Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 29

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

Аз васвасаҳо эҳтиёт шавед!

Аз васвасаҳо эҳтиёт шавед!

«Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед» (МАТ. 26:41).

МАҚСАД

Ин мақола ба мо ёдрас мекунад, ки аз гуноҳ ва қадамҳое, ки сӯйи он мебаранд, даргурез бошем.

1, 2. а) Исо шогирдонашро аз чӣ огоҳӣ дод? б) Чаро шогирдон Исоро партофта гурехтанд? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

 ИСО гуфта буд: «Рӯҳ бардам аст, вале ҷисм нотавон» a (Мат. 26:41б). Бо ин суханон ӯ гуфтанӣ буд, ки нокомилиямонро мефаҳмад ва медонад, ки мо хато карда метавонем. Ҳамчунин бо ин суханон шогирдонашро огоҳ кард, ки аз худбоварӣ эҳтиёт шаванд. Худи ҳамон шаб, каме пештар, шогирдон бо дилпурӣ гуфтанд, ки ҳеҷ гоҳ аз Устодашон дур намешаванд (Мат. 26:35). Нияти онҳо хуб буд. Вале онҳо дарк намекарданд, ки фишори вазъият ба ин зудӣ миёни азмашонро мешиканад. Барои ҳамин Исо онҳоро огоҳ кард: «Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед» (Мат. 26:41а).

2 Афсӯс ки, шогирдон ҳушёриро аз даст доданд. Вақте Исоро дастгир намуданд, онҳо чӣ кор карданд? Ҳамин ки сарбозонро диданд, шогирдон ваъдаеро, ки синазанон дода буданд, дар як дам фаромӯш сохтанду Исоро тарк карданд (Мат. 26:56).

Исо расулонашро огоҳ карда буд, ки бедор бошанд, то ба васваса наафтанд, лекин онҳо ӯро тарк карданд (Ба сархатҳои 1 ва 2 нигаред.)


3. а) Барои ба Яҳува вафодор мондан чаро мо бояд аз худбоварӣ эҳтиёт шавем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Мо набояд зарари худбовариро бо чашми кам бинем. Албатта, мо Яҳуваро дӯст медорему мехоҳем ӯро шод гардонем. Ба ҳар ҳол мо набояд фаромӯш кунем, ки нокомилему аз васвасаҳо эмин нестем (Рум. 5:12; 7:21–23). Агар эҳтиёт нашавем, нафаҳмида мемонем, ки ягон васваса дар диламон реша давондааст. Барои ба Яҳуваю Писараш вафодор мондан мо бояд аз рӯйи маслиҳати Исо амал кунем. Аз ин мақола мефаҳмем, ки, якум, пеш аз ҳама бояд аз кадом ҷиҳат эҳтиёткор бошем, дуюм, чӣ тавр худро аз васваса ҳимоя кунем, ва, сеюм, чӣ хел ҳушёриро аз даст надиҳем.

АЗ КАДОМ ҶИҲАТҲО ЭҲТИЁТКОР БОШЕМ?

4, 5. Чаро бояд ба гуноҳҳои ночиз беаҳамиятӣ накунем?

4 Баъзе гуноҳҳо он қадар ҷиддӣ нестанд, лекин гуноҳҳои ночиз ҳам пайванди дӯстиямонро бо Яҳува якриштагӣ мекананд. Ғайр аз ин, гуноҳи майда ба гуноҳи калонтар мебарад.

5 Ҳамаи мо бо васвасаи гуноҳ рӯ ба рӯ мешавем. Лекин ҳар кас аз ҳар ҷиҳат сустиҳо дорад. Барои ҳамин баъзеҳо бо васвасаи гуноҳи ҷиддӣ мубориза мебаранд, дигарон бо ягон рафтори нопок ё бо фикрронии нодуруст. Масалан, барои як кас бадахлоқӣ васваса аст, барои дигар кас амали нопоке, ба монанди мастурбатсия ё тамошои порнография. Боз касоне, ҳастанд, ки бо одамтарсӣ, худсарӣ, зудхашмӣ ё дигар сустӣ дастбагиребонанд. Яъқуб гуфта буд, ки «ҳар кас саргарм ва фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда ба озмоиш дучор мегардад» (Яъқ. 1:14).

6. Чиро мо бояд тан гирем?

6 Оё шумо медонед чӣ гуна сустиҳо доред? Онҳоро нодида нагиред. Ё хулоса накунед, ки шумо чунон рӯҳан бақувватед ки, ҳеҷ гоҳ қадами нодуруст намемонед (1 Юҳ. 1:8). Суханони Павлуси расулро дар ёд доред. Ӯ гуфта буд, ки, агар «одамони рӯҳан баркамол» эҳтиёт нашаванд, ба васваса афтода метавонанд (Ғал. 6:1). Аз ин рӯ мо бояд ба худ бо чашми ҳақиқат нигарем ва сустиҳоямонро мардонавор ба гардан гирем (2 Қӯр. 13:5).

7. Ба чӣ мо бояд махсусан диққат диҳем? Мисол оред.

7 Баъди муайян кардани сустиҳоямон мо бояд чӣ кор кунем? Аз пайи ислоҳашон шавем. Барои мисол, дар замонҳои қадим ҷойи аз ҳама сусти деворҳои шаҳр дарвозаҳо буданд, барои ҳамин дарвозаҳоро нағз посбонӣ мекарданд. Ба ин монанд, мо бояд аз сустиҳоямон огоҳ бошему рахнаҳои диламонро посбонӣ кунем, то ҳеҷ васвасае аз онҳо нагузарад (1 Қӯр. 9:27).

ДАРИ ДИЛАТОНРО ПОСБОНӢ КУНЕД

8, 9. Чӣ тавр ҷавоне, ки дар боби ҳафтуми Панднома тасвир шудааст, аз гуноҳи ҷиддӣ дур шуда метавонист? (Панднома 7:8, 9, 13, 14, 21).

8 Чӣ тавр дари диламонро аз васвасаҳо посбонӣ кунем? Биёед мисоли ҷавонеро, ки дар боби 7-уми китоби Панднома оварда шудааст, дида бароем ва фаҳмем, ки аз он чӣ омӯхта метавонем. Ӯ ба васваса дода шуда бо зани бадахлоқе зино кард. Дар ояти 22 гуфта мешавад, ки ин ҷавон «дарҳол» аз пайи он зан меравад. Лекин оятҳои пештара нишон медиҳанд, ки кадом қадамҳои бехирадонаи ҷавон ба гуноҳ оварда расонд.

9 Якум, ӯ бегоҳӣ «аз канори кӯчаи [зани зинокор] мегузашт», баъд сӯйи хонаи ӯ рафт. (Панднома 7:8, 9-ро хонед.) Сипас, вақте он занро дид, аз роҳаш нагашт. Баръакс, монд, ки ӯро бӯса кунад ва ба суханонаш гӯш андохт. Он зан гуфт, ки қурбонии осоиштагӣ овардааст ва бо ин дар пеши ҷавон худро зани боимону тақводор нишон доданӣ буд. (Панднома 7:13, 14, 21-ро хонед.) Агар ин ҷавон аз қадамҳои хатарнок эҳтиёт мешуд, дилашро аз васваса ва доманашро аз гуноҳ пок нигоҳ медошт.

10. Чӣ тавр имрӯз шахс хатои он ҷавонро такрор карда метавонад?

10 Ин воқеа нишон медиҳад, ки бо ҳар парастандаи Яҳува чунин шуданаш мумкин аст. Шахс баъди содир кардани гуноҳи ҷиддӣ, шояд, худаш нафаҳмида монад, ки барои чӣ ин хел шуд. Лекин, агар ӯ ба ин воқеа бо чашми ҳақиқат нигарад, мебинад, ки пеш аз ин якчанд қадами бехирадона гузоштааст. Шояд, ӯ бо касоне дӯстӣ кард, ки Яҳуваро дӯст намедоштанд. Ё бо вақтхушиҳои шубҳанок машғул буд, ба ҷойҳои ношоиста мерафт ё ба сайтҳое медаромад, ки ба масеҳиён раво нест. Эҳтимоли зиёд аст, ки дуогӯйиву хониши Китоби Муқаддасро бас карда буд, ба вохӯриву хизмат намерафт. Мисли ҷавоне, ки дар Панднома омадааст, ба гуноҳ даст заданаш ногаҳонӣ набуд.

11. Барои ба гуноҳ даст назадан мо бояд аз чӣ дур шавем?

11 Мо аз ин чӣ меомӯзем? Фақат аз гуноҳ дурӣ ҷустан кам аст. Боз мо бояд аз қадамҳое, ки ба он оварда мерасонанд, эҳтиёт шавем. Сулаймон инро баъд аз овардани мисоли ҷавон ва зани бадахлоқ қайд кард. Ба он зан ишора карда, ӯ гуфт: «Ба пайраҳаҳои вай қадам намон» (Пнм. 7:25). Сулаймон ҳамчунин маслиҳати ба ин монанд додааст: «Аз вай дур-дур гард, ба даҳани дараш наздик нашав» (Пнм. 5:3, 8). Бале, мо бояд аз ҳар вазъияти гуноҳовар худро дур гирем b. Ин, шояд, ягон вазъиятҳои муайян ё корҳое бошанд, ки барои масеҳиён манъ нашудаанд, лекин онҳо метавонанд моро ба васваса тела диҳанд (Мат. 5:29, 30).

12. Айюб чӣ азм карда буд ва чӣ тавр ин кораш ӯро аз қадами хато нигоҳ медошт? (Айюб 31:1).

12 Барои аз роҳи гуноҳ поямонро дур гирифтан мо бояд азми қавӣ дошта бошем. Айюб-пайғамбар бароямон намунаи хуб аст. Ӯ «бо чашмони худ аҳд баст», ки ҳеҷ гоҳ ба зане назари нораво намекунад. (Айюб 31:1-ро хонед.) Ин қадам ӯро аз зинокорӣ нигоҳ медошт. Мо низ метавонем қарор кунем, ки аз ҳар қадами васвасаовар дурӣ меҷӯем.

13. Чаро мо бояд фикррониямонро посбонӣ кунем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

13 Мо ҳамчунин бояд фикррониямонро посбонӣ кунем (2 Мӯсо 20:17). Баъзеҳо гумон мекунанд, ки дар бораи корҳои нораво хаёлпардозӣ кардан бадие надорад, муҳимаш ту ба онҳо даст назанӣ. Лекин ин фикр хатост. Хаёлбофиҳои нопок ҳаваси гуноҳро дар диламон қавитар мекунанд. Агар тухми васвасаро дар диламон накорем, барои решакан кардани он азоб ҳам намекашем. Албатта, фикрҳои нодуруст баъзан чун меҳмони нохонда ба сарамон меоянд. Дар ин ҳолат чӣ кор кардан мумкин аст? Дарҳол онҳоро пеш карда, сарамонро бо фикрҳои хуб пур кунем. Ҳамин тавр мо худро аз гуноҳи ҷиддӣ ҳимоя мекунем, зеро намемонем, ки фикрҳои нодуруст ба хоҳиши пурқудрат табдил ёбанд. Охир, бо чунин хоҳиши сахт мубориза бурдан душвор аст (Флп. 4:8; Қӯл. 3:2; Яъқ. 1:13–15).

Мо бояд аз ҳар чизи васвасаовар дурӣ ҷӯем (Ба сархати 13 нигаред.)


14. Боз чӣ ба мо кумак мекунад, ки худро аз васваса нигоҳ дорем?

14 Барои аз васвасаҳо худро ҳимоя кардан боз чӣ кор кардан мумкин аст? Мо бояд дилпур бошем, ки риоя кардани қонунҳои Худо ҳамеша бар фоидаи моянд. Эҳтимол, баъзан фикрронӣ, хоҳиш ва мақсадҳоямонро бо хости Яҳува мувофиқ кардан душвор бошад. Лекин хотири осудае, ки Худо медиҳад, аз ҳар кӯшише, ки мо мекунем, боло меистад.

15. Чӣ тавр инкишоф додани хоҳишҳои дуруст моро ба васвасаҳо тобовар месозад?

15 Ба мо лозим аст, ки хоҳишҳои дурустро инкишоф диҳем. Агар мо «аз бадӣ нафрат» кунему дӯст доштани некиро ёд гирем, азми покрафториямон қавӣ мегардаду аз ҳар роҳе, ки сӯйи гуноҳ мебарад, даргурез мешавем (Омӯс 5:15). Вале, шояд, як-як мо баъзе васвасаҳоро пешбинӣ ё пешгирӣ карда натавонем. Инкишоф додани хоҳишҳои дуруст ҳатто дар чунин ҳолатҳо ба мо қувват мебахшад, ки пеши гуноҳ сар хам накунем.

16. Чӣ тавр бо корҳои рӯҳонӣ саргарм шуда мо ҳушёру бедор мемонем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)

16 Чӣ тавр хоҳиши дурустро инкишоф диҳем? Мо бояд ҳар чӣ бештар бо корҳои рӯҳонӣ саргарм бошем. Дар вохӯриҳо ё хизмат одатан васвасаҳо ба сарамон намеоянд, зеро диққатамон ба шод кардани дили Яҳува банд аст (Мат. 28:19, 20; Ибр. 10:24, 25). Каломи Худоро омӯхтаву мулоҳиза ронда мо некиро дӯст медорему аз бадӣ нафрат мекунем (Юшаъ 1:8; Заб. 1:2, 3; 119:97, 101). Суханони Исоро, ки ба шогирдонаш гуфта буд, дар ёд доред: «Пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед» (Мат. 26:41). Вақте мо мунтазам ба Падари осмониямон дуо мегӯем, кумаки ӯро соҳиб мешавем ва ӯ азмамонро барои шод карданаш қавитар мегардонад (Яъқ. 4:8).

Одатҳои хуби рӯҳонӣ моро аз васваса ҳимоя мекунанд (Ба сархати 16 нигаред.) c


ҲУШЁР БОШЕД

17. Чӣ тавр Петрус якчанд бор ба сустӣ дода шуд?

17 Шояд, мо аз баъзе майлҳои нодурустамон пурра халос шавем, лекин боз сустиҳое дорем, ки то ҳол моро ғам медиҳанд. Биёед мисоли Петрусро бинем. Ӯ ба одамтарсӣ дода шуда, Исоро се бор рад кард (Мат. 26:69–75). Баъдтар, вақте ӯ дар пеши Шӯрои олии яҳудиён далерона мавъиза мекард, ба назар метофт, ки ӯ аз ин сустияш пурра халос шудааст (Кор. 5:27–29). Лекин якчанд сол пас «аз тарси хатнашудагон» хӯрокхӯриро бо ғайрияҳудиён бас кард (Ғал. 2:11, 12). Тарси Петрус аз нав рӯ зад. Шояд, ӯ то охири умр аз он халос нашуд.

18. Чаро бо баъзе сустиҳо муборизаи тӯлонӣ кардан даркор аст?

18 Мо ҳам ба чунин ҳолат афтода метавонем. Чӣ тавр? Шояд, мо гумон кунем, ки ягон одати нодурустро аз худ дур кардаем. Лекин маълум мешавад, ки он то ҳол дар қаъри диламон аст. Як бародар мегӯяд: «Ман тӯли 10 сол порнография тамошо намекардам ва дилпур будам, ки ин одати бадро кушта, нест кардам. Вале он хобида буд ва барояш фурсати мувофиқ даркор буд, ки сари нафратангезашро бардорад». Хушбахтона, ин бародар муборизаро давом дод. Ӯ дарк кард, ки бояд ҳар рӯз муқобили он амал кунад, шояд, то охири умраш дар ин замона. Бо ёрдами ҳамсараш ва пирони ҷамоат ӯ дами ин душмани ғаддорашро паст кард.

19. Чӣ тавр муборизаро бо сустиҳоямон давом дода метавонем?

19 Агар аз ягон одати бад халос нашуда бошем, чӣ кор кунем, то он моро ба домаш накашад? Мо бояд ба ин маслиҳати Исо гӯш диҳем: «Бедор бошед». Ҳатто дар лаҳзаҳое, ки худро рӯҳан бақувват ҳис мекунед, аз ҳолатҳои васвасаовар даргурез бошед (1 Қӯр. 10:12). Маслиҳатҳоеро, ки ба шумо кумак карданд, минбаъд низ ба кор баред. Дар Панднома 28:14 гуфта мешавад: «Хушбахт аст касе, ки доимо аз гуноҳ тарсон аст» (2 Пет. 3:14).

МУКОФОТИ МО ЧӢ МЕШАВАД?

20, 21. а) Агар мо муборизаро бар зидди васваса давом диҳем, соҳиби кадом мукофот мешавем? б) Агар мо аз дилу ҷон кӯшиш кунем, Яҳува барои мо чӣ кор мекунад? (2 Қӯринтиён 4:7).

20 Дилпур бошед: аз васваса эҳтиёт шудан арзанда аст. Ҳарчанд гуноҳ «ҳаловати муваққатӣ» мебахшад, аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кардан моро аз ҳама хушбахт мегардонад (Ибр. 11:25; Заб. 19:8). Зеро мо тавре офарида шудаем, ки мувофиқи роҳҳои ӯ зиндагӣ кунем (1 Мӯсо 1:27). Ҳамин тавр виҷдонамонро тоза нигоҳ медорему аз роҳи ҳаёти ҷовидона дур намешавем (1 Тим. 6:12; 2 Тим. 1:3; Яҳд. 20, 21).

21 Рост аст ки, «ҷисм нотавон» аст. Лекин ин маънои онро надорад, ки мо беилоҷем. Яҳува тайёр аст, ки ба мо қуввати даркориро диҳад. (2 Қӯринтиён 4:7-ро хонед.) Аҳамият диҳед дар ояти боло гуфта мешавад, ки Яҳува қувваи барзиёд медиҳад. Қувваи инсонӣ, қувваи худи мо аст, ки ҳар рӯз барои мубориза бар зидди васваса сарф мекунем. Агар мо кори аз дастамон меомадаро кунем, дилпур мешавем, ки Яҳува дар ҷавоби дуоҳоямон ба мо қуввати иловагӣ медиҳад (1 Қӯр. 10:13). Бале, бо ёрдами Яҳува мо ба ҳар васваса дастболо мешавем.

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

a МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Калимаи «рӯҳ» дар Матто 26:41 ба дилу ният ва ангезаи инсон ишора мекунад, ки ӯро ба амал ташвиқ мекунад. Калимаи «ҷисм» бошад, ин ҷо ҳолати гунаҳкоронаамонро дар назар дорад. Аз ин рӯ диламон «омодаи кори нек» бошад ҳам, агар эҳтиёт нашавем, ба кори хато даст зада метавонем.

b Шахсе, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, маълумоти муфидро аз китоби «То абад зинда бошед!», дарси 57, қисмҳои 1–3 ва мақолаи «Ба пеш — сӯйи оянда назар дӯзед» аз «Бурҷи дидбонӣ» моҳи ноябри соли 2020, саҳ. 27–29, сарх. 12–17 ёфта метавонад.

c ШАРҲИ РАСМ: Бародаре ояти рӯзро саҳариву Китоби Муқаддасро ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ мехонад. Бегоҳӣ бошад, дар вохӯрии байни ҳафта иштирок дорад.