Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

КӮМАК БА ОИЛАҲО | ТАРБИЯ

Кору бори хона

Кору бори хона

ДУШВОРИҲО

Дар баъзе оилаҳо аз кӯдакон интизоранд, ки ба кори хона ёрдам диҳанд ва онҳо ин корро бе ягон шикоят ба ҷо меоранд. Дар оилаҳои дигар бошад, волидон аз кӯдаконашон бисёр талаб намекунанд ва кӯдакон аз ин сӯиистифода мекунанд.

Мутахассисон пай бурданд, ки дар бисёр мамлакатҳо кӯдакон ба муфтхӯрӣ майл доранд ва намехоҳанд, ки ба дигарон хизмат кунанд. Волиде, ки Стивен ном дорад, чунин мегӯяд: «Имрӯз кӯдаконро ба ҳоли худ мегузоранд, то бо бозиҳои компютерӣ ва тамошои телевизион машғул бошанд ё аз интернет истифода баранд. Аз онҳо интизор нестанд, ки ягон кори хонаро кунанд».

Мо медонем, ки кору бори хона муҳим аст, лекин он барои худи кӯдак чӣ фоида меорад? Шумо чӣ фикр доред?

ДАР ЁД ДОРЕД...

Баъзе волидон фикр мекунанд, ки фарзандонашон бо иҷрои вазифаи хонагӣ ё корҳои берун аз синфӣ сахт банд ҳастанд, барои ҳамин корҳои хонаро ба онҳо супоридан намехоҳанд. Лекин биёед дар бораи манфиати он фикр кунем.

Кору бори хона барои баркамол шудани кӯдак ёрдам мекунад. Кӯдаконе, ки кору бори хонаро мекунанд, одатан дар мактаб фаъол ҳастанд. Кори хонаро иҷро кардан ба кӯдак ёрдам мекунад, ки ӯ боваринок, ботартибу низом ва қавиирода бошад ва ин хислатҳо ба ӯ ёрдам мекунанд, ки дар таҳсил беҳтар шавад.

Кору бори хона кӯдакро тайёр мекунад, ки ба дигарон хизмат кунад. Баъзеҳо аҳамият доданд, ки кӯдаконе, ки ба корҳои хона ёрдам мекунанд, чун калонсолон дар иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ӯҳдадориро ҳис мекунанд. Ин тааҷҷубовар нест, зеро кори хона ба кӯдакон ёд медиҳад, ки аввал дар бораи дигарон фикр кунанд. Лекин Стивен илова мекунад: «Вақте волидон аз кӯдакон ҳеҷ чиз талаб намекунанд, онҳо фикр мекунанд, ки барои он ба дунё омаданд, то дигарон ба онҳо хизмат кунанд ва нисбати масъулияту меҳнат тасаввуроти нодуруст пайдо мекунанд».

Кору бори хона оиларо сарҷамъ мекунад. Кӯдакон дар хона кор карда мефаҳманд, ки онҳоро қадр мекунанд ва онҳо чун аъзои оила ӯҳдадорӣ доранд. Агар волидон машғулияти берун аз синфии фарзандашонро аз кору бори хона боло гузоранд, онҳо ба мақсад намерасанд. Фарз кардем, ки шумо кӯдаки худро ба дастаи футболбозон супоридед, то берун аз дарс машқ кунад. Лекин чӣ фоида, агар ӯ бо дигарон дӯст шаваду аз оилаи худ дур гардад?

ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?

Аз кӯдакӣ сар кунед. Баъзеҳо мегӯянд, ки волидон ба кӯдакон супоридани корро бояд аз сесолагӣ сар кунанд. Дигарон бошанд, маслиҳат медиҳанд, ки аз дусолагӣ ва ё аз он хурдтар. Асосаш ҳамин ки кӯдаки хурд ҳамроҳи падару модар кор карданро дӯст медорад ва мехоҳад ба онҳо тақлид кунад. (Ояти Китоби Муқаддас: Масалҳо 22:6.)

Супоришро мувофиқи синну сол диҳед. Масалан, кӯдаки сесола метавонад бозичаҳои худро ғундорад, ягон ҷойро пок кунад ё либосҳоро барои шустан ҷудо кунад. Кӯдакони калонтар метавонанд хона рӯбанд, мошин шӯянд ва ҳатто хӯрок тайёр кунанд. Қобилияти кӯдакатонро инкишоф диҳед ва баъд худатон ҳайрон мешавед, ки ӯ нисбати кор чӣ гуна шавқу рағбат пайдо мекунад.

Қайд кунед, ки корҳои хона муҳим аст. Вақте мебинед, ки кӯдакатон вазифаи хонагии бисёр дорад, шояд дилатон нашавад, ки боз корҳои хонаро ба сараш бор кунед. Лекин дар як китоб гуфта шудааст, ки агар падару модар ба хотири баҳои хуб гирифтани кӯдак корҳои хонаро аз дасти ӯ гиранд, ин нишон медиҳад, ки онҳо муҳим будани корҳои хонаро дарк намекунанд (The Price of Privilege). Чи хеле ки дар боло гуфта шудааст, супоридани кори хона ба кӯдакон ёрдам медиҳад, ки омӯзандагони хуб бошанд. Ҳамчунин чизи омӯхтаашон онҳоро ба оянда, вақте ки худашон оиладор мешаванд, тайёр мекунад. (Ояти Китоби Муқаддас: Филиппиён 1:10.)

Диққатро ба мақсад равона кунед, на ба натиҷа. Шояд кӯдакатон кореро, ки шумо ба ӯ супоридед, дурудароз иҷро кунад ва ё сифати кораш на он қадар нағз бошад. Дар ин маврид аз дасти кӯдак корро нагиред. Аз кӯдакатон чизи бисёрро интизор нашавед. Мақсади шумо он нест, ки кӯдакатон мисли одами калон кор кунад, балки масъулиятнок бошаду фаҳмад, ки меҳнат ба кас хурсандӣ меорад. (Ояти Китоби Муқаддас: Воиз 3:22.)

Кӯдакро ба пул одат накунонед. Баъзеҳо мегӯянд, ки агар ба кӯдак барои иҷрои кору бори хона пул диҳӣ, онҳо масъулият ҳис мекунанд ва ин корро беҳтар иҷро мекунанд. Баъзеи дигар бошанд, мегӯянд, ки агар ин хел кунӣ, кӯдак одат мекунад ва роҳи ба даст овардани пулро фикр мекунад, на ин ки дар оила гузоштани саҳми худро. Онҳо ҳамчунин огоҳ мекунанд, ки агар кӯдак пули барояш кофӣ дошта бошад, дигар кор кардан намехоҳад ва намефаҳмад, ки кору бори хона ба ӯ чӣ фоида меорад. Хуб мебуд, агар ба кӯдак барои кардани кору бори хона пул надиҳед ва кисапулию меҳнат ҳар яке ҷойи худро дошта бошад.