ҚИСМИ 21
Исо зинда аст!
Исо ба шогирдони худ зоҳир мешавад, онҳоро насиҳат медиҳад ва рӯҳбаланд мекунад
ДАР рӯзи сеюм баъд аз марги Исо заноне, ки шогирдони ӯ буданд, диданд, ки санг аз дари қабр ғелонда шудааст ва даруни он холӣ аст.
Ногоҳ ду фаришта пайдо шуданд. «[Шумо] Исои Носирии маслубро ҷустуҷӯ мекунед,— гуфт яке аз онҳо.— Ӯ эҳё шуд» (Марқӯс 16:6). Занон шитобон давида рафтанд, то ки дар бораи ин ба расулон хабар расонанд. Дар роҳ Исо ба онҳо дучор шуд. Ӯ гуфт: «Натарсед; рафта, ба бародаронам хабар диҳед, ки ба Ҷалил раванд; ва дар он ҷо Маро хоҳанд дид» (Матто 28:10).
Баъдтар дар ҳамон рӯз ду шогирд аз Ерусалим ба деҳаи Аммоус мерафтанд. Шахсе ба наздашон омада пурсид, ки чиро муҳокима карда истодаанд. Ин шахс Исои эҳёшуда буд, аммо онҳо ӯро нашинохтанд. Шогирдон ғамгин буданд ва ҷавоб доданд, ки дар бораи Исо сӯҳбат карда истодаанд. Сипас он шахс чизҳоеро, ки дар тамоми Навиштаҳо ба Масеҳ дахл доранд, ба онҳо фаҳмонд. Дар ҳақиқат пешгӯиҳо дар бораи Масеҳ то ба хурдтарин ҷузъиёташон иҷро шуданд *. Вақте ки шогирдон фаҳмиданд, ки вай Исои эҳёшуда аст, ӯ нопадид гашт.
Шогирдон даррав ба Ерусалим баргаштанд ва назди расулон, ки дар як ҷо ҷамъ шуда буданд омаданд ва ба онҳо он чизе ки рӯй дода буд нақл карданд. Дар он вақт гарчанд дарҳо пӯшида буданд, Исо пайдо шуд. Шогирдони баҳайратомада ба ин бовар карда наметавонистанд! «Аз чӣ сабаб дар дили шумо чунин фикрҳо пайдо мешавад?» — пурсид Исо ва илова намуд: — «Навишта шудааст ва чунин лозим буд, ки Масеҳ уқубат кашад ва дар рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шавад» (Луқо 24:38, 46).
Дар тӯли 40 рӯз Исо ба шогирдонаш маротибаҳои зиёд зоҳир шуд. Боре ӯ ба зиёда аз 500 нафари онҳо зоҳир шуда буд! Эҳтимол маҳз ҳамон вақт ӯ ба шогирдонаш супориши муҳимро дода буд: «Биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед... онҳоро таълим диҳед, то ҳар он чиро, ки ба шумо фармудам, ба ҷо оваранд; ва инак, Ман ҳаррӯза то охирзамон бо шумо ҳастам» (Матто 28:19, 20).
Вақте ки Исо бо 11 расулони содиқаш бори охир вохӯрд, ӯ ба онҳо ваъда дод: «Вақте ки Рӯҳулқудс бар шумо нозил шавад,... то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъмол 1:8). Баъд аз ин Исо боло бурда шуд, абре ӯро аз пеши назар гирифта бурд ва ӯ ба осмон сууд кард.
Бар Матто боби 28, Марқӯс боби 16, Луқо боби 24, Юҳанно боби 20 ва 21, 1 Қӯринтиён 15:5, 6 асос ёфтааст.
^ сарх. 6 Дар бораи он ки чӣ тавр бар Исо пешгӯиҳо оиди Масеҳ иҷро шуданд, аз ин брошура, қисми 14, 15, 16 ва аз китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», замимаи «Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст»-ро хонда метавонед.