СУҲБАТРО САР КУНЕД
ДАРСИ 3
Меҳрубонӣ
Маслиҳат: «Муҳаббат. . . меҳрубон аст» (1 Қӯр. 13:4).
Исо чӣ кор кард?
1. ВИДЕОРО тамошо кунед ё Юҳанно 9:1–7-ро хонед. Сипас дар бораи саволҳои зерин фикр кунед:
-
а) Исо аввал марди кӯрро шифо дод ё дар бораи хушхабар гап зад? (Ба Юҳанно 9:35–38 нигаред.)
Мо аз Исо чӣ дарс мегирем?
2. Агар шахс ҳис кунад, ки мо нисбати ӯ бепарво нестем, эҳтимоли зиёд аст, ки хабари моро гӯш мекунад.
Мисли Исо амал кунед
3. Дилсӯз бошед. Ҳаракат кунед, ки ҳиссиёти шахсро фаҳмед.
-
а) Аз худ пурсед: «Ӯ чӣ хавотириҳо дорад? Кадом маълумот ба ӯ маъқул мешавад ва фоида меорад?» Агар чунин мулоҳиза ронед, гапатон самимиву табиӣ мебарояд.
-
б) Агар шахс ҳиссиёташро гӯяд ё дар бораи душвориаш гап занад, мавзуъро дигар накунед. Вақте ӯро бодиққат гӯш мекунед, шахс мебинад, ки шумо ба душвориҳояш бепарво нестед.
4. Бо меҳрубонӣ ва эҳтиром гап занед. Вақте дили шумо ба шахс месӯзаду ба ӯ дар ҳақиқат ёрдам додан мехоҳед, ин дар оҳанги овозатон маълум мешавад. Аз ин рӯ ба сухан ва оҳанги овозатон аҳамият диҳед. Суханонеро, ки касро хафаю асабонӣ карда метавонанд, нагӯед.
5. Кумаки худро пешкаш кунед. Имконият ҷуста ба шахс дасти ёрӣ дароз кунед. Меҳрубонӣ дарро сӯйи суҳбати хуб мекушояд.