Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Зани хирадманд ба овози виҷдонаш гӯш медиҳад

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

Аборт

Аборт

Ҳар сол даҳҳо миллион кӯдаконеро, ки ҳоло таваллуд нашудаанд, аз ҳаёт маҳрум месозанд. Ин шумора аз аҳолии бисёр мамлакатҳо зиёд аст.

Қарори шахсӣ ё кори тамоман нораво?

ОДАМОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

 

Занон аз сабабҳои гуногун ба аборт даст мезананд, аз он ҷумла аз сабаби душвориҳои пулию молӣ, муносибати бад дар оила ва аз тарси он ки баъд кӯдакро танҳо калон мекунанд. Ва ё онҳо мехоҳанд хонданашонро давом диҳанд ё дар ҷойи корашон ба мансабу мартабаҳои баланд расанд. Лекин барои дигарон аборт кори аз ҷиҳати ахлоқӣ норавост. Ба фикри онҳо, зан бо ин кораш кӯдакро аз ҳуқуқи зиндагӣ кардан маҳрум месозад.

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

 

Дар назари Худо ҳаёт муқаддас аст, хусусан ҳаёти одам (Ҳастӣ 9:6; Забур 35:10). Ин принсип ҳамчунин ба кӯдаке, ки дар батни модар аст, дахл дорад. Батн ҷойи бехатарест, ки Худо барои инкишоф ёфтани кӯдак пешбинӣ кардааст. Як нависандаи Китоби Муқаддас гуфта буд: «Маро дар батни модарам тарҳ афкандаӣ». Ӯ илова карда гуфт: «Ҷанинамро чашмони Ту дидааст, ва дар дафтари Ту ҳамаи узвҳоям навишта шудааст, ва рӯзҳои пайдо шудани онҳо» (Забур 138:13, 16).

Назари Худоро ба ҳаёти кӯдаки таваллуднаёфта аз Қонун, ки ба халқи Исроил дода шуда буд, фаҳмидан мумкин аст. Ҳамчунин виҷдонамон, ки атои Худост, ба мо барои фаҳмидани назари Худо ёрдам мекунад. Дар Қонуни Худо гуфта мешуд, ки агар шахс ба зани ҳомиладор ҳамла кунаду кӯдаки батни ӯро кушад, ҷазои он шахс марг аст. Яъне қотил бояд бар ивази ҳаёти нобудкардааш ҳаёти худро медод (Хуруҷ 21:22, 23). Албатта, дар ҳар маврид доварон бояд вазъиятро пурра дида мебаромаданд ва аниқ мекарданд, ки шахс ин корро қасдан кард ё нохост (Ададҳо 35:22–24, 31).

Ҳар яки мо виҷдон дорем. Вақте зан ба виҷдон, яъне овози даруниаш гӯш медиҳаду ба ҳаёти тифли таваллуднашудаи худ эҳтиром нишон медиҳад, он вақт виҷдонаш ӯро мукофот медиҳад *. Агар ба овози виҷдонаш гӯш надиҳад, ӯ азоби виҷдон мекашад (Румиён 2:14, 15). Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бештар он заноне, ки аборт кардаанд, гирифтори хавотирӣ ва депрессия мешаванд.

Лекин агар калон кардани кӯдак тарсовар тобад-чӣ? Хусусан вақте ки шумо нохост ҳомиладор мешавед? Аҳамият диҳед, ки Китоби Муқаддас ба онҳое, ки аз рӯйи гуфтаҳои Худо зиндагӣ мекунанд, чӣ ваъда медиҳад: «Бо некӯкор Ту некӯкорона рафтор мекунӣ, бо мард [ё зан]-и ростдил ростдилона» (Забур 17:26). Дар он ҳамчунин навишта шудааст: «Худованд инсофро дӯст медорад, ва порсоёни Худро тарк нахоҳад кард» (Забур 36:28).

«Виҷдон ва афкорашон низ, ки якдигарро гоҳе айбдор ва гоҳе сафед мекунанд, дар ин бобат гувоҳӣ медиҳанд» (Румиён 2:15).

Агар шумо аборт карда бошед-чӣ?

ОДАМОН ЧӢ МЕГӮЯНД?

 

Рут, ки кӯдаконашро танҳо тарбия мекунад, чунин мегӯяд: «Ман аллакай се кӯдаки майда доштам, барои ҳамин фикр мекардам, ки чорумашро калон карда наметавонам. Лекин баъди кардани аборт ман фикр мекардам, ки ба як кори пасту даҳшатнок даст задаам» *. Оё Худо ин занро ҳеҷ гоҳ намебахшад? Биёед фаҳмем.

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

 

Ин суханони Исо-пайғамбар нишон медиҳанд, ки ӯ тарзи фикрронии Худоро инъикос мекард: «Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам» (Луқо 5:32). Бале, вақте мо аз хатои кардаамон сахт пушаймон мешавем, тавба мекунем ва аз Худо бахшиш мепурсем, Ӯ моро бо омодагӣ мебахшад, ҳатто агар гуноҳамон ҷиддӣ бошад (Ишаъё 1:18). Дар Забур 50:19 гуфта мешавад: «Дили шикаста ва залилро Ту, эй Худо, хор нахоҳӣ дид».

Агар шахси тавбакарда бо фурӯтанӣ ба Худо дуо гӯяд, Худо ба ин шахс ғайр аз виҷдони пок боз оромиву осоиштагӣ медиҳад: «Дар дуо ва илтимос бо шукргузорӣ хоҳишҳои худро ба Худо ошкор намоед,— ва осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст, дилҳои шумо ва фикрҳои шуморо... нигоҳ хоҳад дошт» (Филиппиён 4:6, 7) *. Баъди он ки Рут Китоби Муқаддасро омӯхт ва ба Худо дилашро холӣ кард, ӯ дар дилаш оромӣ ҳис кард. Рут фаҳмид, ки Худо бахшанда аст (Забур 129:4).

«[Худо] бо мо мувофиқи хатоҳоямон амал накардааст, ва моро мувофиқи гуноҳҳоямон сазо надодааст» (Забур 102:10).

^ сарх. 10 Баъзан духтурон мегӯянд, ки саломатии модар ё кӯдак гӯё зери хатар аст, барои ҳамин аборт кардан лозим аст. Лекин ин барои аборт сабаб буда наметавонад. Агар дар вақти таваллуд қарор қабул кардан даркор шавад, ки ҳаёти модар ё кӯдакро интихоб кунанд, ин қарорро худи ҳамсарон қабул мекунанд. Дар бисёр мамлакатҳои тараққиёфта бошад, ба туфайли пешравиҳо дар соҳаи тиб чунин вазъият хеле кам ба назар мерасад.

^ сарх. 15 Ном иваз шудааст.

^ сарх. 18 Ҳамчунин умед ба он ки мурдаҳо зинда мешаванд, ба мо оромиву осоиштагӣ мебахшад. Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 апрели с. 2009, рубрикаи «Саволҳои хонандагон». Аз принсипҳое, ки дар ин мақола муҳокима шудаанд, фаҳмидан мумкин аст, ки кӯдаке, ки дар батни модар мемурад, зинда мешавад ё не.