Оё Худо дуоҳои моро мешунавад?
Оё шумо боре фикр кардаед, ки вақте ба Худо муроҷиат мекунед, Ӯ дуоҳоятонро мешунида бошад ё не? Шояд оиди ин на танҳо шумо фикр кунед. Бисёриҳо дар бораи мушкилиҳояшон ба Худо дуо мегӯянд, вале он проблемаҳо ҳалношуда мемонанд. Вале оё ин маънои онро дорад, ки Худо ба дуоҳои шумо аҳамият намедиҳад? Не, албатта. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки вақте мо ба Худо бо тарзи дуруст дуо мегӯем, Ӯ моро мешунавад. Биёед муфассал дида бароем, ки ин китоб дар бораи дуо чӣ мегӯяд.
ХУДО ШУНАВАНДАИ ДУОҲОСТ.
«Азбаски дуоро мешунавӣ, тамоми навъи башар назди Ту хоҳанд омад» (Забур 64:3).
Баъзе одамон танҳо барои худро беҳтар ҳис кардан дуо мегӯянд ва боварӣ надоранд, ки касе дуояшонро мешунавад. Онҳо фикр мекунанд, ки дар дуо баён кардани ташвишҳои худ ба онҳо оромӣ мебахшад ва дар ҳалли проблемаҳояшон кӯмак карда метавонад. Вале дуо на танҳо воситаи худоромкунӣ аст. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува * «наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд... истиғосаи [фиғони] онҳоро мешунавад» (Забур 144:18, 19).
Аз ин рӯ мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува Худо дуоҳои ибодаткунандагони Худро мешунавад. Ӯ меҳрубонона мегӯяд: «Шумо Маро хоҳед хонд, ва омада пеши Ман дуо хоҳед гуфт, ва Ман шуморо иҷобат хоҳам намуд» (Ирмиё 29:12).
ПАРВАРДИГОР МЕХОҲАД, КИ ШУМО БА Ӯ ДУО ГӮЕД
«Ҳамеша дуо гӯед» (Румиён 12:12).
Дар Китоби Муқаддас Худо моро даъват мекунад, ки «пайваста дуо» гӯем ва «дар ҳар ҳолат» ба Ӯ муроҷиат кунем. Аз ин бармеояд, ки Худо мехоҳад, то мо ба Ӯ дуо гӯем (Матто 26:41; Эфсӯсиён 6:18).
Чаро Офаридгор мехоҳад, ки бандагонаш ба Ӯ дуо гӯянд? Мисол, агар кӯдаки хурдсол аз падараш кӯмак пурсад, магар падар аз ин хурсанд намешавад? Албатта, бе ин ҳам ӯ шояд медонад, ки фарзандаш ба чӣ мӯҳтоҷ аст ва дар кадом ҳолат мебошад, вале ёрӣ пурсидани ӯро шунида падар мефаҳмад, ки фарзандаш бо вай муносибати наздик дорад ва ба ӯ такя мекунад. Ба ин монанд, вақте мо ба Яҳува Худо дуо мегӯем, мо нишон медиҳем, ки ба Ӯ такя мекунем ва ба Ӯ наздиктар шудан мехоҳем (Масалҳо 15:8; Яъқуб 4:8).
ХУДО БА ШУМО ДАР ҲАҚИҚАТ ҒАМХОРӢ МЕКУНАД
«Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).
Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ дуо гӯем, чунки моро дӯст медорад ва дар ҳаққи мо ғамхорӣ мекунад. Худои меҳрубон аз ташвишу душвориҳои ҳар яки мо пурра бохабар аст ва Ӯ тайёр аст, ки ба мо кӯмак кунад.
Довуд-пайғамбар дар давоми ҳаёташ ҳамеша дар дуо аз Яҳува Худо мадад мепурсид ва фикру ҳиссиёти худро ба Ӯ баён мекард (Забур 22:1–6). Худо ба Довуд чӣ хел муносибат дошт? Ӯ Довудро нағз медид ва бисёр вақт дуоҳояшро мустаҷоб менамуд (Аъмол 13:22). Пас, бешубҳа Худо дуоҳои моро низ мешунавад, чунки Ӯ ба мо ғамхор аст.
«ХУДОВАНДРО ДӮСТ МЕДОРАМ, ЗЕРО КИ ОВОЗИ МАРО... МЕШУНАВАД»
Ин суханон аз як таронаи китоби Забур оварда шудаанд. Шахсе, ки онҳоро навиштааст, боварӣ дошт, ки дуоҳояш ба даргоҳи Худои Таоло рафта расидаанд ва ин ба ӯ бисёр қувват мебахшид. Дар натиҷа, ӯ худро ба Худо наздик ҳис мекард ва барои ба ғаму азоби зиндагӣ тоб овардан нерӯи тоза меёфт (Забур 114:1–9).
Агар шахс боварӣ дошта бошад, ки Худо дуояшро мешунавад, вай пайваста ба Ӯ муроҷиат мекунад. Педро, ки дар шимоли Испониё зиндагӣ мекунад, дар натиҷаи садамаи автомобилӣ писари 19-солаашро аз даст дод. Дар андӯҳи худ Педро дилашро дар дуо ба Худо холӣ мекард ва гаштаву баргашта аз Ӯ илтиҷо менамуд, ки ӯро тасаллӣ бахшад ва дастгирӣ кунад. Оё Парвардигор оҳи ӯро шунид? Педро мегӯяд: «Яҳува ба воситаи ҳамсарам ва ҳамимононам ба дуоҳои ман ҷавоб медод. Онҳо маро дилбардорӣ мекарданд ва дастгирӣ менамуданд».
Албатта, бо дуо гуфтан ҷигарбанди ӯ зинда нашуд, лекин дуо ба Педро ва оилаи ӯ бисёр кӯмак кард. Ҳамсари ӯ Мария Кармен мегӯяд: «Дуо ба ман ёрдам кард, ки ба ғаму андӯҳ дода шуда аз по наафтам. Ман медонам, ки Яҳува Худо маро мефаҳмад, зеро вақте ба Ӯ дуо мегӯям, худро ором ва хотирҷамъ ҳис мекунам».
Китоби Муқаддас ва мисолҳои ҳаётӣ тасдиқ мекунанд, ки Худо дар ҳақиқат дуоҳоро мешунавад. Вале ҳамчунин равшан аст, ки Худо на ба ҳамаи дуоҳо ҷавоб медиҳад. Барои чӣ Худованд ба баъзе дуоҳо ҷавоб медиҳаду ба баъзеаш не?
^ сарх. 5 «Яҳува» (يَهُوَه) номи шахсии Худост. Дар ояти Забур 83:18 дар Tарҷумаи Форсӣ чунин навишта шудааст: «Ва бидонанд ту, ки исмат Яҳува мебошад, батанҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ» (дар тарҷумаи тоҷикӣ ин оят дар Забур 82:19 навишта шудааст).