Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Чашмонат ҷанинамро дидаанд» (ЗАБУР 139:16).

Оё Худо шуморо мефаҳмад?

Оё Худо шуморо мефаҳмад?

МО АЗ ОФАРИДАҲО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

Дар бораи муносибати наздики дугоникҳо мулоҳиза ронед. Онҳоро як чизи махсус мепайвандад. Нэнси Сегал ном роҳбари Маркази тадқиқоти дугоникҳои Амрико, ки худаш хоҳари дугоник дошт, мегӯяд, ки баъзеи онҳо ҳатто «якдигарро бе гапу ҳарф мефаҳманд». Як зане, ки хоҳари дугоник дошт, муносибаташонро чунин фаҳмонд: «Мо якдигарро мисли панҷ панҷаамон медонем».

Ин чӣ тавр имконпазир аст? Тадқиқот нишон медиҳад, ки муҳит ва тарбия нақши муайян дошта бошанд ҳам, монандии генҳои дугоникҳо дар ин раванд роли асосиро мебозад.

АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Офаридгор моро аз дигарон дида садчандон беҳтар мефаҳмад. Пайғамбар Довуд чунин гуфта буд: «Ту... маро дар шиками модарам эмин доштаӣ. Устухонҳоям аз ту ниҳон набуданд, вақте дар пинҳонӣ офарида шудам... Чашмонат ҷанинамро дидаанд, ҳама узвҳои онро дар китобат навишта будӣ» (Забур 139:13, 15, 16). Худованд на танҳо сохти генетикии моро пурра медонад, балки аз ҳамаи воқеаҳои ҳаётамон, ки моро шакл додаанд, хабардор аст. Агар Худованд дар бораи мо ин қадар чизҳои мураккабу аҷоибро донад, пас, як зарра набояд шубҳа кунем, ки ӯ моро комилан мефаҳмад.

КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ ФАҲМИШИ ХУДО ЧӢ МЕГӮЯД?

Довуд пайғамбар чунин дуо гуфта буд: «Эй Яҳува, ту маро саропо тафтиш кардаӣ ва маро медонӣ. Ту вақти нишастану хестанамро медонӣ, фикрҳои маро аз дур пай мебарӣ. Ҳанӯз дар забонам сухане нест, вале ту, эй Яҳува, онро ба куллӣ медонӣ» (Забур 139:1, 2, 4). Ғайр аз ин, Яҳува аз ҳиссиётҳои ниҳонии мо хабардор аст ва ҳатто «ҳар фикру ниятро пай мебарад» (1 Воқеанома 28:9; 1 Подшоҳон 16:6, 7). Мо аз ин оятҳо дар бораи Худо чӣ мефаҳмем?

Ҳатто агар тамоми фикру ҳиссиётамонро дар дуо баён накунем, Офаридгорамон на танҳо чӣ кор карданамонро мебинад, балки боз сабаби чунин амал намуданамонро мефаҳмад. Беш аз ин, ӯ ниятҳои хуби моро мебинад, ҳатто агар мо онҳоро баъзан аз сабаби ин ё он вазъият амалӣ гардонда натавонем. Азбаски Худованд дар дили мо муҳаббатро ҷо додааст, бешубҳа, ӯ дар мо чизҳои хубро дидан мехоҳад ва ба ҳама фикру хоҳишҳои некамон аҳамият медиҳад (1 Юҳ. 4:7–10).

Ягон чиз аз назари Худованд пинҳон намемонад. Ҳатто агар дигарон азоби моро надонанд ё пурра душвориҳоямонро нафаҳманд, Худованд аз ҳамааш хабардор аст.

Каломи Худо моро боварӣ мебахшад

  • «Чашмони Яҳува сӯйи росткорон аст ва гӯшҳояш сӯйи илтиҷои онҳо» (1 ПЕТРУС 3:12).

  • Худованд ваъда медиҳад: «Туро ақлу фаҳм мебахшам ва ба роҳе, ки бояд биравӣ, ҳидоят мекунам. Туро насиҳат медиҳам, чашмам бар туст» (ЗАБУР 32:8).

ХУДОВАНД ХЕЛЕ ДИЛСӮЗ АСТ

Оё донистани он ки Худованд вазъият ва ҳиссиёти моро мефаҳмад, кумак мекунад, ки ба мушкилиҳоямон тоб орем? Биёед мисоли Аннаро, ки аз Нигерия аст, дида бароем. Ӯ мегӯяд: «Ман ба худ мегуфтам: “Аҳволам ин қадар танг аст, аз зиндагӣ кардан чӣ умед!”» Анна мефаҳмонад: «Баъд аз ташхис маълум шуд, ки ман бемории саратони сина дорам. Маро бояд ҷарроҳӣ мекарданд, химия ва радиотерапия мегузаронданд. Он вақт ман, ки бевазан будам, бояд ба духтарам нигоҳубин мекардам, ки аз сабаби касалии гидросефалия (аз меъёр зиёд ҷамъ шудани об дар мағзи сар) дар беморхона хоб буд. Дар беморхона хоб будани духтарам кам буд, ки худам боз ба ин аҳвол гирифтор шудам. Он рӯзҳои тираву тор буданд».

Чӣ ба Анна ёрдам дод, ки аз ин ботлоқи ғам берун ояд? Ӯ мегӯяд: «Ман дар бораи чанд оятҳо мулоҳиза рондам. Масалан, дар Филиппиён 4:6, 7 гуфта шудааст: “Осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо... нигаҳбонӣ мекунад”. Ҳар дафъае ки ин оятро ба хотир меовардам, ҳис мекардам, ки ману Яҳуваро муносибатҳои наздик мепайвандад ва медонистам, ки Худо маро аз худам ҳам беҳтар мефаҳмад. Ғайр аз ин, ҳамимонони азизам маро дастгирӣ мекарданд.

Ҳарчанд то ҳол бо бемориам мубориза мебарам, аҳволи ману духтарам беҳтар аст. Азбаски Яҳува бо мо аст, дар озмоишҳо ба фикрҳои манфӣ дода намешавем. Суханони Яъқуб 5:11 моро боварӣ мебахшанд: “Мо онҳоеро, ки истодагарӣ мекарданд, хушбахт меҳисобем. Шумо дар бораи истодагарии Айюб шунидаеду медонед, ки чӣ тавр Яҳува ӯро баракат дод, ва фаҳмидед, ки Яҳува хеле дилсӯзу меҳрубон аст”». Чи хеле ки Яҳува вазъияти Айюбро нағз мефаҳмид, мо ҳам дилпур буда метавонем, ки Яҳува аз аҳволи мо бохабар аст.