронат пайғамбарон ва мисли касоне, ки ба суханони ин дастхат итоат мекунанд, як ғулом ҳастам. Ба Худо саҷда кун».+ 10  Ӯ ҳамчунин ба ман гуфт: «Суханонеро, ки дар ин дастхат пешгӯйӣ шудаанд, муҳр назан, зеро вақти муқарраршуда наздик аст. 11  Бигзор бадкор бадкорӣ кардан гирад, нопок дар нопокии худ бимонад, вале росткор минбаъд низ росткорӣ кунад ва покон покии худро нигоҳ доранд. 12  “Инак, ба зудӣ меоям, то ба ҳар кас мувофиқи рафтораш подош диҳам.+ 13  Ман Алфа ва Омега*,+ аввалину охирин, оғозу анҷом, ҳастам. 14  Хушбахтанд касоне, ки либосҳои худро шустаанд,+ то аз меваи дарахтони ҳаёт хӯранд+ ва ба шаҳр аз дарвозаҳояш дароянд.+ 15  Вале сагон*, ҷодугарон, зинокорон*, одамкушон, бутпарастон ва ҳар касе, ки дурӯғро дӯст медораду онро пешаи худ месозад, берун аз он хоҳад буд”.+ 16  “Ман, Исо, фариштаи худро фиристодам, то ӯ дар бораи ин чизҳо ба шумо шаҳодат диҳад, ва ин ба фоидаи ҷамоатҳост. Ман реша ва насли Довуд,+ ситораи дурахшони саҳарӣ ҳастам”».+ 17  Рӯҳ ва арӯс+ мегӯянд: «Биё!» Ҳамчунин ҳар кӣ мешунавад, бигӯяд: «Биё!» Бигзор ҳар ташна биёяд+ ва ҳар кӣ хоҳиш дорад, оби ҳаётро муфт бигирад.+ 18  «Ман ба ҳар касе, ки пешгӯйии ин дастхатро мешунавад, шаҳодат дода мегӯям: агар касе ба ин суханон чизе зам кунад,+ Худо ба ӯ балоҳоеро, ки дар ин дастхат навишта шудаанд, зам мекунад;+ 19  ва, агар касе аз суханони пешгӯйии ин дастхат чизеро кам кунад, Худо ӯро аз ҳар он чӣ дар ин дастхат навишта шудааст, маҳрум мекунад: ба ӯ иҷозат дода намешавад, ки аз меваи дарахти ҳаёт бихӯрад+ ва ба шаҳри муқаддас дарояд.+ 20  Оне, ки дар бораи ин чизҳо шаҳодат медиҳад, чунин мегӯяд: “Бале, ба зудӣ меоям”».+ «Омин! Биё, эй Ҳазратамон Исо». 21  Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исо бо покон бод!

Поварақҳо

Алфа ва Омега — ниг. ба луғат.
Яъне касоне, ки корҳояшон дар назари Худо нафратангез аст.
Ё «касоне, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезананд». Ниг. ба луғат, ба калимаи «зино».