1 Мӯсо 15:1-21
15 Баъд аз ин паёми Яҳува ба Абром омад ва Худованд ба вай дар рӯъё чунин гуфт: «Натарс,+ эй Абром, чунки ман сипари+ ту ҳастам. Ту мукофоти хеле бузург мегирӣ».+
2 Абром дар ҷавоб гуфт: «Яҳува, Парвардигоро, ту ба ман чӣ мукофоте медиҳӣ? Охир, ман ҳанӯз ҳам бефарзандам ва ин марди димишқӣ, Элиезер, хонаи маро мерос мегирад».+
3 Абром боз гуфт: «Ту ба ман насле+ ато накардӣ ва ғуломи хонадони ман меросхӯри ман мешавад».
4 Аммо Яҳува ба ӯ чунин ҷавоб дод: «Ин мард меросхӯри ту намешавад, балки писаре, ки аз худи ту ба дунё ояд*, меросхӯрат мегардад».+
5 Сипас Худо Абромро берун баровард ва гуфт: «Як бор ба осмон назар андоз ва ситораҳоро бишумор, агар шумурда тавонӣ». Пас аз ин Худо гуфт: «Насли ту низ мисли онҳо сершумор мегардад».+
6 Абром ба Яҳува имон овард+ ва Худо ӯро барои ин кораш росткор шумурд.+
7 Худо гуфт: «Ман Яҳува ҳастам, ки туро аз Ури калдониён берун овардам, то ба ту ин заминро мерос диҳам».+
8 Абром дар ҷавоб гуфт: «Яҳува, Парвардигоро, ман чӣ хел фаҳмам, ки ин заминро соҳиб мешавам?»
9 Худо гуфт: «Барои ман ғуноҷини* сесола, бузи модаи сесола, қӯчқори сесола, мусича ва кафтарбачае бигир».
10 Абром ҳамаи инҳоро гирифта, ду пора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯйи ҷуфташ гузошт, вале парандаҳоро ду қисм накард.
11 Парандаҳои шикорӣ сӯйи ҷасади ҳайвонҳо меомаданд, лекин Абром онҳоро меронд.
12 Вақте офтоб ба нишастан наздик буд, хоби гароне Абромро зер кард ва торикии азиму воҳиманоке ӯро фаро гирифт.
13 Он гоҳ Худо ба Абром гуфт: «Бидон, ки насли ту дар замини бегона ғариб мешаванд ва мардуми он ҷо онҳоро ба муддати 400 сол ғулом гардонда, азоб медиҳад.+
14 Аммо ман халқеро, ки онҳоро ғулом мегардонад, ҷазо медиҳам+ ва баъд аз ин онҳо бо чизу чораи зиёд аз он ҷо берун меоянд.+
15 Ту бошӣ, орому осуда аз олам чашм мепӯшӣ* ва умри дароз дида, гӯронда мешавӣ.+
16 Онҳо дар насли чорум ба ин ҷо бармегарданд,+ чунки вақти ҷазои амӯриён* ҳанӯз нарасидааст».+
17 Вақте офтоб нишаст ва ҳама ҷо торик шуд, оташдони пурдуде пайдо шуд ва машъали алангадоре аз байни пораи қурбониҳо гузашт.
18 Дар он рӯз Яҳува бо Абром аҳд баста+ гуфт: «Ин заминро ба насли ту медиҳам,+ аз дарёи Миср то дарёи бузург, яъне Фурот:+
19 замини қениён,+ қеназзиён, қадмӯниён,
20 ҳиттиён,+ фариззиён,+ рафоиён,+
21 амӯриён, канъониён, ҷирҷошиён ва ябусиёнро ба насли ту медиҳам».+
Поварақҳо
^ Дар матни асл «аз даруни ту пайдо мешавад».
^ Ғуноҷин — гӯсолаи модаи 2–3-сола.
^ Дар матни асл «сӯйи бобоёни худ хоҳӣ рафт».
^ Ин ҷо тамоми мардуми Канъон дар назар аст.