Рӯҳбаландӣ
Чаро муҳим аст, ки хизматгорони Худо якдигарро рӯҳбаланд кунанд?
Иш 35:3, 4; Қл 3:16; 1Тс 5:11; Ибр 3:13
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
2Вқ 32:2–8. Вақте ошуриён ба исроилиён ҳамла карданӣ буданд, шоҳ Ҳизқиё онҳоро дилбардорӣ кард.
-
Дн 10:2, 8–11, 18, 19. Фариштаи Худо Дониёли солхӯрдаву хастаро рӯҳбаланд карда қувват бахшид.
-
Чаро Яҳува пиронро вазифадор кардааст, ки дигаронро рӯҳбаланд кунанд?
Ҳамчунин нигаред ба Мт 11:28–30
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
5Мс 3:28; 31:7, 8. Пайғамбар Мӯсо ба гуфти Яҳува дастёраш Юшаъро рӯҳбаланд карда қавӣ гардонд.
-
Крн 11:22–26; 14:22. Павлус ва Барнаббои расул масеҳиёни Антиохияро дар вақти озору азият рӯҳбаланд карданд.
-
Чаро гуфтан мумкин аст, ки таъриф кардан низ рӯҳбаланд намудан аст?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Дв 11:37–40. Ҳар сол ҷавонзанони Исроил назди духтари Ифтоҳи довар рафта, ӯро барои фидокорияш таърифу таҳсин мекарданд.
-
Ошк 2:1–4. Пеш аз он ки масеҳиёни ҷамоати Эфсӯсро ислоҳ кунад, Исо дар бораи корҳои хубашон гап зад.
-
Чӣ тавр хоҳару бародаронамонро рӯҳбаланд карда метавонем?
Пнм 15:23; Эф 4:29; Фп 1:13, 14; Қл 4:6; 1Тс 5:14
Ҳамчунин нигаред ба 2Қр 7:13, 15, 16
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Пш 23:16–18. Юнотон медонист, ки дӯсташ Довуд ба рӯҳбаландӣ муҳтоҷ аст, барои ҳамин рафта, ӯро дилбардорӣ кард.
-
Юҳ 16:33. Исо шогирдонашро дилпур сохт, ки, агар ба намунааш пайравӣ кунанд, мисли ӯ бар ҷаҳон ғолиб меоянд.
-
Крн 28:14–16. Вақте бародарон Павлусро дар роҳи Рум пешвоз гирифтанд, ӯ рӯҳбаланд шуд.
-
Чаро бояд аз айбҷӯйиву шикваю шикоят даргурез бошем ва дигаронро ҳурмат кунем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
4Мс 11:10–15. Пайғамбар Мӯсо аз шикваю шикоят ва саркашии исроилиён сахт ғамгин шуд.
-
4Мс 13:31, 32; 14:2–6. Хабари бади даҳ ҷосус мардумро рӯҳафтода кард ва сабаби исён бардоштани онҳо шуд.
-
Чӣ тавр муошират бо ҳамимонон моро рӯҳбаланд месозад?
Пнм 27:17; Рм 1:11, 12; Ибр 10:24, 25; 12:12
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
2Вқ 20:1–19. Вақте лашкари бузург ба Яҳудо ҳамла кард, шоҳ Еҳушофот мардумро ҷамъ оварда, ба Яҳува дуо гуфт.
-
Крн 12:1–5, 12–17. Баъди кушта шудани Яъқуб Петрусро ба зиндон партофтанд, барои ҳамин аҳли ҷамоати Ерусалим дар ҳаққи ӯ дуо мегуфтанд.
-
Чӣ тавр некбинӣ ёрдам мекунад, ки дар вақти сахтиҳо истодагӣ кунем?
Крн 5:40, 41; Рм 8:35–39; 1Қр 4:11–13; 2Қр 4:16–18; 1Пт 1:6, 7
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Мс 39:19–23; 40:1–8. Юсуфро барноҳақ айбдор карда, ба зиндон партофта бошанд ҳам, ӯ ба Яҳува такя мекард ва дигаронро дастгирӣ менамуд.
-
4Пш 6:15–17. Ҳарчанд Элишоъ аз лашкари бузург натарсид, ӯ дар ҳаққи дастёраш дуо гуфт, то ба ҳарос наафтад.
-
Аз Каломи Худо рӯҳбаландӣ гиред
Яҳува моро ба чӣ дилпур мекунад?
Чӣ тавр пурсабрӣ ва раҳмдилии Яҳува моро рӯҳбаланд мекунад?
Яҳува барои бемаҷолу дилхаста чӣ кор мекунад?
Зб 46:1; Иш 12:2; 40:29–31; Фп 4:13
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Пш 1:10, 11, 17, 18. Яҳува дуои Ҳанноро шунид ва ба ӯ кумак кард, ки ғамашро дур кунаду оромӣ ёбад.
-
3Пш 19:1–19. Вақте пайғамбар Илёс рӯҳафтода буд, Яҳува ба ӯ обу нон дод ва ба оянда умед бахшида рӯҳбаланд кард.
-
Чӣ тавр ваъдаи Китоби Муқаддас дар бораи оянда ба мо далерӣ мебахшад?
2Вқ 15:7; Зб 27:13, 14; Ибр 6:17–19; 12:2
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Аб 14:1, 2, 7–9, 13–15. Айюб дар душвортарин лаҳзаи ҳаёташ аз умеди зиндашавӣ тасаллӣ мегирифт.
-
Дн 12:13. Фаришта ба Дониёл гуфт, ки дар рӯзҳои охир насибаи худро мегирад. Ин суханон ба Дониёл, ки он вақт тақрибан 100-сола буд, тасаллӣ бахшид.
-
Чӣ тавр дуо ва мулоҳиза дар бораи хислатҳои Яҳува моро рӯҳбаланд карда метавонад?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
1Пш 30:1–9. Дар сахтиҳояш шоҳ Довуд ба Яҳува дуо гуфт ва қувват ёфт.
-
Лқ 22:39–43. Исо дар озмоиши душвортарини ҳаёташ ба Яҳува гарму ҷӯшон дуо гуфт, Худо дар ҷавоб фариштаашро фиристод, то ӯро дастгирӣ кунад.
-
Хабари хуш чӣ гуна хурсандӣ меорад ва чаро мо бояд ба дигарон низ онро гап занем?
-
Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас
-
Крн 15:2–4. Павлус ва Барнаббои расул ҷамоатеро, ки хабар гирифтанд, беҳад рӯҳбаланд карданд.
-
3Юҳ 1–4. Юҳаннои солхӯрда вақте фаҳмид, ки шогирдонаш роҳи ростиро маҳкам доштаанд, сахт хурсанд шуд.
-