Созандаи ҳамаи ин кист?
Солҳои наздик олимону муҳандисон ба маънои аслӣ аз растаниҳову ҳайвонот чизҳои бисёрро меомӯхтагӣ шуданд (Айюб 12:7, 8). Ин олимон хусусияти онҳоро тадқиқ намуда, мекӯшанд, ки аз рӯи принсипи сохти онҳо чизҳои нав ихтироъ кунанд ва маҳсулоти аллакай мавҷудбударо мукаммал гардонанд. Ҳангоми дида баромадани мисолҳои зерин аз худ пурсед: «Барои чунин сохту хусусиятҳои аҷоиб дар асл кӣ сазовори эътирофу ситоиш аст».
Болҳои шиноварии наҳанг
Созандагони ҳавопаймо аз сохти як намуди наҳанг (Megaptera novaeangliae) чиро омӯхта метавонанд? — Маълум мешавад, ки чизҳои бисёрро. Наҳанги калон қариб 30 тонн вазн дорад, ки ин ба вазни мошини боркаши бордор баробар аст. Ҷисми он сахту хамнашаванда буда, болҳои калони қанотмонанд дорад. Лекин аҷиб аст, ки ин ҳайвони 12–метра зери об чолокона шино мекунад.
Аз ҳама бештар олимон аз он дар ҳайратанд, ки чӣ гуна ин ҷонвари ба назар сустҳаракат метавонад ба осонӣ тоб хӯрад. Онҳо пай бурданд, ки сир дар болҳои наҳанг будааст. Канори пеши болҳои шиноварии он мисли болҳои ҳавопаймо ҳамвор нест, балки арра–арра мебошад ва як қатор барҷастагиҳои майда дорад.
Ҳангоме ки наҳанг ба зудиву осонӣ мавҷҳои обро бурида шино мекунад, ин барҷастагиҳо қувваи болобардорро афзун мекунанд ва муқовимати обро кам мегардонанд. Чӣ гуна? Дар як маҷаллаи доир ба табиатшиносӣ фаҳмонда мешавад, ки ба туфайли ин барҷастагиҳо ҷараёни об аз болои болҳои наҳанг ботартибу баробар мегузарад — ҳатто агар наҳанг рост ба боло шино кунад ҳам («Natural History»)10
«Патент»-и мӯъҷизаҳои табиат ба кӣ тааллуқ дорад?
Ин кашфиётро дар амал чӣ гуна истифода бурдан мумкин аст? Агар болҳои ҳавопаймо аз рӯи ин принсип сохта шаванд, он гоҳ ба пуштқанотакҳо ё қисмҳои иловагие, ки ҳангоми парвоз ҷараёни ҳаворо танзим мекунанд, эҳтиёҷ камтар мегардад. Ин гуна болҳо парвозро нисбатан бехатар мегардонанд ва таъмиру нигоҳубини онҳо осонтар мешавад. Мутахассиси соҳаи биомеханика Ҷон Лонг мегӯяд, ки шояд ба наздикӣ «ҳар як ҳавопаймо бо чунин барҷастагиҳое, ки боли наҳанг дорад, таҷҳизонида шавад»11
Қаноти моҳихӯрак (чайка)
Аллакай маълум аст, ки болҳои ҳавопайпо аз рӯи шакли қанотҳои парранда сохта шудаанд. Вале ба наздикӣ муҳандисон дар ин тақлидкорӣ ба сатҳи боз ҳам болотар баромаданд. Маҷаллаи «Ню сайентист» хабар медиҳад: «Тадқиқотчиёни донишгоҳи Флорида модели ҳавопаймои ба таври дистансионӣ идорашавандаеро сохтанд, ки он монанди моҳихӯрак метавонад дар ҳаво парвоз кунад, бо суръати тез якбора ба поён ва боло ҳаракат намояд»12
Моҳихӯракҳо ҳангоми парвоз қанотҳои худро то нисф ё то охир қат намуда, дар ҳаво чолокона ҳаракатҳои аҷоиб мекунанд. Дар он маҷалла гуфта мешавад, ки муҳандисон ба чунин тарзи сохти қаноти моҳихӯрак тақлид намуда, «ба модели ҳавопаймои 60–сантиметра мотори хурдеро гузоштанд, ки он тавассути фашангҳои металлӣ болҳои ҳавопайморо ба ҳаракат меорад». Бо чунин болҳои моҳирона сохташудааш ҳавопаймои хурд метавонад дар байни биноҳои баландошёна парвоз карда, чолокона самти ҳаракаташро тағйир диҳад. Баъзе кормандони ҳарбӣ бисёр мекӯшанд, ки барои дар шаҳрҳои калон ҷустуҷӯ кардани яроқҳои химиявию биологӣ чунин ҳавопаймои чолоку серҳаракат истеҳсол намоянд.
Пои моҳихӯрак
Моҳихӯрак ҳатто ҳангоми дар рӯи ях истоданаш хунук намехӯрад. Чӣ гуна ин парранда гармии баданашро нигоҳ медорад? Қисман аз сабаби он ки баъзе ҳайвоноти минтақаҳои хунук дар худ «гармиивазкунакҳои» муқобилҷараён доранд.
Гармиивазкунаки муқобилҷараён чист? Барои инро фаҳмидан, ду қубурчаи обгузарро тасаввур кунед, ки паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгиранд. Аз як қубурча оби гарм ва аз дигараш оби хунук мегузарад. Агар оби гарм ва хунук ба як самт равона бошанд, он гоҳ қариб нисфи гармӣ аз оби гарм ба оби хунук гузашта онро гарм мекунад. Вале агар оби гарм ва хунук ба самтҳои муқобил равон бошанд, қариб тамоми гармӣ аз оби гарм ба оби хунук гузашта, онро гарм мекунад.
Моҳихӯрак дар пойҳояш «гармиивазкунакҳо», яъне ҷуфти рагҳое дорад, ки паҳлӯ ба паҳлӯ ҷойгиранд ва тавассути онҳо хуни бадани вай давр мезанад. Вақте ки моҳихӯрак дар болои ях меистад, гармиивазкунакҳои пойҳояш хуни аз пойҳои хунук баргаштаистодаро гарм мекунанд. Ба туфайли гармиивазкунакҳо гармӣ дар бадани парранда нигоҳ дошта мешавад ва аз пойҳояш баромада намеравад. Муҳандиси соҳаи механика ва авиатсия Артур Фраас ин хусусиятро чун «яке аз самараноктарин гармиивазкунакҳои барқароркунанда» тасвир намуд13Ин хусусият чунон беҳамтост, ки муҳандисон онро дар лоиҳаҳои худ ба кор мебаранд.
Кӣ сазовори эътирофу ситоиш аст?
Ҳамзамон, Раёсати миллии аэронавтика ва таҳқиқи кайҳон (НАСА) роботи бисёрпояеро сохтанӣ аст, ки чун каждум роҳ меравад; муҳандисони Финляндия бошанд аллакай трактори шашпояеро сохтаанд, ки мисли ҳашароти азимҷусса аз мамониятҳои гуногун гузашта метавонад. Тадқиқотчиёни дигар матоеро истеҳсол кардаанд, ки пулакчаҳои майдаи он мисли пулакчаҳои чалғӯзаи санавбар кушодаву пӯшида мешаванд. Чунин матоъ ба ҳарорати бадани шахсе, ки онро мепӯшад, мутобиқ мешавад. Истеҳсолкунандагони мошини сабукрав бошанд, аз болои лоиҳаи мошине кор карда истодаанд, ки кузови он ба шакли аҷиби як намуди моҳӣ (ки аз оилаи Ostraciodontidae аст) монанд буда, муқобилияти ҳаворо дар аснои ҳаракат кам мекунад. Дигар тадқиқотчиён бошанд, хусусияти ба бардорузан тоб овардани моллюски гӯшмоҳии баҳриро омӯхта истодаанд, то аз рӯи сохти он зиреҳкамзӯли (бронежилети) сабуктару бақувваттарро ихтироъ кунанд.
Инак, аз табиат чунон идеяҳои бисёреро гирифтан мумкин аст, ки олимон ҳатто базаи маълумотиро ташкил дода, ба он аллакай рӯйхати ҳазорҳо системаҳои биологиро ворид кардаанд. Дар маҷаллаи «Экономист» гуфта мешавад, ки ин базаи маълумотӣ ба олимон кӯмак мекунад, ки «барои лоиҳаҳои худ принсипҳоеро, ки табиат пешниҳод мекунад», истифода баранд. Системаҳои табиие, ки ба ин базаи маълумотӣ дохил карда шудаанд, «патентҳои биологӣ» номида шудаанд. Одатан дорандаи патент ягон шахс ё ширкате мебошад, ки идея ё ихтирооти нави худро қонунан ба қайд медарорад. Маҷаллаи «Экономист» ин базаи маълумотии патентҳои биологиро муҳокима карда, чунин мегӯяд: «Ҳунари илми биомиметикаро “патентҳои биологӣ” номида, олимон дар асл эътироф мекунанд, ки дорандаи ин патент табиат мебошад»14
Ҳамаи ин идеяҳои олиҷаноби табиат чӣ тавр пайдо шудаанд? Бисёр олимон мӯъҷизаҳои табиатро натиҷаи озмоишу иштибоҳоти миллионсолаи эволютсия меҳисобанд. Вале хулосаи олимони дигар аз ин фарқ мекунад. Масалан, дар рӯзномаи «Ню–Йорк таймс» аз 7 феврали 2005, олими соҳаи микробиология Майкл Бихи менависад: «Ба таври равшан аён будани нияту мақсад [дар табиат] ба овардани далели оддӣ имконият медиҳад: агар чизе ба мурғобӣ монанд бошаду мисли он роҳ гардад ва садо барорад, пас дар ҳолати набудани ягон эътирози асоснок, гуфтан мумкин аст, ки ин мурғобӣ аст». Пас, ин олим чӣ хулоса мекунад: «Нияту мақсад дар табиат набояд танҳо аз сабаби равшану аён буданаш рад карда шавад»15
Бешубҳа метавон гуфт, ки муҳандисе, ки барои ҳавопаймо болҳои аз пештара бехатар ва босифаттар ихтироъ мекунад, барои ихтирооташ сазовори эътироф дониста мешавад. Ҳамчунин ихтироъкунандаи матои бароҳаттар ё автомобили каммасрафтар низ барои кашфиёташ лоиқи таҳсин аст. Вале агар ягон истеҳсолкунанда ихтирооти шахсеро истеҳсол кунаду ҳуқуқи ихтироъкунандаро вайрон кунад, ӯ ҷинояткор ҳисобида мешавад.
Акнун биёед оиди баъзе фактҳо андеша намоем: мутахассисони баландихтисос барои ҳалли душвориҳои соҳаи муҳандисӣ аз табиат бисёр чизҳоро истифода мебаранд. Вале баъзеи онҳо идеяҳои олиҷаноби табиатро ба эволютсияи беасос нисбат медиҳанд. Ба фикри шумо, оё ин аз рӯи ақли солим аст? Агар нусха аз вуҷуд доштани созандаи соҳибақл шаҳодат диҳад, пас дар бораи чизи аслӣ чӣ метавон гуфт? Дар асл кӣ бештар сазовори эътирофу ситоиш аст: устоди моҳир ё шогирде, ки ба ӯ пайравӣ мекунад?
Хулосаи мантиқан дуруст
Бисёр одамон баъди дида баромадани далели вуҷуд доштани нияту мақсад дар табиат бо чунин суханони нависандаи Китоби Муқаддас, Павлус, розӣ мешаванд: «Моҳияти нонамоёни Ӯ [Худо], яъне қуввати ҷовидонӣ ва Илоҳияти Ӯ, аз хилқати олам ба воситаи дидани офаридаҳояш ба назар намоён аст» (Румиён 1:19, 20).