ҚИСМИ 5
Худо Иброҳим–пайғамбар ва насли ӯро баракат медиҳад
Насли Иброҳим зиёд мегардад. Худо Юсуфро дар Миср муҳофизат мекунад
ЯҲУВА медонист, ки Шахсияте, ки ба Ӯ аз ҳама азиз аст, бояд рӯзе азоб кашад ва бимирад. Ба ин гуфтаҳо пешгӯии дар Ҳастӣ 3:15 навишташуда ишора мекунад. Оё Худо ба одамон нишон дода тавонист, ки марги Писараш то чӣ андоза барои Ӯ қурбонии пурарзиш хоҳад буд? Китоби Муқаддас инро бо намунае аз ҳаёт нишон медиҳад. Худо аз Иброҳим хоҳиш кард, ки писари дӯстдоштааш Исҳоқро қурбон кунад.
Иброҳим имони хеле қавӣ дошт. Оё дар хотир доред, ки Худо ба Иброҳим ваъда дода буд, ки Наҷотдиҳанда ё Насли ваъдашуда аз Исҳоқ ба вуҷуд меояд? Иброҳим боварӣ дошт, ки агар зарур ояд Худо Исҳоқро аз нав зинда мекунад, аз ин рӯ вай итоаткорона писарашро қурбон карданӣ шуд. Аммо фариштаи Худо сари вақт Иброҳимро боздошт. Худо Иброҳимро барои бо тайёрӣ қурбон кардани шахси азизтаринаш таъриф намуда, ваъдаи худро ба ин пайғамбари содиқ бори дигар такрор кард.
Баъдтар бошад, Исҳоқ соҳиби ду писар шуд — Эсов ва Яъқуб. Яъқуб назар ба Эсов муносибаташро бо Худо қадр мекард ва барои ин мукофот гирифт. Худо номи Яъқубро иваз карда, ӯро Исроил номид ва 12 писарони Исроил сардорони қабилаҳои исроилӣ гаштанд. Вале чӣ тавр аз ин оила халқи бузурге пайдо шуд?
Писарони Яъқуб ба додари хурдаишон Юсуф ҳасад бурданд. Онҳо ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва ӯ ба Миср бурда шуд. Гарчанд Юсуф бо душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шуд, вале Худо ин ҷавони содиқу далерро баракат дод. Фиръавн, ҳокими Миср ба ӯ таваҷҷӯҳ кард ва ба ӯ ҳокимияти бузург дод. Айнан дар ҳамин вақт Яъқуб аз сабаби гуруснагӣ писаронашро ба Миср барои харидани хӯрок фиристод ва маълум шуд, ки худи Юсуф фурӯхтани гандумро сардорӣ мекард. Юсуф тавбаву надомати бародаронашро дида, бо ашк худро ба онҳо ошкор намуд. Ӯ онҳоро бахшид ва ғамхорӣ намуд, ки тамоми оилааш ба Миср кӯчанд. Наздикони Юсуф дар замини беҳтарин ҷойгир шуданд, ки онҳо дар он ҷо метавонистанд зиёд шаванд ва равнақу ривоҷ ёбанд. Юсуф фаҳмид, ки Худо ҳамаи ин корро барои он кард, то ки тамоми ваъдаҳои худро иҷро кунад.
Яъқуби солхӯрда ҳаёти боқимондаашро дар Миср дар иҳотаи оилаи сершумораш гузаронд. Дар дами маргаш ӯ пешгӯӣ намуд, ки Насл ё Наҷотдиҳандаи ваъдашуда аз авлоди писараш Яҳудо ба вуҷуд меояд ва ӯ Ҳокими пурқудрат мешавад. Бо гузашти солҳо Юсуф пеш аз марги худ пешгӯӣ кард, ки Худо оилаи Яъқубро аз Миср берун хоҳад овард.
Бар Ҳастӣ, боби 20 то 50, Ибриён 11:17–22 асос ёфтааст.