Оё ба чӣ эътиқод доштани шумо аҳамият дорад?
Ба фикри шумо оё ҳаёт маъно дорад? Эволютсионист Уилям Провайн чунин мегӯяд: «Он чизе ки мо дар бораи равандҳои эволютсионӣ фаҳмидем, бароямон аҳамияти калон дорад ва ба маънои ҳастии мо таъсир мекунад». Ӯ чунин хулоса мебарорад: «Ба фикри ман ҳаёт ягон мақсади муайян надорад»32
Биёед дар бораи маънои ин суханон андеша кунем. Агар ҳаёт мақсади муайяне надошта бошад, пас, аз ин мебарояд, ки ҳаёти шумо ғайр аз ягон кори нек кардан ва аз худ насле боқӣ мондан дигар маъное надорад ва баъди мурдан шумо абадан нест хоҳед шуд. Ва мағзи сари шумо, қобилияти фикрронии он, ақл ва хоҳиши фаҳмидани маънои ҳаёт — танҳо тасодуфоти табиат мебошанду халос.
Ғайр аз ин, бисёр тарафдорони назарияи эволютсия мегӯянд, ки Худо вуҷуд надорад, ё агар вуҷуд дошта бошад ҳам Ӯ ба корҳои одамон дахолат намекунад. Аз ин бармеояд, ки ояндаи мо гӯё дар дасти сиёсатмадорон, олимон ва роҳбарони динӣ аст. Лекин аз рафтору кирдори онҳо ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар ҷамъияти инсонӣ минбаъд низ бетартибӣ, ҷангу ихтилофот ва бадкорӣ давом меёбанд. Илова бар ин, агар назарияи эволютсия ҳақ бошад, пас эътироф кардан лозим меояд, ки ҳаёти инсон фақат дар атрофи як принсип давр мезанад: «Бихӯрем ва бинӯшем, зеро ки фардо хоҳем мурд!» (1 Қӯринтиён 15:32).
Баръакси ин, дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки: «Чашмаи ҳаёт бо [Худост]» (Забур 35:10). Ин суханон аҳамияти калон доранд.
Агар суханони Китоби Муқаддас ҳақ бошанд, пас ҳаёт маъно дорад. Офаридгори мо барои онҳое, ки мувофиқи иродаи Ӯ зиндагӣ кардан мехоҳанд, ниятҳои олиҷаноб дорад (Воиз 12:13). Ва яке аз ниятҳои Худо, ин — ҳаёт дар ҷаҳоне мебошад, ки дар он бетартибӣ, ҷангу ихтилофот, бадкорӣ ва ҳатто марг нахоҳад буд (Забур 36:10, 11; Ишаъё 25:6–8).
Миллионҳо одамон дар саросари замин боварӣ доранд, ки танҳо дониш дар бораи Худо ва итоаткорӣ ба Ӯ, ба ҳаёт маъно мебахшад (Юҳанно 17:3). Чунин боварӣ асоси мустаҳкам дорад. Комилан равшан аст, ки ҳаёт офарида шуда буд!