МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 30
СУРУДИ 27 Дар тарафи Яҳува бош!
Аз саргузашти шоҳони Исроил чӣ меомӯзем?
«Шумо аз нав фарқи росткору бадкорро, касеро, ки ба Худо хизмат мекунаду касеро, ки хизмат намекунад, мебинед» (МАЛ. 3:18).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки Яҳува дар шоҳони Исроил чиро қадр мекард ва аз парастандагони имрӯзааш чиро интизор аст.
1, 2. Китоби Муқаддас дар бораи баъзе шоҳони Исроил чӣ мегӯяд?
ДАР Китоби Муқаддас зиёда аз 40 марде номбар шудааст, ки дар Исроил подшоҳӣ мекард a. Дар бораи рафтори баъзеи онҳо рӯиросту ошкоро гуфта шудааст, масалан, ҳатто дар бораи корҳои бади шоҳони хуб. Мисоли шоҳ Довудро мегирем. Яҳува гуфта буд: «Бандаам Довуд... бо тамоми дили худ маро пайравӣ намуда, танҳо он чиро, ки дар назарам дуруст аст, ба ҷо меовард» (3 Подш. 14:8). Лекин ӯ бо зани оиладоре зино карда, дар ҷанг кушта шудани шавҳарашро ташкил карда буд (2 Подш. 11:4, 14, 15).
2 Ҳамзамон шоҳони бевафое буданд, ки баъзан корҳои хуб мекарданд. Яке аз онҳо Раҳабъом буд. Ӯ дар назари Яҳува «корҳои бад мекард» (2 Воқ. 12:14). Лекин, вақте 10 қабилаи Исроил ҷудо шуда, барои худ шоҳи нав интихоб карданӣ шуданд, Раҳабъом ба амри Яҳува гӯш дода, бо онҳо ҷанг накард. Ӯ ҳамчунин барои ҳимояи халқаш шаҳрҳои ҳисордор сохт (3 Подш. 12:21–24; 2 Воқ. 11:5–12).
3. Кадом саволҳои муҳим ба миён меоянд ва дар ин мақола чиро мебинем?
3 Саволи муҳиме ба миён меояд: агар шоҳони Исроил ҳам кори хуб карда бошанду ҳам кори бад, пас, чаро Яҳува якеро хуб номиду дигареро бад? Ба ин савол ҷавоб ёфта мо мефаҳмем, ки Яҳува аз мо чӣ интизор аст. Дар ин мақола мо се ҷиҳатеро мебинем, ки Яҳува дар ин шоҳон қадр мекард: ҳолати дил, пушаймонӣ ва дастгирӣ кардани парастиши пок.
ДИЛИ ОНҲО ПУРРА БО ЯҲУВА БУД
4. Шоҳони вафодор аз шоҳони бевафо бо чӣ фарқ мекарданд?
4 Шоҳоне, ки розигии Яҳуваро ба даст оварданд, бо тамоми дил b ӯро парастиш мекарданд. Дар бораи шоҳи хуб, Еҳушофот, гуфта мешавад, ки ӯ «бо тамоми дили худ Яҳуваро ҷӯё буд» (2 Воқ. 22:9). Дар бораи Юшиё бошад, гуфта шудааст: «Пеш аз Юшиё чунин подшоҳе набуд, ки бо тамоми дил... сӯйи Яҳува баргашта бошад» (4 Подш. 23:25). Дар бораи Сулаймон, ки дар охири ҳаёташ ба бадкорӣ даст зад, чӣ гуфтан мумкин? «Дили ӯ... пурра бо Худояш Яҳува набуд» (3 Подш. 11:4). Дар ҳаққи боз як шоҳи бевафо, Абиём, мо мехонем: «Дилаш... пурра бо Худояш Яҳува набуд» (3 Подш. 15:3).
5. Бо тамоми дил ба Яҳува хизмат кардан чӣ маъно дорад? Фаҳмонед.
5 Бо тамоми дил ба Яҳува хизмат кардан чӣ маъно дорад? Шахсе, ки Яҳуваро бо тамоми дил дӯст медорад, ӯро сарсарӣ ё кӯр-кӯрона парастиш намекунад, балки аз муҳаббату вафодорӣ ба ӯ хизмат мекунад. Илова бар ин, ӯ тамоми умр муҳаббату вафодорияшро нигоҳ медорад.
6. Мо чӣ тавр диламонро пурра нигоҳ дошта метавонем? (Панднома 4:23; Матто 5:29, 30).
6 Чӣ тавр ба шоҳони вафодор пайравӣ карда, Яҳуваро аз таҳти дил дӯст дошта метавонем? Мо бояд диламонро аз таъсири бад эҳтиёт кунем. Масалан, аз вақтхушиҳои нораво дурӣ ҷӯед, ҳангоми интихоби дӯстон эҳтиёткор бошед. Ҳамчунин аҳамият диҳед, ки ҳушу ёдатон ба пулу чиз банд набошад. Агар пай баред, ки чизе муҳаббататонро ба Яҳува суст карда истодааст, дарҳол аз он халос шавед. (Панднома 4:23 ва Матто 5:29, 30-ро хонед.)
7. Чаро мо бояд аз таъсири бад эҳтиёт шавем?
7 Мо бояд диламонро ҳимоя кунем. Баъзан, шояд, фикр кунем, ки, агар дар корҳои рӯҳонӣ фаъол бошем, аз корҳои бад эҳтиёт шудан шарт нест. Ин фикр хатарнок аст. Мисоле меорем. Тасаввур кунед, ки шумо аз ҳавои хунуку шамол ба хона медароед ва даромадан замон хонаро гарм мекунед. Лекин, агар дарро кушода монед, ягон фоида мешавад? Охир, аз берун ҳавои хунук ба хона медарояд. Ба ин монанд, барои муносибатамонро бо Яҳува гарму зинда нигоҳ доштан танҳо хӯрдани ғизои гарми рӯҳонӣ кифоя нест. Мо ҳамчунин бояд дарро ба рӯйи вақтхушиҳои носолим бандем, то «ҳаво»-и сарди ин ҷаҳон ба диламон даромада, меҳрамонро ба Яҳува хунук накунад (Эфс. 2:2).
ОНҲО АЗ ГУНОҲҲОЯШОН ТАВБА КАРДАНД
8, 9. Вақте Довуд ва Ҳизқиёро ислоҳ карданд, онҳо чӣ хел муносибат карданд? (Ба расм нигаред.)
8 Чи хеле ки дидем, шоҳ Довуд хатои ҷиддӣ кард. Лекин, вақте пайғамбар Нотон хатояшро гуфт, ӯ хоксорона тавба кард (2 Подш. 12:13). Довуд танҳо барои фиреб кардани Нотон ё аз ҷазо гурехтан худро пушаймон вонамуд накард. Аз суханоне, ки дар таронаи 51-уми Забур омадааст, мо мебинем, ки тавбаи ӯ самимӣ буд (Заб. 51:3, 4, 17, болонавис).
9 Шоҳ Ҳизқиё низ бар зидди Яҳува гуноҳ кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Дили ӯ мағрур гашт, он гоҳ Худо аз ӯ ва аз аҳли Яҳудову Ерусалим ба ғазаб омад» (2 Воқ. 32:25). Сабаби мағрурии Ҳизқиё чӣ буд? Шояд, ӯ аз боигарӣ ё ғалабааш бар ошуриён ё ин ки аз муъҷизавор шифо ёфтанаш мефахрид. Эҳтимол, маҳз аз ҳавобаландӣ ӯ тамоми боигарияшро ба бобилиён нишон дод ва барои ин кораш пайғамбар Ишаъё ӯро сарзаниш кард (4 Подш. 20:12–18). Лекин Ҳизқиё мисли Довуд фурӯтанона тавба кард (2 Воқ. 32:26). Бо вуҷуди хатоҳояш Яҳува зиндагии ӯро бо чунин суханон хулоса кард: «Ҳизқиё он чиро, ки... дуруст буд, ба амал меовард» (4 Подш. 18:3).
10. Шоҳ Амасё ба маслиҳат чӣ хел муносибат кард?
10 Шоҳи Яҳудо, Амасё, бошад, корҳои дуруст мекард, «вале на бо дили пурра» (2 Воқ. 25:2). Ӯ чӣ хато кард? Баъд аз он ки бо кумаки Яҳува бар адӯмиён дастболо шуд, ӯ ба худоҳои онҳо саҷда бурд c. Сипас, вақте ки пайғамбари Худо ба ӯ маслиҳат дод, якравӣ карда, ӯро пеш кард (2 Воқ. 25:14–16).
11. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 7:9, 11 барои соҳиб шудани бахшиши Яҳува мо бояд чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.)
11 Мо аз ин мисолҳо чӣ меомӯзем? Ба мо зарур аст, ки аз гуноҳҳоямон тавба карда, дую дубора онҳоро такрор накунем. Агар пирони ҷамоат ба мо ягон маслиҳат диҳанду ба назари мо он масъалаи ночиз тобад, чӣ кор карда метавонем? Набояд дарҳол хулоса кунем, ки ба пирон намефорем ё Яҳува моро дӯст намедорад. Охир, ҳатто шоҳони хуби Исроилро Яҳува як-як сарзаниш мекард (Ибр. 12:6). Барои ҳамин, вақте ки ба мо маслиҳат медиҳанд, мо бояд 1) онро хоксорона қабул кунем, 2) ислоҳ шавем ва 3) аз таҳти дил хизмати Яҳуваро давом диҳем. Агар аз гуноҳҳоямон тавба кунем, соҳиби бахшоиши Яҳува мегардем. (2 Қӯринтиён 7:9, 11-ро хонед.)
ОНҲО АЗ ПАРАСТИШИ ПОК ДУР НАМЕШУДАНД
12. Шоҳони вафодор махсусан бо чӣ фарқ мекарданд?
12 Шоҳони вафодор бо ҷону дил ба парастиши пок мечаспиданд ва дигаронро низ ба ин кор даъват мекарданд. Албатта, онҳо камбудӣ ҳам доштанд. Лекин худро пурра ба Яҳува бахшиданд ва ҳатто барои заминро аз бутпарастӣ тоза кардан ҷон меканданд d.
13. Чаро Яҳува шоҳ Аҳъобро бевафо ҳисобид?
13 Дар бораи шоҳони бевафо чӣ гуфтан мумкин? На ҳама корҳои онҳо бад буданд. Масалан, вақте шоҳи бадкор Аҳъоб фаҳмид, ки дар куштори Нобӯт ӯ ҳам айбдор аст, ба андозае хоксорӣ нишон дод (3 Подш. 21:27–29). Ӯ ҳамчунин шаҳрҳо бино кард ва бар зидди душманони Исроил меҷангид (3 Подш. 20:21, 29; 22:39). Лекин ӯ бо бадкорӣ ном бароварда буд. Бо таъсири ҳамсараш ӯ парастиши дурӯғро пеш мебурд ва аз ин кораш ҳеҷ гоҳ тавба накард (3 Подш. 21:25, 26).
14. а) Чаро Яҳува Раҳабъомро шоҳи бевафо ҳисоб кард? б) Бисёр шоҳони бевафо ба кадом кори нодуруст даст заданд?
14 Биёед мисоли дигар шоҳи бевафо Раҳабъомро дида бароем. Чи хеле ки пештар гуфтем, ӯ ҳангоми подшоҳияш бисёр корҳои хуб карда буд. Лекин, вақте подшоҳияш устувор гашт, ӯ аз Шариати Худо рӯ гардонда, ба парастиши дурӯғ рӯ овард (2 Воқ. 12:1). Баъди ин ӯ байни парастиши пок ва парастиши дурӯғ мекалавид (3 Подш. 14:21–24). Раҳабъому Аҳъоб ягона подшоҳоне набуданд, ки аз парастиши пок ҷудо шуданд. Қисми зиёди шоҳони Исроил бо ин ё он роҳ парастиши дурӯғро дастгирӣ мекарданд. Маълум мешавад, ки барои Яҳува пеш аз ҳама дастгирӣ кардани парастиши пок муҳим аст ва ӯ аз рӯйи ҳамин хуб ё бад будани шоҳро муайян мекард.
15. Чаро масъалаи парастиши пок барои Яҳува муҳим аст?
15 Чаро Яҳува аз подшоҳон интизор буд, ки халқро сӯйи парастиши пок роҳнамоӣ кунанд? Сабаби якум ин аст, ки ин вазифаи шоҳ буд. Дуюм, ба парастиши дурӯғ дода шуда одамон ба гуноҳҳои ҷиддӣ ва беадолатӣ даст мезаданд (Ҳуш. 4:1, 2). Сеюм, тамоми мардум, аз ҷумла подшоҳон, ба Яҳува тааллуқ доштанд. Барои ҳамин дар Китоби Муқаддас ба бутпарастӣ даст задани онҳо ба хиёнаткорӣ монанд карда шудааст (Ирм. 3:8, 9). Агар шахс ба ҳамсараш хиёнат кунад, ӯро ба таври сахттарин меранҷонад. Ба ин монанд, агар хизматгори Яҳува ба парастиши дурӯғ даст занад, рӯирост бар зидди Худои вафодор амал мекунад ва ӯро ба таври сахттарин меранҷонад e (5 Мӯсо 4:23, 24).
16. Дар назари Яҳува росткор аз бадкор бо чӣ фарқ мекунад?
16 Дарс барои мо: мо бояд аз ҳар чизе, ки ба парастиши дурӯғ алоқаманд аст, худро дур гирем. Ғайр аз ин, аз таҳти дил парастиши покро маҳкам дорем. Пайғамбар Малокӣ рӯирост гуфт, ки Яҳува одами хубу бадро чӣ тавр ҷудо мекунад. Ӯ навиштааст: «Шумо аз нав фарқи росткору бадкорро, касеро, ки ба Худо хизмат мекунаду касеро, ки хизмат намекунад, мебинед» (Мал. 3:18). Барои ҳамин мо бояд намонем, ки чизе, ҳатто нокомиливу хатоҳоямон, моро аз хизмати Яҳува дур созад. Бас кардани хизмати Яҳува худ гуноҳи ҷиддист.
17. Чаро ҳангоми интихоби ҳамсар бояд эҳтиёткор бошем?
17 Агар шумо оила барпо карданӣ бошед, суханони Малокӣ дар интихоби ҳамсар ба шумо кумак мекунанд. Агар шахс баъзе хислатҳои хуб дошта бошаду ба Худои ҳақиқӣ хизмат накунад, оё ӯ дар чашми Яҳува одил аст? (2 Қӯр. 6:14). Оё баъди оиладорӣ ӯ шуморо дастгирӣ мекунад, ки ба Яҳува содиқ монед? Ба ёд оред: занони бутпарасти шоҳ Сулаймон, шояд, баъзе хислатҳои хуб доштанд, лекин онҳо Яҳуваро парастиш намекарданд ва оҳиста-оҳиста дили Сулаймонро ба бутпарастӣ моил карданд (3 Подш. 11:1, 4).
18. Волидон бояд ба фарзандонашон чиро таълим диҳанд?
18 Волидони азиз, фикрҳои ин мақоларо истифода бурда дар дили фарзандонатон ғайрати парастиши Яҳуваро бедор кунед. Ба онҳо фаҳмонед, ки чаро Яҳува баъзе шоҳонро хуб ҳисобиду дигарашро бад. Барои Яҳува муҳим он буд, ки шоҳ бо ҷону дил ба парастиши пок часпаду дигаронро ба ин кор даъват кунад. Ба фарзандонатон ёд диҳед, ки дар ҳаёт аз ҳама чизи муҳим бояд корҳои рӯҳонӣ бошанд. Бигзор онҳо бинанд, ки барои шумо омӯзиши Китоби Муқаддас, ҷамъомадравӣ ва хизмат аз дигар корҳо боло меистанд (Мат. 6:33). Фарзандонатон бояд дарк кунанд, ки Шоҳиди Яҳува ном доштан кифоя нест, онҳо бояд муносибати худашонро бо Яҳува созанд. Агар ин тавр накунанд, парастиши ҳақиқиро дар ҷойи дуюм мемонанд ё ҳатто онро тарк карда метавонанд.
19. Барои касоне, ки хизмати Яҳуваро бас кардаанд, чӣ умеде ҳаст? (Ба чорчӯбаи « Сӯйи Яҳува баргардед!» нигаред.)
19 Оё мо аз касе, ки хизмати Яҳуваро бас кардааст, пурра умедамонро меканем? Не, зеро ӯ тавба карда, назди Яҳува баргашта метавонад. Барои ин ба ӯ, шояд, лозим ояд, ки ғурурашро поймол кунад ва ёрдами пирони ҷамоатро қабул кунад (Яъқ. 5:14). Ин осон нест, лекин барои ризои Яҳуваро ба даст овардан ҳар кӯшиш арзанда аст.
20. Агар ба шоҳони вафодор пайравӣ кунем, Яҳува ба мо чӣ хел менигарад?
20 Мо аз шоҳони Исроил кадом дарсҳоро омӯхтем? Мо бояд диламонро посбонӣ карда пурра ба Яҳува вафодор монем. Биёед хоксорона аз хатоҳои худ дарс гирем, тавба карда, ислоҳ шавем ва ба маслиҳат гӯш диҳем. Дар ёд дорем, ки парастиши Худои ягонаю ҳақиқӣ хеле муҳим аст. Агар ба Яҳува вафодор монед, ӯ шуморо шахси росткор меҳисобад.
СУРУДИ 57 Андешаҳои дили ман
a Дар ин мақола «шоҳони Исроил» гуфта, ба ҳама шоҳони халқи Худо ишора шудааст, хоҳ онҳо дар подшоҳии дуқабилаи Яҳудо ҳукмронӣ карда бошанд, хоҳ дар подшоҳии даҳқабилаи Исроил ё бар тамоми 12 қабила.
b МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Бисёр вақт калимаи «дил» дар Китоби Муқаддас ба ҳолати дарунии инсон — хоҳиш, фикр, майл, рӯҳия, қобилият ва нияту мақсад ишора мекунад.
c Аз афташ, ӯ ба урфу одати шоҳони бутпараст пайравӣ кард, ки баъзеяшон худои халқҳоеро, ки мағлуб карданд, парастиш мекарданд.
d Шоҳ Осо гуноҳҳои ҷиддӣ карда буд (2 Воқ. 16:7, 10). Лекин дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ӯ корҳои ба Яҳува маъқулро кард. Ҳарчанд дар аввал ӯ маслиҳатро қабул накард, баъдтар, эҳтимол, пушаймон шуд. Асосан корҳои неки ӯ аз корҳои бадаш бисёртар буданд. Муҳимаш ин ки, Осо танҳо Яҳуваро парастиш мекард ва ҳаракат мекард, ки аз сарзаминаш бутпарастиро тоза кунад (3 Подш. 15:11–13; 2 Воқ. 14:2–5).
e Дар ду амри аввалини Шариати Мӯсо гуфта мешуд, ки ғайр аз Яҳува ба ягон кас ё ягон чиз набояд саҷда кард (2 Мӯсо 20:1–6).
f ШАРҲИ РАСМ: Пири ҷавон пай мебарад, ки бародар, эҳтимол, ба арақ дилбастагӣ дорад ва дар ин бора ба ӯ мегӯяд. Бародар хоксорона ӯро гӯш мекунад, ислоҳ мешавад ва аз таҳти дил хизмати Яҳуваро давом медиҳад.