ДАРСИ 8
Чаро мо дар вохӯриҳоямон шоиста либос мепӯшем?
Оё шумо ба расмҳои ин брошура аҳамият додед, ки Шоҳидони Яҳува ҳангоми ба вохӯриҳои ҷамъомад рафтан ба таври шоиста либос мепӯшанд? Барои чӣ мо ба либоспӯшӣ ва намуди зоҳириамон чунин диққат медиҳем?
То ки ба Худои худ эҳтиром нишон диҳем. Рост аст, ки намуди зоҳирии мо барои Худо чизи асосӣ ҳисоб намеёбад (1 Подшоҳон 16:7). Лекин вақте ки мо барои ибодати Ӯ ҷамъ меоем, мо самимона мехоҳем, ки ҳам ба Ӯ ва ҳам ба ҳамимононамон эҳтиром нишон диҳем. Агар ба мо лозим меомад, ки дар назди ягон подшоҳ ё президент ҳозир шавем, мо шояд ӯро иззат карда ба афту андоми худ диққат медодем. Ба ҳамин монанд, мо ба вохӯриҳо тавре меоем, ки ба «Подшоҳи ҷовид», Яҳува Худо, эҳтиром нишон диҳем (1 Тимотиюс 1:17).
То нишон диҳем, ки аз рӯи кадом меъёрҳо зиндагӣ мекунем. Китоби Муқаддас масеҳиёнро бармеангезад, ки «сару либоси шоиста» дошта бошанд (1 Тимотиюс 2:9, 10). «Сару либоси шоиста» доштан маънои онро дорад, ки мо аз пӯшидани либосҳои диққатҷалбкунанда, шаҳватангез ва кушод канорагирӣ мекунем. Ҳамчунин, ин маънои онро дорад, ки мо бояд либосро тавре интихоб кунем, ки бешармона ва овезону бетартиб набошад. Ин принсипҳо ба ҳар ҳол ба мо имконият медиҳанд, ки дар интихоби либос озодии васеъ дошта бошем. Намуди зоҳирии ҷолибу дилкаши мо «таълимоти Наҷотдиҳандаи мо»-ро оро медиҳад ва ба Худо «ҳамду сано» меорад (Титус 2:10; 1 Петрус 2:12). Дар вохӯриҳо ба таври шоиста либос пӯшида, мо ба нуқтаи назари дигарон оиди ибодати Яҳува таъсир мерасонем.
Ҳатто агар шумо либоси мувофиқ надошта бошед ҳам, мо аз ташрифи шумо ба вохӯрии ҷамъомад хеле шод хоҳем шуд. Либоси мо қиматбаҳо ва аз рӯи мӯди охирин буданаш шарт нест. Муҳим он аст, ки он тозаю озода ва ботартиб бошад.
-
Дар ибодати Худо тарзи либоспӯшии мо то чӣ андоза масъалаи муҳим аст?
-
Дар интихоби либос ва оро додани намуди зоҳирӣ мо аз рӯи кадом принсипҳо амал мекунем?