Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ПАНҶ

Фидя — олитарин инъоми Худост

Фидя — олитарин инъоми Худост
  • Фидя чист?

  • Он чӣ тавр пардохта шуд?

  • Он барои шумо чӣ аҳамияте дошта метавонад?

  • Чӣ гуна шумо нисбати фидя миннатдор буданатонро зоҳир карда метавонед?

1, 2. a) Дар кадом ҳолат шахсан барои шумо баҳои тӯҳфа қиматтар хоҳад буд? б) Чаро метавон гуфт, ки фидя боарзиштарин инъом аст?

ЧӢ ТӮҲФАИ қиматбаҳотарин шуда метавонад? Албатта, баланд будани арзиши аслии он муҳим нест. Қадру қимати ҳақиқии тӯҳфа на ҳамеша бо нархи он баҳогузор мешавад. Баръакс, шахсан ба шумо он ҳадяе қиматбаҳо хоҳад буд, ки бароятон эҳсоси хушбахтӣ бахшид ё ягон эҳтиёҷоти шуморо қонеъ гардонд.

2 Лекин дар байни тамоми тӯҳфаҳое, ки орзу метавон кард, ҳадяе ҳаст,— беҳамто. Он ҳадяест, ки Худо ба одамизод бахшид. Яҳува ба мо бисёр чизҳоро ато кардааст, аммо бузургтарин бахшоиши ба мо додааш қурбонии фидяи Писараш Исои Масеҳ мебошад. (Матто 20:28-ро хонед.) Ҳамон тавре, ки дар ин боб хоҳем дид, фидя — боарзиштарин бахшоиш аст. Он метавонад бароятон хушбахтии беназир орад ва ниёзҳои муҳимтарини шуморо қонеъ гардонад. Фидя дар ҳақиқат бузургтарин изҳори муҳаббати Яҳува нисбати шумост.

ФИДЯ ЧИСТ?

3. Фидя чист ва барои қадру қимати онро фаҳмидан чиро донистанамон лозим аст?

3 Соддатар бигӯем, фидя имконияти озод кардани инсоният аз гуноҳ ва марг аст (Эфсӯсиён 1:7). Барои фаҳмиши ин таълимоти Китоби Муқаддас бояд рӯйдодҳои боғи Аданро ба хотир орем. Фақат дар сурате бароямон ин қадар пурбаҳо будани фидя фаҳмо хоҳад буд, агар ба мо ҳангоми гуноҳ чиро аз даст додани Одам хуб маълум гардад.

4. Барои Одам ҳаёти комили инсонӣ чӣ маъно дошт?

4 Инсони нахустин — Одамро офарида, Яҳува ба ӯ бартарияте бахшид,— ҳаёти комили инсонӣ. Биёед бубинем, ки зери ин мафҳум чӣ дар назар дошта шудааст. Одам, ки бо тану ақли комил офарида шуд, бояд ҳеҷ гоҳ дучори беморӣ, пирӣ ва марг намегашт. Ҳамчун инсони комил ӯ аз муносибати тарафайни хоссае бо Яҳува бархурдор буд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «Одам ибни [писари] Худост» (Луқо 3:38). Робитаи наздики ӯ бо Яҳува Худо шабеҳи муносибати писар бо падари дӯстдор буд. Яҳува бо ин писари заминиаш сӯҳбат мекард, ба вай вазифаҳои шавқовар медод ва бо панду насиҳат мефаҳмонд, ки аз ӯ чиро интизорӣ дорад (Ҳастӣ 1:28–30; 2:16, 17).

5. «Ба сурати Худо» офарида шудани Одам чӣ маъно дорад?

5 Одам ба «сурати Худо» офарида шуд (Ҳастӣ 1:27). Ин маънои зоҳиран ба Худо монанд будани Одамро надошт. Ҳамон тавре ки аз боби 1–ум омӯхтем, Яҳува — Рӯҳи ноаён аст (Юҳанно 4:24). Ӯ тани ҷисмонӣ надорад. Ба сурати Худо офарида шудани Одам ба он маънист, ки ӯ бо хусусиятҳои ба Худо хос мисли муҳаббат, хирад, адолат ва тавоноӣ сиришта шуд. Инчунин Одам шабоҳати муҳими дигаре ба Падараш дошт; ӯ соҳиби озодии ирода буд. Яъне, ӯ мисли робот набуд, ки фақат мувофиқи барномаи барояш таъиншуда амал кунад. Баръакс, вай метавонист қарорҳои шахсии худро барорад ва байни дурустиву нодурустӣ худ интихоб кунад. Агар ӯ роҳи итоат ба Худоро интихоб менамуд, метавонист ҷовидона дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ кунад.

6. Бо саркашӣ аз Худо Одам чиро аз даст дод ва ин чӣ таъсире ба насли ӯ расонд?

6 Акнун равшан аст, ки натиҷаи саркашии Одам аз Худо маҳкумият ба марг шуд. Беитоатӣ барои вай хеле гарон афтод. Гуноҳи Одам арзиши зиндагии комил ва тамоми баракатҳои онро дошт (Ҳастӣ 3:17–19). Мутаассифона, Одам на танҳо худ, балки тамоми наслашро ҳам аз зиндагии комилона маҳрум кард. Каломи Худо мегӯяд: «Ба воситаи як одам [Одам] гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд» (Румиён 5:12). Дар ҳақиқат, ҳамаи мо гуноҳро аз Одам мерос гирифтаем. Бинобар ин, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Одам худ ва наслашро ба ғуломии гуноҳ ва марг «фурӯхт» (Румиён 7:14). Одаму Ҳавво ҳеҷ умеде ба оянда надоранд, зеро дидаву дониста беитоатӣ ба Худоро интихоб карданд. Аммо дар хусуси насли онҳо, аз он ҷумла мову шумо чӣ метавон гуфт?

7, 8. Мафҳуми фидя асосан кадом ду маъноро дар бар мегирад?

7 Яҳува барои наҷоти инсоният фидя фароҳам овард. Фидя чист? Ин мафҳум асосан ду маъно дорад. Аввалан, фидя ин маблағест, ки барои озод кардани касе ё аз гарав баровардани чизе пардохт мегардад (масалан барои озод намудани асирон ё гаравгонҳо). Дуввум, фидя ин товонест, ки арзиши ягон чизро пурра рӯпӯш, ё зиёни расидаро ҷуброн мекунад. Масалан, агар касе сабабгори садама гардад, бояд маблағеро бипардозад, ки пурра ба зиёни расонидашуда мувофиқат намояд ё баробарқимати он бошад.

8 Чӣ гуна он гумкардаи азими Одамро, ки ба ҳар яки мо зиён расонид, ҷуброн намуда, инсониятро аз ғуломии гуноҳ ва марг озод кардан имконпазир аст? Биёед бубинем, ки Яҳува барои ин чӣ гуна фидяро фароҳам овард ва ин чӣ маъное барои шумо дошта метавонад.

ТАРЗИ ПАРДОХТИ ФИДЯ

9. Пардохти чӣ гуна фидя дар талаб буд?

9 Азбаски ҳаёти комили инсонӣ аз даст рафт, ҳаёти ягон инсони нокомил барои бозхариди он фидя шуда наметавонист (Забур 48:8, 9). Эҳтиёҷ ба фидияе вуҷуд дошт, ки ба чизи гумшуда баробарқиммат бошад. Ва ин ҳамоҳанг аст ба принсипи адолати комил, ки дар Каломи Худо зикр шудааст: «Ҷон дар ивази ҷон» (Такрори Шариат 19:21). Пас ба ҷони комиле, ки Одам аз даст дод, чӣ баробарқимат буда метавонад? Ҳаёти як инсони комили дигар. Бале, танҳо он «фидяи мувофиқ» мебуд (1 Тимотиюс 2:6, ТДН).

10. Яҳува чӣ тавр фидяро фароҳам сохт?

10 Яҳува чӣ тавр ин фидяро фароҳам овард? Ӯ яке аз писарони комили рӯҳонии худро ба замин фиристод. Аммо ин фаришта махлуқи рӯҳии оддӣ набуд. Яҳува азизтарин Писари ягоназоди Худро фиристод. (1 Юҳанно 4:9, 10-ро хонед.) Ин писар бо омодагӣ хонаи осмониашро тарк кард (Филиппиён 2:7). Чӣ тавре ки аз боби гузашта фаҳмидем, Яҳува тавассути мӯъҷиза ҳаёти Писарашро ба батни Марям гузаронид. Ҳамин тавр, ба воситаи рӯҳулқудси Худо Исо ҳамчун инсони комил таваллуд ёфт,— бе мерос гирифтани гуноҳ (Луқо 1:35).

Яҳува Писари ягоназоди худро ба унвони фидя барои мо фидо кард.

11. Чӣ тавр як инсон метавонад барои бозхариди миллионҳо одамон фидя гардад?

11 Чӣ тавр як инсон метавонад фидяе барои миллионҳо одамон гардад? Чӣ гуна дар ибтидо гуноҳ ба одамизод роҳ ёфт? Ба хотир оред,— бо содир кардани гуноҳ Одам атои гаронбаҳои Худо — ҳаёти комилонаро аз даст дод. Аз он лаҳза, Одам қобилияти ба насли худ мерос гузоштани чунин ҳаёти комилонаро низ гум кард. Ба ҷои он, ӯ ба насли худ танҳо гуноҳ ва маргро ба ирс гузаронд. Исо, онеро ки Китоби Муқаддас «Одами охирин» меномад, инсони комиле буд, ки ҳеҷ гоҳ гуноҳ накардааст (1 Қӯринтиён 15:45). Метавон гуфт, ки Исо барои наҷоти мо ҷои Одамро гирифт. Бо қурбон кардани ҳаёти комилонаи худ ва итоат ба Худо то дами марг, Исо арзиши гуноҳи Одам, яъне қарзи вайро адо кард. Ҳамин тавр Исо ба насли Одам умед бахшид (Румиён 5:19; 1 Қӯринтиён 15:21, 22).

12. Ранҷу азобҳои Исо кашида чиро исбот карданд?

12 Китоби Муқаддас ба таври муфассал ранҷу азобҳои пеш аз марг кашидаи Исоро тасвир мекунад. Ӯро заданд, дар сутуни шиканҷа овехтанд ва марги пуразобро аз сар гузаронид (Юҳанно 19:1, 16–18, 30; Замимаи «Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ дар ибодат салибро истифода намекунанд»). Ба ин қадар ранҷу азоб кашидани Исо чӣ зарурияте буд? Аз бобҳои минбаъдаи ин китоб хоҳем фаҳмид, ки Шайтон оиди ходимони Яҳува саволе ба миён бардоштааст: «Оё ягон нафари онҳо зери фишори озмоишҳо ба Худо содиқ мемонад?» Қатъи назар аз азобҳои сахт, Исо ба Худо вафодору содиқ монда, бо ин беҳтарин ҷавобе дод ба саволи баҳсталаби Шайтон. Исо исбот намуд; инсони комиле, ки соҳиби озодии ирода мебошад, беайбии худро дар назди Худо нигоҳ дошта метавонад,— бархилофи фиребу найранги Шайтон. Чӣ қадар Яҳува хурсанду розӣ шуда бошад аз вафодории Писари азизаш! (Масалҳо 27:11).

13. Фидя чӣ тавр пардохта шуд?

13 Фидя чӣ тавр пардохта шуд? Рӯзи 14–уми нисани (моҳи ибрӣ) соли 33–юми д. мо, Худо роҳ дод, ки Писари комилу бегуноҳашро қатл кунанд. Ҳамин тавр Исо ҳаёти комили худро «як бор барои ҳамешагӣ» қурбон намуд (Ибриён 10:10, ТДН). Пас аз се рӯзи марги Исо, Яҳува ӯро аз нав ба ҳаёти рӯҳӣ бозгардонд, яъне эҳё кард. Дар осмон Исо баҳои ҳаёти комили инсониашро, ки ба сурати фидя барои насли Одам қурбон кард, ба Худо пешкаш намуд (Ибриён 9:24). Яҳува баҳои қурбонии Исоро ҳамчун фидя барои аз ғуломии гуноҳу марг озод шудани инсоният қабул кард. (Румиён 3:23, 24-ро хонед.)

АҲАМИЯТИ ФИДЯ БАРОИ ШУМО

14, 15. Барои бархурдор шудан аз «омурзиши гуноҳҳо»–ямон чӣ кор бояд кунем?

14 Бархилофи нокомилу гунаҳкор буданамон, мо метавонем аз баракатҳои бебаҳое, ки тавассути фидя имконпазир шудаанд, баҳра бубарем. Биёед ба баъзе аз баракатҳое, ки ин атои бузурги Худо дар замони ҳозираву оянда меорад, назар афканем.

15 Омурзиши гуноҳҳо. Аз сабаби нокомилии меросгирифта барои дурустии рафторамон моро лозим меояд, ки бо худ мубориза барем. Ҳар яки мо дар сухан ё рафтор гуноҳ мекунем. Вале ба туфайли қурбонии фидяи Исо «омурзиши гуноҳҳо»–и мо дар назди Худо имконпазир шудааст (Қӯлассиён 1:13, 14). Барои бархурдор шудан аз ин бахшиши Худо тавбаи ҳақиқӣ дар талаб аст. Ҳамчунин бояд ба Яҳува бо фурӯтанӣ муроҷиат намуда, дар асоси имоне, ки ба қурбонии фидяи Писараш овардаем, барои гуноҳҳоямон бахшиш бипурсем (1 Юҳанно 1:8, 9).

16. Чӣ ба мо имконияти бо виҷдони пок ибодат кардани Худоро медиҳад ва арзиши чунин виҷдон чӣ гуна аст?

16 Виҷдони дар назари Худо пок. Азоби виҷдони нопок ба осонӣ метавонад ҳиссиёти ноумедӣ ва маъюсиву корношоямӣ барангезад. Лекин, бо имконпазир кардани бахшиши гуноҳҳо тавассути фидя, Яҳува меҳрубонона ба мо иҷозат медиҳад, ки бархилофи нокомилиямон бо виҷдони пок Ӯро ибодат намоем (Ибриён 9:13, 14). Ин ба мо озодии суханро дар назди Яҳува мебахшад. Аз ин рӯ, мо озодона дар дуо ба Худо муроҷиат карда метавонем (Ибриён 4:14–16). Виҷдони пок бо худ оромии ақлу дил меоварад, ба худэҳтиромкунӣ мусоидат мекунад ва эҳсоси хушбахтӣ медиҳад.

17. Вуҷудияти кадом баракатҳо аз сабаби мурдани Исо барои мо имконпазир шуд?

17 Умеди зиндагии ҷовидона дар биҳишти рӯи замин. «Музди гуноҳ мамот аст»,— навишта шудааст дар Румиён 6:23. Ҳамин матн илова мекунад: «аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи ... Исои Масеҳ». Дар боби 3–юми ин китоб, мо дар бораи баракатҳои биҳишти бар рӯи замин оянда сӯҳбат карда будем (Ваҳй 21:3, 4). Тамоми ин баракатҳои оянда, аз ҷумла зиндагии ҷовидона бо саломатии комил танҳо тавассути марги Исо имконпазир гаштанд. Барои баҳравар шудан аз ин баракатҳо, бояд нисбати фидяи атошуда миннатдор будани худро зоҳир намоем.

ЧӢ ГУНА НИСБАТИ ФИДЯ СИПОСГУЗОР БУДАНАТОНРО ЗОҲИР КАРДА МЕТАВОНЕД

18. Чаро барои фидя бояд аз Яҳува миннатдор бошем?

18 Чаро мо ба Яҳува барои фидя бояд сипосгузор бошем? Хуб, тӯҳфае ки барои пешкаш карданаш шахси тӯҳфадиҳанда вақт, қувват ва ё маблағи зиёдеро сарф кардааст, бароямон бахусус боқадр хоҳад буд. Чунин тӯҳфа касро мутаассир месозад, зеро бо он муҳаббати самимии дӯстамон нисбати мо зоҳир мегардад. Фидя — тӯҳфаи қиматбаҳотарин аст, ҳеҷ чиз бо он баробар шуда наметавонад, чунки барои пешкаш намудани он Яҳува бузургтарин қурбонӣ овард. «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод»,— мегӯяд матни Юҳанно 3:16. Фидя — олитарин далели муҳаббати Худо нисбати мост. Ҳамчунин он дар бораи муҳаббати Исо, ки бо омодагӣ ҳаёташро барои мо қурбон намуд, шаҳодат медиҳад. (Юҳанно 15:13-ро хонед.) Бинобар ин, фидяи атошуда моро бояд мӯътакид намояд, ки Яҳува ва Писари Ӯ ҳар яки моро дар алоҳидагӣ дӯст медоранд (Ғалотиён 2:20).

Дониш андӯхтан дар хусуси Яҳува яке аз далелҳои барои қурбонии фидя миннатдор будани шумост.

19, 20. Чӣ тавр шумо метавонед нисбати атои Худо — фидя, сипосгузор буданатонро зоҳир намоед?

19 Пас чӣ тавр шумо метавонед нисбати атои Худо — фидя, сипосгузор буданатонро зоҳир намоед? Дар аввал, бикӯшед, ки бо атокунандаи фидя — Яҳува Худо хубтар шинос шавед (Юҳанно 17:3). Дар ин кор ба шумо омӯзиши Навиштаҳои Муқаддас бо ёрии китобе ки дар даст доред, кӯмак мерасонад. Ҳар қадаре ки донишатон дар бораи Яҳува афзун шавад, ҳамон қадар муҳаббататон нисбати Ӯ қавӣ хоҳад гашт. Дар навбати худ, ин муҳаббат шуморо ба хурсанд кардани Худо бармеангезад (1 Юҳанно 5:3).

20 Ба қурбонии фидяи Масеҳ имон зоҳир намоед. Оиди Исо гуфта шуда буд: «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад» (Юҳанно 3:36). Имон ба Исо дар чӣ зоҳир мегардад? Ин гуна имон натанҳо дар сухан ифода меёбад. «Имон бе аъмол мурда аст»,— гуфта шудааст дар Яъқуб 2:26. Бале, имони ҳақиқӣ бо «аъмол»–амон тасдиқ мешавад. Яке аз нишондиҳандагони имони ба Исо доштаамон бо ҷидду ҷаҳд алоқадри имкон пайравӣ кардан ба ӯ мебошад,— на танҳо дар сухан, балки дар рафтор низ (Юҳанно 13:15).

21, 22. a) Чаро ба маросими ҳарсолаи «Ёдбуди марги Масеҳ» ташриф бояд овард? б) Боби оянда дар бораи чӣ нақл мекунад?

21 Ба маросими ҳарсолаи Шоми ёдбуди марги Исо ташриф оваред. Шоми 14–уми нисани соли 33–и д. мо Исо маросиме муқаррар намуд, ки дар Китоби Муқаддас «шоми Худованд» номида шудааст (1 Қӯринтиён 11:20; Матто 26:26–28). Инчунин онро «Ёдбуди марги Масеҳ» низ меноманд. Исо ин маросимро бо мақсаде муқаррар кард, то расулон ва тамоми масеҳиёни ҳақиқӣ дар хотир доранд, ки ӯ барои онҳо ҷони комили инсонӣ ё ҳаёташро ҳамчун фидя фидо кард. Оиди ин маросим Исо фармудааст: «Инро барои хотираи Ман ба ҷо оваред» (Луқо 22:19). Ҷашни ҳарсолаи Шоми ёдбуд ба мо муҳаббати бузургеро, ки Яҳува ва Исо тавассути фидя нисбатамон изҳор карданд, ба хотир меорад. Ташрифи мо ба ёдбуди ҳарсолаи марги Масеҳ нишонаи нисбати фидя сипосгузор будани мо хоҳад буд *.

22 Аз ҷониби Яҳува пешкаш шудани фидя дар ҳақиқат бахшоиши бузургест (2 Қӯринтиён 9:14, 15). Ин атои бебаҳо қодир аст ҳатто ояндаи онҳоеро ки фавтидаанд, тағйир диҳад. Чӣ тавр? — Дар ин бора боби оянда нақл мекунад.

^ сарх. 21 Барои гирифтани маълумоти зиёдтар оиди маросими «Ёдбуди марги Масеҳ» ба замимаи «Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад» нигаред.