ҚИСМИ 6
Чӣ тавр таваллуди кӯдак ба ҳаёти оилавӣ таъсир мерасонад?
«Фарзандон мерос аз ҷониби Худованд ҳастанд» (Забур 126:3).
Таваллуди кӯдак барои ҳамсарон ҳам ҳаяҷонбахш ва ҳам ташвишовар буда метавонад. Чун волидони нав шумо метавонед, ба ҳайрат оед, ки барои ғамхории кӯдакатон чӣ қадар вақту қуввати зиёд сарф мешавад. Ивазшавии ҳолати эмотсионалӣ ва норасоии хоб, метавонад ба муносибати шумо таъсири бад расонад. Барои ҳамин, ба шумо ва ҳамсаратон лозим меояд, ки барои ба кӯдакатон ғамхорӣ кардан ва издивоҷатонро нигоҳ доштан, тағйиротҳо дароред. Чӣ тавр маслиҳати Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мерасонад, то ин душвориҳоро паси сар кунед?
1 ДАРК НАМОЕД, КИ КӮДАК БА ҲАЁТИ ШУМО ДИГАРГУНӢ МЕОРАД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст». Ҳамчунин муҳаббат «нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд» (1 Қӯринтиён 13:4, 5). Чун модар шумо табиатан диққататонро ба кӯдак равона мекунед. Лекин дар дили шавҳаратон ҳиссиёти манфӣ пайдо шуда метавонад, ки гӯё шумо нисбати ӯ беаҳамият ҳастед. Барои ҳамин фаромӯш накунед, ки ӯ ҳам ба таваҷҷӯҳи шумо ниёз дорад. Бо пурсабрӣ ва меҳру шафқат ба ҳамсаратон кӯмак кунед, то дилпур бошад, ки шумо нисбаташ беаҳамиятӣ намекунед ва ӯ низ дар ғамхории кӯдак саҳмгузор аст.
«Шумо, эй шавҳарон... бомулоҳиза рафтор кунед» (1 Петрус 3:7). Дарк намоед, ки зани шумо қуввати зиёди худро ба кӯдак сарф мекунад. Акнун ӯ масъулияти навро ба ӯҳда дорад ва метавонад зери стресс қарор гирад, бемадор гардад ё ҳатто рӯҳафтода шавад. Баъзан ӯ ҳатто метавонад аз шумо хафа шавад, лекин кӯшиш кунед, ки ором монед, зеро «собир беҳ аз баҳодур» аст (Масалҳо 16:32). Фаҳмиш зоҳир карда, бо кӯмаки лозима занатонро дастгирӣ кунед (Масалҳо 14:29).
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Падарон: Ба занатон барои ба кӯдак ғамхорӣ кардан ёрӣ диҳед, ҳатто шабона бошад ҳам. Он вақтеро ки шумо ба дигар корҳо сарф менамоед, камтар кунед, то ки вақти бештари худро бо зан ва кӯдакатон гузаронед
-
Модарон: Вақте шавҳаратон ба шумо дар нигоҳубини кӯдак ёрӣ доданӣ мешавад, кӯмаки вайро қабул кунед. Агар шавҳаратон ягон корро дуруст иҷро накунад ҳам, ӯро танқид накунед, балки меҳрубонона чӣ тавр иҷро кардани он корро нишон диҳед
2 МУНОСИБАТАТОНРО МУСТАҲКАМ СОЗЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «[Онҳо] як тан хоҳанд буд» (Ҳастӣ 2:24). Гарчанд дар оилаатон аъзои нав таваллуд шуда бошад ҳам, дар ёд доред, ки шумо бо ҳамсаратон то ҳол «як тан» мебошед. Барои мустаҳкам нигоҳ доштани муносибатҳои худ, ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед.
Занон, ба шавҳаратон барои кӯмаку дастгириаш сипосгузор бошед. Нишон додани миннатдориатон метавонад «офият» бахшад, яъне рӯҳбаланд созад (Масалҳо 12:18). Шавҳарон, ба зани худ гӯед, ки ӯро то чӣ андоза дӯст медоред ва қадр мекунед. Ӯро барои ба оила ғамхорӣ карданаш таъриф кунед (Масалҳо 31:10, 28).
«Ҳеҷ кас нафъи худро толиб набошад, балки нафъи дигаронро» (1 Қӯринтиён 10:24). Ҳамеша кореро кунед, ки барои беҳбудии ҳамсаратон бошад. Чун ҳамсарон барои гуфтугӯ кардан, таъриф намудан ва якдигарро гӯш кардан вақт ҷудо кунед. Дар мавриди муносибатҳои ҷинсӣ худхоҳ набошед. Талаботҳои ҳамсаратонро ба назар гиред. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар... бо ризогии ҳар ду» (1 Қӯринтиён 7:3–5). Барои ҳамин, ин масъаларо ростқавлона байни якдигар муҳокима кунед. Пурсабрӣ ва фаҳмиши шумо муносибататонро мустаҳкам мегардонад.
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Ба якдигар вақт ҷудо карданро фаромӯш накунед
-
Коре кунед, ки ҳамсаратон худро дӯстдошта ҳис кунад, масалан, нома нависед ё ягон чизак тӯҳфа кунед
3 КӮДАКАТОНРО ТАЪЛИМ ДИҲЕД
КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Аз кӯдакиат Навиштаҳои Муқаддасро медонӣ, ки метавонанд туро ҳикмат омӯзанд барои наҷот ёфтан» (2 Тимотиюс 3:15). Ба нақша гиред, ки барои таълим додани кӯдак чӣ кор карданиед. Тааҷҷубовар аст, ки кӯдак ҳатто пеш аз таваллуд ёфтанаш қобилияти омӯхтанро дорад. Кӯдакатон ҳатто дар батн метавонад овози шуморо шиносад ва ба ҳиссиётҳои шумо ҷавоб диҳад. Ҳоло ки вай хурд аст, ба ӯ китоб хонед. Ҳатто ӯ чизи хондаатонро нафаҳмад ҳам, ин метавонад ба вай кӯмак кунад, ки баъд аз калон шудан, бо ҳавас хонад.
Ба кӯдакатон дар бораи Худо нақл кунед ва ҳеҷ гоҳ гумон накунед, ки ба шунидани ин ӯ ҳанӯз майда аст. Бигзор вай ба Яҳува дуо гуфтанатонро шунавад (Такрори Шариат 11:19). Ҳатто вақти ҳамроҳ бозӣ карданатон дар бораи чизҳое ки Худо офаридааст, гап занед (Забур 77:3, 4). Дар баробари калон шудани кӯдакатон, вай муҳаббати шуморо ба Яҳува эҳсос мекунад ва ӯ низ дӯст доштани Яҳуваро ёд мегирад.
ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:
-
Барои кӯдакатонро дуруст тарбия кардан, махсусан дар бораи хирад дуо гӯед
-
Калимаву фикрҳои асосиро ба кӯдакатон такрор кунед, то вай аз айёми кӯдакиаш онҳоро ёд гирад