Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Китоби Муқаддас китоби қадимаву ҳозиразамон

Китоби Муқаддас китоби қадимаву ҳозиразамон

ИЛМ

КИТОБИ МУҚАДДАС КИТОБИ ИЛМӢ НАБОШАД ҲАМ, ДАР ОН МАЪЛУМОТЕ ҲАСТ, КИ БО ИЛМИ ҲОЗИРА МУВОФИҚАТ МЕКУНАД. ЯКЧАНД МИСОЛРО ДИДА МЕБАРОЕМ.

Оё Коинот саршавӣ дошт?

Олимон пештар инро қатъиян рад мекарданд. Ҳоло бошад, аксарияти онҳо розианд, ки Коинот саршавӣ дорад. Китоби Муқаддас дар ин бора аз аввал мегуфт (Ҳастӣ 1:1).

Шакли замин чӣ гуна аст?

Дар замонҳои қадим бисёр одамон фикр мекарданд, ки замин ҳамвор аст. Дар асри 5-уми пеш аз милод олимони юнонӣ гуфтанд, ки замин курашакл аст. Аммо хеле пеш аз ин дар асри 8-уми пеш аз милод Ишаъё-пайғамбар дар Китоби Муқаддас навишт, ки замин доирашакл аст ва калимаеро истифода бурд, ки ҳамчунин ба кура ишора мекунад (Ишаъё 40:22).

Оё ситораву сайёраҳо фарсуда мешаванд?

Олими юнонии асри 4-уми пеш аз милод, Аристотел таълим медод, ки танҳо замин фарсуда мешавад, вале ситораву сайёраҳо ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбанд ва фарсуда намегарданд. Одамон асрҳои зиёдчунин фикр мекарданд. Аммо дар асри 19 олимон мафҳуми энтропияро (меъёри бетартибии система) фаҳмонданд ва дар он гуфта шуда буд, ки ҳама чиз, чӣ дар осмон ва чӣ дар замин, ба фарсудашавӣ майл дорад. Яке аз олимоне, ки барои фаҳмидани энтропия саҳм гузошта буд, Лорд Келвин мебошад. Вай қайд кард, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи замин ва осмон чунин гуфта шудааст: «Ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда-ҷиғда хоҳанд шуд» (Забур 101:26, 27). Келвин боварӣ дошт, ки мувофиқи Китоби Муқаддас Офаридгор замину осмонро аз фарсудашавӣ ҳимоя карда метавонад (Воиз 1:4).

Сайёраҳоро чӣ дошта истодааст?

Аристотел таълим медод, ки ҳар як ҷирми осмонӣ дар кураи шишамонанд ҷойгир шудааст. Ӯ гумон мекард, ки ин кураҳо дарун ба дарун мебошанд ва замин дар маркази ин кураҳо истодааст. Танҳо дар асри 18-уми милод олимон фикри онро, ки ситораву сайёраҳо шояд бар нестӣ овезон ҳастанд, қабул карданд. Лекин дар асри 15-уми пеш аз милод дар китоби Айюб навишта шуда буд, ки Офаридгор «заминро бар нестӣ» овезон кардааст.

ТИББ

КИТОБИ МУҚАДДАС КИТОБИ ТИББӢ НАБОШАД ҲАМ, ПРИНСИПҲОЕ ДОРАД, КИ БА ФАҲМИШИ ТИББИ ҲОЗИРАЗАМОН МУВОФИҚ АСТ.

Алоҳида нигоҳ доштани беморон.

Дар Қонуни Мӯсо гуфта шуда буд, ки махавиёнро аз дигар одамон алоҳида нигоҳ доранд. Духтурон танҳо баъди паҳн шудани вабоҳо дар асрҳои 14-ум ва 15-ум ин принсипро истифода мебурдагӣ шуданд. Ва ба кор бурдани ин принсип то ҳол манфиат меорад (Ибодат боби 13 ва 14).

Шустушӯй баъди ба ҷасад расидан.

То охирҳои асри 19 духтурон одатан ҳам бо ҷасади мурда ва ҳам бо дигар беморон сару кор мекарданд. Онҳо баъди ба ҷасади мурда расидан, дасти худро намешустанд, ки ин боиси мурдани бисёр касон мегашт. Лекин дар Қонуни Мӯсо аллакай гуфта шуда буд, ки ҳар касе, ки ба ҷасади мурда мерасад, нопок мегардад. Дар он ҳатто гуфта шуда буд, ки барои аз чунин нопокӣ худро тоза кардан, обро истифода баранд. Ҳарчанд ин дастурот бо ибодат ба Худо алоқаманд буд, лекин он ҳамчунин барои нигоҳ доштани саломатӣ ёрдам мекард (Ададҳо 19:11, 19).

Таги хок кардани ахлот.

Ҳар сол зиёда аз ним миллион кӯдакон аз сабаби касалии дарунрав вафот мекунанд. Ин касалӣ бисёртар аз сабаби дар ҷойи нодуруст будани ахлот ва напӯшонидани он пайдо мешавад. Дар Қонуни Мӯсо гуфта шуда буд, ки одам бояд ахлоти худро таги хок кунад ва хоҷатхона бояд аз ҷойи зист дур бошад (Такрори Шариат 23:13).

Вақти хатна.

Дар Қонуни Худо навишта шудааст, ки писарчаро дар рӯзи 8-ум, пас аз таваллудаш, хатна кардан лозим аст (Ибодат 12:3). Чунки хуни кӯдаки навзод пас аз як ҳафтаи таваллуд барои тезтар лахта шудан тайёр мешавад. Аз ин рӯ, дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас, пеш аз он ки тиб тараққӣ кунад, одамон барои хатна кардан аз як ҳафта зиёд интизор мешуданд, ки ин аз рӯйи хирад буду онҳоро муҳофизат мекард.

Алоқамандӣ байни саломатии эмотсионалӣ ва ҷисмонӣ.

Тадқиқотчиён ва олимони тиб мегӯянд, ки ҳиссиёти хуб ба монанди хурсандӣ, умед, миннатдорӣ ва бо омодагӣ бахшидани касе ба саломатӣ таъсири хуб мерасонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дили шод саломатӣ мебахшад, вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад» (Масалҳо 17:22).