БОБИ 95
Исо дар бораи талоқ таълим медиҳад
МАТТО 19:1–15 МАРҚӮС 10:1–16 ЛУҚО 18:15–17
-
НАЗАРИ ХУДО БА ТАЛОҚ
-
АТОИ МУҶАРРАДӢ
-
МО БОЯД МИСЛИ КӮДАКОН БОШЕМ
Исо ва шогирдонаш аз Ҷалил баромада, ба он тарафи дарёи Урдун мегузаранд ва мехоҳанд аз Перея гузашта ба тарафи ҷануб раванд. Вақте Исо бори охир дар Перея буд, ӯ ба фарисиён гуфта буд, ки назари Худо ба ҷудо шудани ҳамсарон чӣ гуна аст (Луқо 16:18). Ҳоло онҳо боз ин масъаларо бардошта, мехоҳанд Исоро санҷанд.
Мӯсо-пайғамбар навишта буд, ки агар мард дар занаш «чизи нафратоваре» пайдо кунад, метавонад аз вай ҷудо шавад (Такрори Шариат 24:1). Яҳудиён дар бораи асос барои ҷудо шудан фикрҳои гуногун доранд. Баъзеҳо ҳатто фикр мекунанд, ки бо сабабҳои майда-чуйда низ ҷудо шудан мумкин аст. Барои ҳамин фарисиён мепурсанд: «Оё равост, ки мард бо ҳар сабаб аз зани худ ҷудо шавад?» (Матто 19:3).
Ба ҷойи он ки ба фикру ақидаи одамон ишора кунад, Исо суханони худи Худоро иқтибос меорад ва моҳирона онро шарҳ медиҳад: «Оё нахондаед, ки Офаридгор дар аввал онҳоро марду зан офарид? Ӯ гуфта буд: “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан хоҳанд буд”. Бинобар ин онҳо акнун ду тан неву як тан мебошанд. Пас, он чӣ Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Матто 19:4–6). Вақте Худо оилаи якумро барпо кард, ӯ ният дошт, ки Одаму Ҳавво як умр бо ҳам бошанд ва ҳеҷ гоҳ ҷудо нашаванд.
Фарисиён бо суханони Исо розӣ нашуда мегӯянд: «Набошад, барои чӣ Мӯсо-пайғамбар гуфтааст, ки мард метавонад ба занаш хати талоқ дода, аз вай ҷудо шавад?» (Матто 19:7). Исо ба онҳо мегӯяд: «Мӯсо аз сабаби дилсахтиатон ба шумо иҷозат додааст, ки аз зани худ ҷудо шавед, лекин дар аввал ин тавр набуд» (Матто 19:8). Ин ҷо Исо «дар аввал» гуфта, рӯзҳои Мӯсо-пайғамбарро неву вақтеро дар назар дорад, ки Худо дар боғи Адан оилаи аввалинро барпо кард.
Он гоҳ Исо ба онҳо ҳақиқати муҳимеро мегӯяд: «Ҳар кӣ аз зани худ, ғайр аз сабаби бадахлоқии ҷинсӣ, ҷудо шуда, зани дигаре гирад, ба ҳамсараш хиёнат мекунад» (Матто 19:9). Пас, ягона сабаб барои ҷудошавӣ бадахлоқии ҷинсӣ ё худ зино аст.
Шогирдон инро шунида мегӯянд: «Агар ин тавр бошад, пас, оиладор нашудан беҳтар аст» (Матто 19:10). Ҳар касе ки дар фикри оиладор шудан аст, бояд дарк кунад, ки издивоҷ пайванди абадӣ аст!
Баъд Исо дар бораи муҷаррадӣ гап мезанад. Ӯ мефаҳмонад, ки баъзеҳо аз шиками модар бо нуқсон таваллуд шудаанд, барои ҳамин оиладор намешаванд. Дигарон бошанд, аз он сабаб оиладор намешаванд, ки аз дасти одамон нуқсондор шудаанд. Вале қисми дигаре хоҳишҳои ҷинсии худро пахш карда, оиладор намешаванд, то вақту қуввати худро пурра барои иҷрои хости Худо сарф кунанд. Баъд Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ мувофиқи ин суханон амал карда тавонад, бигзор амал кунад [яъне муҷаррад монад]» (Матто 19:12).
Ин вақт одамон кӯдакони худро назди Исо меоранд, лекин шогирдон онҳоро сарзаниш мекунанд. Аз афташ, онҳо намехоҳанд, ки Исоро ташвиш диҳанд. Инро дида Исо хашмгин мешавад ва ба шогирдонаш мегӯяд: «Монед, ки кӯдакон назди ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро чунин шахсон Подшоҳии Худоро соҳиб мешаванд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ Подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул накунад, ҳеҷ гоҳ ба он дохил намешавад» (Марқӯс 10:14, 15; Луқо 18:15).
Чӣ дарси хубе! Барои қабул кардани Подшоҳии Худо мо бояд мисли кӯдак ҳалиму мулоим ва ба таълим гирифтан тайёр бошем. Исо кӯдаконро ба бағал мегираду баракат медиҳад ва ин тавр муҳаббаташро ба онҳо нишон медиҳад. Ва ӯ ҳамаи онҳоеро, ки «Подшоҳии Худоро мисли кӯдак қабул» мекунанд, ҳамин тавр дӯст медорад (Луқо 18:17).