Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби пайғамбар Дониёл

Бобҳо

1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12

Шарҳи мухтасар

  • 1

    • Бобилиён Ерусалимро муҳосира мекунанд (1, 2)

    • Ашрофзодагони асир таълими махсус мегиранд (3–5)

    • Имони чор ҷавони ибрии содиқ санҷида мешавад (6–21)

  • 2

    • Шоҳ Набукаднесар хобе дида беқарор мешавад (1–4)

    • Ҳеҷ як донишманд хоби шоҳро гуфта наметавонад (5–13)

    • Дониёл аз Худо ёрдам мепурсад (14–18)

    • Ӯ Худоро барои ошкор кардани сир васфу ситоиш мекунад (19–23)

    • Дониёл хобро ба подшоҳ мегӯяд (24–35)

    • Таъбири хоб (36–45)

      • Санги Подшоҳӣ ҳайкалро пора-пора мекунад (44, 45)

    • Подшоҳ Дониёлро сарафроз мекунад (46–49)

  • 3

    • Ҳайкали тиллоии шоҳ Набукаднесар (1–7)

      • Фармон дар бораи саҷда бурдан ба ҳайкал (4–6)

    • Се ҷавони ибриро барои ба ҳайкал саҷда набурданашон айбдор мекунанд (8–18)

      • «Мо худоёни туро намепарастем» (18)

    • Онҳо ба оташдони тафсон партофта мешаванд (19–23)

    • Ба таври муъҷиза аз оташ наҷот меёбанд (24–27)

    • Шоҳ Худои ибриёнро ситоиш мекунад (28–30)

  • 4

    • Шоҳ Набукаднесар тан мегирад, ки Худо Подшоҳ аст (1–3)

    • Подшоҳ дарахтеро хоб мебинад (4–18)

      • Аз бурида шудани дарахт бояд ҳафт замон гузарад (16)

      • Худо бар одамизод ҳукмрон аст (17)

    • Дониёл хобро таъбир мекунад (19–27)

    • Пешгӯйӣ бори аввал дар подшоҳ иҷро мешавад (28–36)

      • Подшоҳ муддати ҳафт замон аз ақл бегона мешавад (32, 33)

    • Шоҳ Худои осмонро васфу ситоиш мекунад (37)

  • 5

    • Базми шоҳ Балшасар (1–4)

    • Навиштаҷоте дар девор (5–12)

    • Аз Дониёл хоҳиш мекунанд, ки навиштаҷотро маънидод кунад (13–25)

    • Маънии навиштаҷот: Бобил шикаст мехӯрад (26–31)

  • 6

    • Вазирони Форс бар зидди Дониёл забон як мекунанд (1–9)

    • Дониёл дуо гуфтанро давом медиҳад (10–15)

    • Дониёл ба чоҳи шерон партофта мешавад (16–24)

    • Подшоҳ Дориюш Худои Дониёлро ситоиш мекунад (25–28)

  • 7

    • Рӯъё дар бораи чор ҳайвон (1–8)

      • Шохи майдаи ҳавобаланд (8)

    • Қадимулайём бар тахти доварӣ мешинад (9–14)

      • Фарзанди одам подшоҳ мешавад (13, 14)

    • Дониёл маънии рӯъёҳоро мепурсад (15–28)

      • Чор ҳайвон — чор подшоҳ (17)

      • Муқаддасон подшоҳиро соҳиб мешаванд (18)

      • Даҳ шох, яъне даҳ подшоҳ, бармехезад (24)

  • 8

    • Рӯъё дар бораи қӯчқор ва нарбуз (1–14)

      • Шохи майда худро боло мегирад (9–12)

      • 2300 шому саҳар (14)

    • Ҷабраил рӯъёро мефаҳмонад (15–27)

      • Кӣ будани қӯчқору нарбуз фаҳмонда мешавад (20, 21)

      • Подшоҳи бадҳайбате бармехезад (23–25)

  • 9

    • Дониёл дуо гуфта ба гуноҳҳои худ ва халқ иқрор мешавад (1–19)

      • Ерусалим ҳафтод сол харобазор мешавад (2)

    • Ҷабраил пеши Дониёл меояд (20–23)

    • Ҳафтод ҳафтаи пешгӯйишуда (24–27)

      • Омадани Масеҳ баъди 69 ҳафта (25)

      • Масеҳ кушта мешавад (26)

      • Шаҳр ва ҷойи муқаддас нест мешавад (26)

  • 10

    • Хабаррасони Худо назди Дониёл меояд (1–21)

      • Микоил ба фаришта кумак мекунад (13)

  • 11

    • Подшоҳи Форсу Юнон (1–4)

    • Подшоҳи ҷанубу шимол (5–45)

      • Ситонандае бармехезад (20)

      • Пешвои аҳд шикаст мехӯрад (22)

      • Худои қалъаҳо ҷалол меёбад (38)

      • Подшоҳи ҷануб бо подшоҳи шимол шохзанӣ мекунад (40)

      • Хабарҳои ташвишангез аз шарқу шимол (44)

  • 12

    • Замони охир ва баъд аз он (1–13)

      • Микоил бармехезад (1)

      • Соҳибони фаҳму фаросат хоҳанд дурахшид (3)

      • Дониши ҳақиқӣ афзоиш хоҳад ёфт (4)

      • Дониёл барои гирифтани насибаи худ бармехезад (13)