Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?
Оё вазъияти ҷаҳон...
-
ҳамин тавр мемонад?
-
бадтар мешавад?
-
беҳтар мегардад?
КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД
«Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:3, 4, Тарҷумаи Дунёи Нав).
ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
Кори пурмазмун ва қонеъкунанда хоҳед дошт (Ишаъё 65:21–23).
Беморӣ ва ранҷу азоб дигар нахоҳед дошт (Ишаъё 25:8; 33:24).
Бо аҳли оила ва дӯстон ҳаёти хушбахтонаву абадӣ хоҳед дошт (Забур 37:11, 29).
ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?
Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:
-
Худо барои иҷрои ваъдаҳояш қодир аст. Дар Китоби Муқаддас танҳо Яҳува Худои Тавоно номида шудааст, чунки қувваи ӯ беохир аст (Ошкорсозӣ 15:3). Аз ин рӯ Худо ваъдаашро нисбати беҳтар кардани ин ҷаҳон ҳатман иҷро мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад: «Барои Худо кори намешуданӣ нест» (Матто 19:26).
-
Худо ваъдаҳои худро иҷро кардан мехоҳад. Масалан, Яҳува сахт мехоҳад, ки мурдагонро ба ҳаёт баргардонад (Айюб 14:14, 15).
Дар Китоби Муқаддас ҳамчунин гуфта мешавад: «Яҳува ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот медиҳад» (Забур 34:18). Бале, Худо ба одамони муҳтоҷ ёрӣ расондан мехоҳад.
Аз ин рӯ мо бовар дошта метавонем, ки Яҳува ба мо кумак кардан мехоҳад, то аз ояндаи дурахшон баҳра барем! (Забур 72:12–14; 145:16; 2 Петрус 3:9).
ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД
Чӣ тавр Худо ҷаҳони имрӯзаро беҳтар месозад?
Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: ПАНДНОМА 2:21, 22 ва ДОНИЁЛ 2:44.