Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чаро мо азоб мекашем, пир мешавем ва мемурем?

Чаро мо азоб мекашем, пир мешавем ва мемурем?

Дар назари Офаридгор мо мисли фарзандонаш ҳастем, барои ҳамин ӯ намехоҳад, ки мо азоб кашем. Набошад, чаро гирду атрофи мо пур аз ранҷу азоб аст?

Амали аввалин марду зан моро ба ин ҳол оварда расонд

«Ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон даромад ва ба воситаи гуноҳ марг омад. Ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт» (РУМИЁН 5:12).

Худованд аввалин марду зан, Одаму Ҳавворо бо ақлу тани комил офарида буд. Ӯ ҳамчунин онҳоро дар биҳишти рӯйи замин ҷой дод, ки он боғи Адан ном дошт. Парвардигор ба онҳо гуфта буд, ки аз тамоми дарахтони боғ хӯрда метавонанд, ғайр аз яктоаш. Сад афсӯс ки, Одаму Ҳавво меваи дарахти манъшударо хӯрда гуноҳ карданд (1 Мӯсо 2:15–17; 3:1–19). Баъди беитоатиашон Худованд ин ҷуфтро аз боғи Адан берун кард ва ҳаёти онҳо беҳад душвор гашт. Бо гузашти вақт онҳо фарзанддор шуданд ва ҳаёт барои фарзандонашон низ вазнин гашт. Ҳамаи онҳо пир шуда мурданд (1 Мӯсо 3:23; 5:5). Мо низ касал мешавем, пир мегардем ва оқибат мемурем, чунки насли Одаму Ҳавво мебошем.

Сабаби дигари азоби мо фариштаҳои бадкор мебошанд

«Тамоми ҷаҳон дар таги дасти Иблис аст» (1 ЮҲАННО 5:19).

Иблис — Шайтон, фариштаи ноаёне мебошад, ки ба зидди Худо баромад (Юҳанно 8:44; Ошкорсозӣ 12:9). Баъдтар, дигар фариштаҳо низ ба Шайтон ҳамроҳ шуданд ва девҳо ном гирифтанд. Ин фариштаҳои бадкор одамонро гумроҳ карда, аз Офаридгор дур месозанд. Онҳо ба бисёр одамон таъсир мерасонанд, то ба кори бад даст зананд (Забур 106:35–38; 1 Тимотиюс 4:1). Ба Шайтону девҳояш маъқул аст, ки ҳаёти одамонро талх созанд.

Баъзан худи мо сабабгори ранҷу азобамон мегардем

«Он чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад» (ҒАЛОТИЁН 6:7).

Бисёр вақт мо аз гуноҳи мерос гирифтаамон ё аз таъсири бади одамони гирду атроф азоб мекашем, лекин баъзан мо худамон ҳаётамонро душвор мегардонем. Чӣ тавр? Вақте ки ба кори бад даст мезанем ё қарори бехирадона қабул мекунем, оқибати бади онро медаравем. Баръакси ин, агар одамон корҳои хуб кунанд, оқибат чизҳои хубро дарав мекунанд. Масалан, шавҳар ва падари поквиҷдоне, ки аз таҳти дил кор мекунаду оилаашро дӯст медорад, бисёр чизҳои хубро медаравад ва оилаашро хушбахт месозад. Вале, агар касе қиморбозӣ кунад, ба айшу нӯш дода шавад ё танбалӣ кунад, шояд оқибат худашу оилааш ба як бурда нон зор шаванд. Барои ҳамин, агар мо ба Офаридгорамон гӯш диҳем, бохирадона амал мекунем. Ӯ мехоҳад, ки мо бисёр чизҳои хубро даравем, аз он ҷумла «осоиштагии бисёр»-ро (Забур 119:165).

Сабаби дигари азоби мо «рӯзҳои охир» мебошанд

«Дар рӯзҳои охир... одамон худбин, пулпараст... беитоат ба падару модар... бепарҳез, ваҳшӣ, душмани некӣ... мешаванд» (2 ТИМОТИЮС 3:1–5).

Имрӯзҳо одамон айнан чи хеле ки пешгӯйӣ шуда буд, амал мекунанд. Рафтори онҳо тасдиқ мекунад, ки мо дар «рӯзҳои охир» ё охирзамон зиндагӣ дорем. Дар Навиштаҳо ҳамчунин пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои охир ҷангҳо, гушнагӣ, заминҷунбиҳои сахт ва вабоҳо рӯй медиҳанд (Матто 24:3, 7, 8; Луқо 21:10, 11). Ин чизҳо ба азобҳои бисёр ва марг оварда мерасонанд.