2 Тимотиюс 2:1-26

  • Супурдани хабар ба касони боваринок (1–7)

  • Уқубат кашидан барои хушхабар (8–13)

  • Каломи Худоро дуруст таълим деҳ (14–19)

  • Аз ҳавою ҳаваси ҷавонӣ бигрез (20–22)

  • Бандаи Худо набояд ҷанҷол кунад (23–26)

2  Бинобар ин, эй фарзандам,+ минбаъд низ аз лутфу марҳамате, ки дар Исои Масеҳ аст, қувват ёб.  Он чиро, ки аз ман шунидаиву шоҳидони бисёр онро тасдиқ кардаанд,+ ба одамони боваринок бисупор, то онҳо низ аз уҳдаи таълими дигарон бароянд.  Ҳамчун сарбози хуби+ Исои Масеҳ азобҳоеро, ки ба сарат меоянд, қабул кун.+  Ҳеҷ сарбоз барои ёфтани дили касе, ки вайро ба хизмати ҳарбӣ гирифтааст, бо савдо* машғул намешавад.  Дар мусобиқа низ, агар варзишгар қонуну қоидаро вайрон кунад, соҳиби тоҷ намегардад.+  Деҳқоне, ки бисёр меҳнат мекунад, бояд аввалин шуда аз ҳосили заминаш хӯрад.  Дар бораи чизҳое, ки мегӯям, доимо фикр кун; Худованд ба ту фаҳмиши ҳама чизро ато мекунад.  Дар хотир дор, ки Исои Масеҳ аз мурдагон зинда шуд+ ва аз насли Довуд буд.+ Ин мувофиқи хушхабарест, ки ман ба дигарон мерасонам+  ва барои он уқубат мекашаму чун ҷинояткор занҷирбанд ҳастам,+ аммо каломи Худо дар занҷирҳо банд нест.+ 10  Аз ин сабаб ман ба хотири интихобшудагон ба ҳама чиз тоб меорам,+ то онҳо низ ба воситаи Исои Масеҳ наҷот ва ҷалоли абадиро ба даст оранд. 11  Ин сухан дуруст аст: агар бо ӯ мурда бошем, бо ӯ зиндагӣ хоҳем кард,+ 12  агар истодагарӣ кунем, бо ӯ подшоҳӣ хоҳем кард,+ агар аз ӯ рӯй гардонем, ӯ низ аз мо рӯй мегардонад.+ 13  Ҳатто агар мо ба Худо бевафо бошем, ӯ вафодор мемонад, зеро бар хилофи зоти худ рафтор карда наметавонад. 14  Ба онҳо пайваста ин чизҳоро ёдрас кун ва дар пеши Худо доимо дастур деҳ, ки дар сари калимаҳо ҷанҷол накунанд, зеро ин ягон фоида надорад, балки ба шунавандагон танҳо зарар мерасонад*. 15  Бо дилу ҷон кӯшиш кун, ки ризои Худоро соҳиб шавӣ ва каломи ростиро дуруст таълим диҳӣ, то мисли коргаре бошӣ, ки аз кораш сархам нест.+ 16  Аммо суханони хушку холиву куфромезро рад кун,+ зеро касро аз Худо дуртару дуртар мекунанд 17  ва мисли захме* мебошанд, ки торафт паҳн мешавад. Ҳумниюс ва Филитус низ дар байни касонеянд, ки чунин суханонро паҳн мекунанд.+ 18  Онҳо аз роҳи ростӣ дур шуда мегӯянд, ки зиндашавӣ аллакай ба амал омадааст,+ ва имони баъзе касонро хароб месозанд. 19  Бо вуҷуди ин таҳкурсии мустаҳкаме, ки Худо гузоштааст, устувор аст ва чунин муҳре дорад: «Яҳува касонеро, ки аз они ӯ ҳастанд, мешиносад»+ ва «Ҳар кӣ номи Яҳуваро ба забон мегирад,+ аз бадкорӣ дур шавад». 20  Дар хонаи калон на танҳо зарфҳои тиллоиву нуқрагин, балки чӯбину гилин низ ҳастанд. Баъзеи онҳоро барои корҳои пуршараф истифода мебаранд ва баъзеи дигарро барои корҳои паст. 21  Пас, ҳар кӣ аз зарфҳои корҳои паст дурӣ ҷӯяд, зарфе барои корҳои пуршараф мешавад, зарфи муқаддасе, ки барои соҳибаш даркориву ба ҳар кори нек тайёр аст. 22  Бинобар ин аз ҳавою ҳаваси ҷавонӣ бигрез ва ҳамроҳи касоне, ки аз сидқи дил номи Худовандро ба забон меоранд, дар пайи росткорӣ, имон, муҳаббат ва сулҳу осоиштагӣ бош. 23  Ғайр аз ин, аз баҳсҳои пучу бемаънӣ дурӣ ҷӯй,+ зеро медонӣ, ки аз онҳо фақат ҷанҷол мехезад. 24  Лекин бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки бо ҳама меҳрубон* бошад,+ ҳунари омӯзгорӣ дошта бошад, бо пурсабрӣ ба бадӣ тоб орад+ 25  ва саркашонро бо мулоимӣ насиҳат диҳад.+ Шояд, Худо дари тавбаро ба рӯяшон боз карда, сӯйи дониши ростӣ роҳнамоӣ кунад.+ 26  Ба ин восита онҳо мефаҳманд, ки барои иҷрои хости Иблис зинда ба зинда ба доми ӯ афтодаанд, ва ба худ омада, халос мешаванд.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «корҳои рӯзгор».
Ё «шунавандагонро нобуд месозад».
Ё «қаросон (гангрена)».
Ё «хушмуомила».