Оё Дорандаи ҳама чиз ба дороии мо ниёз дорад?
«Эй Худои мо, мо Туро ҳамд мегӯем, ва исми пуршукӯҳи Туро ситоиш мекунем» (1 ВАҚ. 29:13).
1, 2. Аз чӣ маълум аст, ки Яҳува Худои саховатманд аст?
ЯҲУВА Худои саховатманд аст. Ҳама чизе ки мо дорем, аз ҷониби Ӯст. Яҳува соҳиби тамоми тилло, нуқра ва дигар боигариҳои табиӣ аст. Ӯ захираҳои табииро барои нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯйи замин истифода мебарад (Заб. 103:13–15; Ҳаҷ. 2:8). Бисёр мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки чӣ тавр Яҳува чун Дорандаи ҳама чиз халқашро ба таври мӯъҷиза таъмин мекард.
2 Дар давоми 40 сол Яҳува ба халқи Исроил дар биёбон манн ва об медод (Хур. 16:35). Бинобар ин онҳо «ба чизе эҳтиёҷ надоштанд» (Наҳемё 9:20, 21). Яҳува ба воситаи Элишоъ-пайғамбар ба бевазани содиқе кӯмак карда буд. Бевазан андаке равған дошт, ки Элишоъ онро ба таври мӯъҷиза зиёд кард. Дар натиҷа бевазан тавонист қарзҳояшро баргардонад ва бо маблағи боқимонда худашу писаронашро таъмин кунад (4 Подш. 4:1–7). Бо кӯмаки Яҳува Исо мӯъҷиза карда одамони зиёдро сер намуд. Боре дар вақти зарурӣ ӯ ҳатто маблағи лозимаро ба таври мӯъҷиза пайдо кард (Мат. 15:35–38; 17:27).
3. Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?
Хур. 36:3–7; Масалҳо 3:9-ро хонед.) Чаро Яҳува интизор аст, ки мо аз дороиамон барои Ӯ сарф кунем? Чӣ тавр дар замонҳои қадим шахсони содиқ намояндагони Яҳуваро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекарданд? Чӣ тавр имрӯз ташкилот пулҳои хайрияро истифода мебарад? Ҷавоби ин саволҳоро дар ин мақола дида мебароем.
3 Яҳува дорои захираҳои беохир аст ва онҳоро барои таъмин кардани офаридаҳои заминиаш истифода мебарад. Ба ҳар ҳол, Ӯ хизматгоронашро даъват мекунад, ки дороиашонро барои дастгирӣ кардани кори ташкилоташ истифода баранд. (ЧАРО МО АЗ ДОРОИАМОН БАРОИ ЯҲУВА САРФ МЕКУНЕМ?
4. Вақте ки мо кори Яҳуваро дастгирӣ мекунем, чиро нишон медиҳем?
4 Мо дороиамонро барои Яҳува сарф мекунем, чунки Ӯро дӯст медорем ва аз Ӯ миннатдорем. Вақте мо дар бораи баракатҳое, ки Яҳува ба мо додааст, фикр мекунем, дилҳои мо аз миннатдорӣ лабрез мегардад. Масалан, шоҳ Довуд дарк мекард, ки ҳама дороии мо аз ҷониби Яҳува аст ва ҳар чиро ки мо ба Яҳува медиҳем, Ӯ ба мо додааст. Вақте ӯ дар пеши халқ фаҳмонд, ки барои сохтмони маъбад чӣ гуна масолеҳ лозим аст, онҳоро барангехт, ки аз дороии худ барои Яҳува хайрия кунанд. (1 Вақоеънома 29:11–14-ро хонед.)
5. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки аз дили соф хайрия кардан қисми муҳими ибодати мост?
5 Барои Яҳува сарф кардани дороиамон як қисми ибодати мост. Юҳаннои расул дар рӯъё овози офаридаҳои осмониро шунид, ки мегуфтанд: «Худои мо, Яҳува, Ту сазовор ҳастӣ, ки ҷалол, эҳтиром ва қудрат ёбӣ, зеро Ту ҳама чизро офаридаӣ ва ҳама чиз аз рӯйи хости Ту ба вуҷуд омадаасту офарида шудааст» (Ваҳй 4:11). Бале, Яҳува сазовори тамоми ҷалол ва шавкат аст, аз ин рӯ мо аз дороиамон чизҳои беҳтаринро барои Ӯ сарф кардан мехоҳем. Ба воситаи Мусо Яҳува ба халқи Исроил амр дод, ки ҳар сол се маротиба назди Ӯ ҳозир шаванд. Исроилиён набояд пеши Яҳува дасти холӣ меомаданд, чунки ба Ӯ ҳадия овардан қисми ибодати онҳо буд (Такр. Ш. 16:16). Имрӯз низ беғаразона хайрия кардан қисми муҳими ибодати мост. Бо ин роҳ мо нишон медиҳем, ки кори ташкилоти Яҳуваро қадр мекунем ва онро дастгирӣ кардан мехоҳем.
6. Барои чӣ аз дороиамон сарф кардан бароямон манфиатовар аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
6 Аз дороии худ ба дигарон додан ба худи мо низ манфиат меорад. Барои ҳамин хуб мебуд, ки мо на танҳо гирифтанро дӯст дорем, балки худамон низ аз дороиамон барои дигарон сарф кунем. Зеро, агар одам фақат ба гирифтан одат кунад, вай саховатмандиро ёд намегирад. Ба ин хел шахс «даст додӣ, аз оринҷ меқапад», яъне ба ҷойи миннатдор шудан ӯ боз бештар талаб мекунад. (Масалҳо 29:21-ро хонед.) Кӯдакеро тасаввур кунед, ки аз тангаҳои ҷамъкардаи худ ба падару модараш тӯҳфае мехарад. Бо ин кор ӯ волидонашро хеле хурсанд мекунад. Ё масалан, ҷавон ё духтари пешрав, ки дар хонаи волидонаш зиндагӣ мекунад, барои рӯйпӯш кардани баъзе хароҷоти оила пул медиҳад. Волидон аз фарзандашон кӯмак ё тӯҳфаро интизор набошанд ҳам, онро қабул мекунанд, чунки мехоҳанд ӯ миннатдориро ёд гирад ва меҳнатеро, ки онҳо барояш мекунанд, қадр намояд. Ба ин монанд, Яҳува медонад, ки агар мо аз дороии худ барои Ӯ сарф кунем, ин ба мо манфиат меорад.
САХОВАТМАНДӢ ДАР ЗАМОНҲОИ ҚАДИМ
7, 8. Чӣ тавр хизматгорони замони қадим бо хайрияҳо а) корҳои махсус ва б) касонеро, ки роҳбариро ба ӯҳда доштанд, дастгирӣ карда, ба мо ибрат гузоштанд?
7 Дар Китоби Муқаддас мисолҳои зиёд оварда шудаанд, ки чӣ тавр одамон аз Хур. 35:5; 1 Вақ. 29:5–9). Дар замони шоҳ Еҳӯош бошад, коҳинон пулҳои аз хайрия ҷамъшударо барои таъмири хонаи Худованд сарф карданд (4 Подш. 12:4, 5). Дар асри як, вақте масеҳиён фаҳмиданд, ки дар Яҳудия аз сабаби рӯй додани гуруснагӣ бародарон танқисӣ мекашанд, қарор доданд, ки «ҳар кас мувофиқи имконияти худ ба бародарони Яҳудия кӯмак расонад» (Аъм. 11:27–30).
дороии худ барои Яҳува хайрия меоварданд. Баъзан халқи Яҳува бо дастгирӣ кардани корҳои махсус саховатмандӣ зоҳир мекард. Масалан, Мусо халқро даъват кард, ки барои сохтани хаймаи муқаддас хайрия кунанд. Баъдтар шоҳ Довуд барои сохтани маъбад халқро ба овардани хайрия водор кард (8 Дар мавридҳои дигар халқи Яҳува онҳоеро, ки дар ибодати Худо роҳбариро ба ӯҳда доштанд, аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекард. Мувофиқи Шариати Мусо дар байни сибтҳои Исроил левизодагон меросе надоштанд. Бинобар ин исроилиён ба онҳо аз ҳиссаи худ бояд даҳякашро меоварданд, то онҳо диққати худро ба вазифае, ки дар хаймаи муқаддас доштанд, равона кунанд (Ад. 18:21). Ба ин монанд, дар замони Исо занони саховатманд «бо дороии худ ӯву расулонашро дастгирӣ мекарданд» (Луқ. 8:1–3).
9. Дар замони пеш ходимони Худо аз кадом ҳисоб хайрия мекарданд?
9 Халқи Яҳува аз кадом ҳисоб хайрия меовард? Дар ҳар маврид ҳар хел буд. Мисол, исроилиён ҳангоми дар биёбон буданашон барои хаймаи муқаддас, эҳтимол, аз дороие, ки аз Миср бо худ гирифта буданд, хайрия меоварданд (Хур. 3:21, 22; 35:22–24). Дар асри як баъзе масеҳиён қисме аз моликият, масалан, замин ё хонаашонро фурӯхта, маблағи бадастомадаро ба расулон меоварданд, то онҳо ба шахсони мӯҳтоҷ тақсим кунанд (Аъм. 4:34, 35). Баъзе дигарашон бошад, мунтазам маблағи муайянро барои хайрия ҷудо мекарданд (1 Қӯр. 16:2). Аз ин мисолҳо аён аст, ки ҳама одамон, ҳам бою ҳам камбағал, метавонистанд саховатманд бошанд (Луқ. 21:1–4).
САХОВАТМАНДӢ ДАР РӮЗҲОИ МО
10, 11. а) Чӣ тавр мо ба саховатмандии ходимони замони пеш пайравӣ карда метавонем? б) Бо кадом роҳҳо шумо кори Салтанатро дастгирӣ карда метавонед?
10 Имрӯз мо низ баъзан барои кори махсусе хайрия мекунем. Мумкин дар маҳалли мо сохтмони Толори нави Салтанат ба нақша гирифта шудааст ё Толори пештара ба таъмир ниёз дорад. Ё мо барои таъмири бинои филиал, гузарондани анҷуман ва ёрӣ ба бародароне, ки аз офатҳои табиӣ осеб дидаанд, хайрия карда дар ин корҳо саҳми худро мегузорем. Ҳамчунин маблағи хайрияшуда барои дастгирӣ кардани фаъолияти идораи марказӣ ва филиалҳо, кори миссионерон, пешравони махсус ва нозирони ноҳиявӣ истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин, шояд ҷамъомади шумо қарор қабул кардааст, ки мунтазам барои сохтмони умумиҷаҳонии Толорҳои Салтанат ва Толорҳои анҷуман хайрия фиристонад.
11 Ҳар яки мо имрӯз метавонем бо хайрияҳои худ кори Салтанатро дастгирӣ кунем. Аксари хайрияҳо махфӣ мебошанд. Вақте ки мо ба қуттиҳо ё тавассути сайти jw.org (ҷей даблю нуқта орг) хайрия карданӣ мешавем, кӯшиш мекунем, ки ба худ диққат ҷалб накунем. Мо шояд баъзан фикр кунем, ки хайрияҳои мо назарногиранд, лекин фаромӯш накунед, ки «қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад». Бале, аксари пулҳои ҷамъшуда имрӯз аз ҳисоби хайрияҳои хурд мебошанд. Ҳамимонони мо, ҳатто онҳое, ки худро бо як азоб таъмин мекунанд, ба масеҳиёни Мақдуния, ки «ба камбағалии сахти худ» нигоҳ накарда, саховатмандона хайрия мекарданд, пайравӣ менамоянд (2 Қӯр. 8:1–4).
12. Чӣ тавр ташкилотамон кӯшиш мекунад, ки маблағи хайрияшударо дуруст истифода барад?
12 Ҳайати роҳбарикунанда чун «ғуломи Мат. 24:45). Пулҳои воридшуда барои мақсадҳои муайян тақсим ва сарф карда мешаванд (Луқ. 14:28). Дар замонҳои қадим шахсоне, ки чӣ гуна сарф шудани хайрияҳоро назорат мекарданд, диққат медоданд, ки онҳо танҳо барои ибодати Яҳува истифода шаванд. Масалан, вақте Эзро ба Ерусалим бармегашт, маблағи калонеро, ки шоҳи Форс хайрия карда буд, бо худ мебурд. Он хайрия аз тилло, нуқра ва дигар чизҳои қиматбаҳо иборат буд, ки бо арзиши имрӯза ба зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ баробар аст. Эзро ин чизҳои қиматбаҳоро ҳадия барои Яҳува ҳисоб мекард, аз ин рӯ барои аз биёбони хатарнок ва сарзамини душманон беталаф гузарондани он ба шахсони боваринок дастуроти махсус дод (Эзро 8:24–34). Садҳо сол пас Павлуси расул барои кӯмак ба бародарони Яҳудия хайрия ҷамъ мекард. Ӯ чораҳои лозима андешид, то шахсоне, ки хайрияҳоро бояд тақсим мекарданд, «на танҳо дар назди Яҳува, балки назди одамон низ» ҳалолкорона рафтор кунанд. (2 Қӯринтиён 8:18–21-ро хонед.) Имрӯз ташкилоти мо ба Эзро ва Павлус пайравӣ карда, бодиққат назорат мекунад, ки маблағи хайрияҳо дуруст истифода бурда шавад.
бовариноку боандеша» оиди истифода бурдани хайрияҳои ташкилот аз Яҳува дар дуо хирад мепурсад (13. Чаро дар ташкилот вақтҳои охир баъзе дигаргуниҳо рӯй доданд?
13 Вақте дар оила хароҷот аз даромад зиёд мешавад ё аъзоёни он барои зиёдтар хизмат кардан ҳаёташонро одӣ карданӣ мешаванд, онҳо роҳҳои сарфакор буданро меҷӯянд. Ташкилоти Яҳува низ чунин амал мекунад. Чанд соли охир дар ташкилот бисёр барномаҳои нав амалӣ гаштанд. Аз ин сабаб муддате хароҷоти ташкилот аз маблағҳои хайрия дида зиёдтар шуд. Барои ҳамин ташкилот роҳҳои кам кардани хароҷотро меҷӯяд, то ки бо хайрияҳои саховатмандонаи шумо корҳои бештарро ба ҷо оварад.
МАНФИАТ АЗ ХАЙРИЯҲОИ ШУМО
14–16. а) Хайрияҳои шумо ба кадом корҳо сарф мешаванд? б) Аз маводи фаровоне, ки ташкилотамон омода кардааст, шумо чӣ манфиат мегиред?
14 Бисёр бародарону хоҳароне, ки солҳои дароз дар хизмати Яҳува мебошанд, мегӯянд, ки пеш маводе, ки имонро мустаҳкам мекунад, ин қадар фаровон набуд. Мо чунин фаровониро ҳатто тасаввур карда наметавонистем! Масалан, солҳои охир мо шоҳиди амалӣ гаштани фаъолияти сайти jw.org ва JW бродкастинг гаштем. «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забонҳои зиёдтар аз чоп баромад. Солҳои 2014 ва 2015 дар варзишгоҳҳои 14 шаҳри калони ҷаҳон анҷуманҳои байналхалқӣ бо номи «Ҳама вақт аввал Салтанати Худоро ҷӯед!» баргузор гардиданд. Ҳар як нафаре, ки дар он ҳузур дошт, аз омаданаш ба анҷуман хеле хурсанд буд!
15 Бисёриҳо барои манфиате, ки ташкилоти Яҳува ба онҳо меорад, миннатдории самимонаи худро баён мекунанд. Мисол, ҷуфти ҳамсарон, ки дар яке аз давлатҳои Осиё хизмат мекунанд, дар хусуси JW бродкастинг чунин гуфтанд: «Мо дар як шаҳри хурде хизмат мекунем, бинобар ин баъзан худро аз дигарон дур ҳис карда, ҳатто фаромӯш месозем, ки кори Яҳува дар тамоми ҷаҳон рафта истодааст. Вале, ҳамин ки барномаҳои гуногуни JW бродкастингро тамошо мекунем, аз нав худро қисми ташкилоти умумиҷаҳониамон ҳис мекунем. Бародару хоҳарони маҳаллӣ хеле хурсанданд, ки JW бродкастинг ташкил шуд. Баъзеи онҳо баъд аз тамошои барномаи ҳармоҳа мегӯянд, ки худро ба Ҳайати роҳбарикунанда наздик ҳис мекунанд. Ҳозир онҳо аз пештара дида бештар фахр мекунанд, ки аъзои ташкилоти Худо ҳастанд».
16 Айни замон дар тамоми ҷаҳон қариб 2500 Толори Салтанат сохта ё барқарор шуда истодааст. Аъзоёни як ҷамъомад аз Гондурас баъди истифода бурдани Толори нав чунин гуфтанд: «Мо хеле хушбахтем, ки қисми ташкилоти муттаҳиди Яҳува ва бародарии умумиҷаҳонӣ мебошем, ки барои амалӣ шудани орзуи мо кӯмак расонданд». Бисёр бародару хоҳарони дигар барои он миннатдоранд, ки бо забони худашон соҳиби Китоби Муқаддас ва дигар адабиёт гаштанд. Инчунин кӯмаки бародарон дар вақти офатҳои табиӣ ва натиҷаҳои хуби мавъиза дар ҷойҳои серодам сабаби миннатдорӣ изҳор кардани ҳамимонони мо шуданд.
17. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува кори ташкилоташро имрӯз дастгирӣ мекунад?
17 Одамоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, намефаҳманд, ки чӣ тавр мо ҳамаи ин корҳоро аз ҳисоби хайрияҳои ихтиёрӣ ба ҷо меорем. Боре намояндаи як ширкати калони тиҷоратӣ ба биноҳои чопкунии ташкилотамон ба экскурсия омада, аз коре, ки дар он ҷо карда мешуд, ба ҳайрат омад. Боварии вай намеомад, ки ҳама дар он ҷо бепул кор мекунанд, адабиёт аз ҳисоби хайрияҳо чоп мешавад ва ин кор бе ягон фурӯш ё ҷамъ овардани пул пеш меравад. Вай гуфт, ки он коре, ки мо мекунем, дар асл, имконнопазир аст. Дуруст, бе дастгирии Яҳува ин, дар ҳақиқат, имконнопазир мебуд (Айюб 42:2).
ХАЙРИЯ КАРДАН ЧӢ БАРАКАТҲО МЕОРАД?
18. а) Вақте ки мо кори Салтанатро дастгирӣ мекунем, чӣ гуна баракатҳоро соҳиб мешавем? б) Чӣ тавр мо ба фарзандон ва омӯзандагон саховатмандиро ёд дода метавонем?
18 Яҳува ба мо имконияти пуршараф додааст, ки кори бузурги Салтанатро дастгирӣ кунем. Мо дилпурем, ки агар аз дороиамон саховатмандона барои Яҳува хайрия кунем, албатта, соҳиби баракатҳо мешавем (Мал. 3:10). Яҳува ваъда медиҳад, ки «ҷони сахӣ пурфайз мешавад». (Масалҳо 11:24, 25-ро хонед.) Инчунин дар Каломи Худо гуфта шудааст, ки «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъм. 20:35). Бо сухан ва рафторамон мо метавонем ба фарзандон ва омӯзандагон саховатмандиро ёд диҳем ва фаҳмонем, ки ин хислат чӣ гуна баракатҳо меорад.
19. Ин мақола шуморо ба чӣ бармеангезад?
19 Ҳар чизе ки мо дорем, аз ҷониби Яҳува аст. Дороии худро барои Яҳува сарф карда, мо нишон медиҳем, ки Ӯро дӯст медорем ва барои ҳама корҳое, ки Ӯ барои мо кардааст, миннатдорем (1 Вақ. 29:17). Вақте ки исроилиён барои сохтмони маъбад хайрия карданд, «қавм аз ионатҳои [хайрияҳои] ихтиёрии худ шод гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд» (1 Вақ. 29:9). Биёед минбаъд низ аз дороиамон барои Яҳува сарф карда, аз ин хурсандиву қаноатмандӣ ёбем. Охир, ҳама чизе ки мо дорем, аз ҷониби Ӯст!