РОҲ БА СӮЙИ ХУШБАХТӢ
Қаноат ва саховат
ОЁ ШУМО РОЗИЕД, КИ БИСЁР ОДАМОН ХУШБАХТИРО ДАР БОИГАРӢ ДИДА, «ПУЛ БОШАД, ДАР ҶАНГАЛ ШӮРБО» МЕГӮЯНД? Миллионҳо одамон барои пулдор шудан шабро шаб ва рӯзро рӯз нагуфта, кор мекунанд. Лекин оё пулу мол ҳақиқатан одамро хушбахт мекунад? Таҷрибаи зиндагӣ чиро нишон медиҳад?
Дар як маҷаллаи доир ба хушбахтӣ («Journal of Happiness Studies») гуфта шудааст, ки, вақте одам пул ёфта, шикамашро серу танашро гарм мекунад, ӯ хушу хурсанд мешавад, пули аз ин зиёд бошад, ба хушбахтии ӯ он қадар таъсир намекунад. Гап дар сари пул ҳам нест. Ҳама гап дар сари муносибат ба он аст. «Аз пайи пул давидан сабаби бадбахтиҳо мешавад»,— гуфта шудааст дар маҷаллаи «Назаре ба равоншиносӣ» («Monitor on Psychology»). Дар ин бора қариб ду ҳазор сол пеш дар Китоби Муқаддас чунин навишта шуда буд: «Пулпарастӣ решаи ҳама гуна бадиҳост ва баъзеҳо аз пайи он шуда... худро ба азобҳои зиёде гирифтор кардаанд» (1 Тимотиюс 6:9, 10). Дар ин ҷо гап дар бораи кадом ғаму азоб меравад?
АЗ ТАРСИ ГУМ КАРДАНИ ПУЛУ МОЛ ОДАМ ХАВОТИРИЮ БЕХОБӢ МЕКАШАД. «Хоби меҳнаткаш ширин аст, хоҳ хӯрокро кам бихӯрад ва хоҳ бисёр; вале серии сарватдор намемонад, ки ӯ хоб равад» (Воиз 5:11).
ДИЛШИКАСТАГӢ АЗ ОН КИ ШАХС ДАР ОРЗУИ ХУШБАХТӢ БУДУ ОН ҶОМАИ АМАЛ НАПӮШИД. Азбаски чашми одами ҳарис аз пул серӣ надорад, ӯ хушбахт нест. «Дӯстдори нуқра аз нуқра сер намешавад, ва касе ки сарвати зиёдро дӯст медорад, мадохилаш [даромадаш] ба муддаои табъаш нест» (Воиз 5:9). Ғайр аз ин, касе, ки ҳушу ёдаш ба давлату сарват аст, ба чизҳои муҳимтаре, ки ҳаётро ширин мекунанд, хунукназарӣ менамояд. Масалан, ӯ ба ҷойи он ки бо аҳли оила ва ёру дӯстон вақт гузаронад ва бо Худо наздик шавад, доимо аз паси пул медавад.
ЗИҚИЮ АНДӮҲ АЗ БЕҚУРБ ШУДАНИ ПУЛ Ё БАРОР НАГИРИФТАНИ КОРИ СЕРХАРҶ. «Барои сарват ғун кардан заҳмат накаш; тадбирсозиҳои худро тарк намо. Оё мехоҳӣ чашмони худро ба он бидӯзӣ, ва ҳол он ки он ғоиб шудааст? Зеро ки он барои худ болҳо месозад ва мисли уқоб ба осмон парида меравад» (Масалҳо 23:4, 5).
ЧӢ ХУШБАХТӢ МЕОРАД?
ҚАНОАТ. «Мо ба ҷаҳон чизе наовардаем ва аз он чизе бурда наметавонем. Пас, модоме ки хӯрок ва либос дорем, бо ин чизҳо қонеъ хоҳем буд» (1 Тимотиюс 6:7, 8). Одамоне, ки бо дода қаноат мекунанд, ба шикояту ғур-ғур моил нестанд ва ба дигарон ҳасад намебаранд. Азбаски онҳо бисёр талаб намекунанд, худро аз ғаму ташвиши беҳуда нигоҳ медоранд.
САХОВАТ. «Додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35). Одамони сахию дасткушод аз хурсанд кардани дигарон шод мешаванд. Онҳо ғайр аз вақту қувват чизи дигаре дода натавонанд ҳам, худро аз кардани кори нек бознамедоранд. Чунин одамон бисёр вақт он чизеро, ки бо пул харида намешавад, яъне меҳру муҳаббат, эҳтиром ва дӯстони ҷонии миннатдорро, пайдо мекунанд (Луқо 6:38).
ҚАДРИ ОДАМ АЗ САРВАТ БЕШ АСТ. «Таоми сабзавот дар ҷое ки муҳаббат бошад, беҳ аз гови охурӣ, ки бо он адоват бошад» (Масалҳо 15:17). Аз ин оят чиро фаҳмидан мумкин аст? Дӯстӣ ва меҳру муҳаббат аз тангаю тилло ва чизу чора муҳимтар аст. Бе муҳаббат, чуноне ки баъдтар дида мебароем, хушбахт шудан амри маҳол аст.
Сабина, зане аз Амрикои Ҷанубӣ, маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор бурда, қадру қимати онҳоро фаҳмид. Зиндагии вай осон набуд: шавҳараш ӯву ду духтарашро партофта рафт, ӯ базӯр оилаашро мехӯронд. Сабина дар ду ҷо кор мекард ва ҳар рӯз соати чори саҳар мехест. Гарчанд вай сахт монда мешуд, омӯхтани Китоби Муқаддасро сар кард. Ин чӣ натиҷа овард?
Шароити зиндагии вай қариб ки монанди пештара аст, лекин назари вай ба зиндагӣ тамоман дигар шуд. Масалан, Сабина хушбахт аст, ки бо Худо дӯстӣ пайдо кард (Матто 5:3). Ҳамчунин ӯ дар байни ҳамимононаш дӯстони ҷонӣ ёфт. Ба дигарон дар бораи Худо нақл кардан низ ба ӯ хурсандӣ меорад.
Вақте шахс маслиҳатҳои Каломи Худоро ба кор бурда, қаноат мекунад, дасткушоду саховатманд мешавад ва одамро аз пулу мол боло мегузорад, боварӣ ҳосил мекунад, ки ин маслиҳатҳо дурустанд ва дар ҳақиқат шахсро хушбахт мекунанд.