Саволҳои хонандагон
Вақте Исо гуфт, ки «фикр накунед, ки ман барои ба замин овардани осоиштагӣ омадаам»,— ӯ чиро дар назар дошт?
Исо одамонро таълим медод, ки бо якдигар муросо кунанд. Вале боре ӯ ба расулонаш чунин гуфт: «Фикр накунед, ки ман барои ба замин овардани осоиштагӣ омадаам. Не, барои он омадам, ки на осоиштагӣ, балки шамшер орам. Ман омадаам, то писарро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам» (Мат. 10:34, 35). Ӯ чиро дар назар дошт?
Исо ҳеҷ вақт намехост, ки оилаҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунад. Вале ӯ медонист, ки таълимоти ӯ боиси ҷудо шудани баъзе оилаҳо мегардад. Аз ин рӯ онҳое, ки пайрави ӯ шуда таъмид гирифтан мехоҳанд, бояд донанд, ки оилаашон бо қарори онҳо норозӣ буда метавонанд. Агар онҳо аз тарафи ҳамсар ё ягон узви оилаашон ба зиддият дучор шаванд, мувофиқи таълими Исо зиндагӣ кардан барояшон душвор мешавад.
Китоби Муқаддас пайравони Масеҳро даъват мекунад, ки «бо ҳамаи одамон муросо» кунанд (Рум. 12:18). Вале таълими Исо мисли «шамшер» дар байни оила ҷудоӣ андохта метавонад. Ин дар сурате рӯй медиҳад, ки ягон узви оила таълими Исоро қабул мекунаду дигарон бошанд, онро рад менамоянд ё зид мебароянд. Дар ин ҳол аҳли хонавода «душман»-и ҳамон шахсе мегардад, ки ҳақиқатро меомӯзад (Мат. 10:36).
Пайравони Исо, ки аъзои оилаашон ҳамимони мо нестанд, баъзан бо ҳолатҳое рӯ ба рӯ мешаванд, ки муҳаббаташон ба Яҳува ва Исо санҷида мешавад. Масалан, аъзои оилаашон онҳоро мумкин маҷбур кунанд, ки идҳои диниро ҷашн гиранд. Дар ин лаҳза онҳо бояд қарор кунанд, ки розигии киро ба даст овардан мехоҳанд. Исо гуфта буд: «Касе падар ё модари [худро]... аз ман бисёртар дӯст дорад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад» (Мат. 10:37). Албатта, Исо гуфтанӣ набуд, ки барои шогирди ӯ шудан шахс падару модарашро бояд камтар дӯст дорад. Баръакс, ӯ дар назар дошт, ки шахс бояд донад, ки аз ҳама чизи муҳим дар ҳаёт чӣ аст. Мисол, агар аъзои оилаамон ба мо зиддият нишон диҳанд, мо минбаъд низ онҳоро дӯст хоҳем дошт, ҳамзамон фаромӯш намекунем, ки муҳаббатамон ба Яҳува дар ҷойи аввал меистад.
Албатта, зиддият аз тарафи оила бисёр дардовар аст. Вале шогирдони Исо бояд суханони зерини ӯро дар хотир доранд: «Ҳар касе, ки намехоҳад сутуни азобашро бардошта, маро пайравӣ кунад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад» (Мат. 10:38). Яъне масеҳиён зиддияти аъзои оилаашонро мисли дигар азобҳо бо омодагӣ қабул мекунанд. Дар баробари ин онҳо умед доранд, ки ба туфайли рафтори хубашон аъзои оилаи онҳо як рӯз не, як рӯз фикрашонро дар бораи ҳақиқат дигар карда ба омӯхтани Каломи Худо хоҳиш пайдо мекунанд (1 Пет. 3:1, 2).