Ҷавонон, шумо ҳаёти худро ба чӣ мебахшед?
Ҷавонон, шумо ҳаёти худро ба чӣ мебахшед?
«[Ман] мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад» (1 ҚӮР. 9:26).
1, 2. Барои дар синни ҷавонӣ комёб шудан, чӣ лозим аст?
ПЕШ аз он ки ба ҷои ношиносе сафар кунед, шумо эҳтимол ҳамроҳи худ харита ва қутбнамо мегиред. Харита ба шумо кӯмак мекунад, ки дар куҷо қарор доштанатонро муайян созед ва хати сафарро тартиб диҳед. Қутбнамо ёрӣ мерасонад, ки дар он маҳал роҳгум назанед. Лекин ҳам харита ва ҳам қутбнамо бефоида хоҳанд буд, агар шумо ба куҷо рафтанатонро надонед. Барои сарсону саргардон нашудан шумо бояд ба куҷо рафтанатонро аниқ муайян созед.
2 Дар солҳои ҷавонӣ шумо бо вазъияти ба ин монанде дучор мешавед. Шумо ҳам харитаи боваринок ва ҳам қутбнамо доред. Китоби Муқаддас — ин харитаест, ки ба шумо барои интихоби роҳи дурусти ҳаёт кӯмак расонда метавонад (Мас. 3:5, 6). Ҳамчунин барои дар роҳи дуруст мондан ва аз он ақиб нагаштан ба шумо виҷдон кӯмак мекунад, дар сурате, ки он дуруст таълим ёфта бошад (Рум. 2:15). Он чун қутбнамо хидмат карда метавонад. Лекин барои дар ҳаёт комёб гаштан шумо ҳамчунин бояд донед, ки ба куҷо рафта истодаед. Ба шумо лозим аст, ки назди худ мақсадҳои равшану муайян гузоред.
3. Чаро мувофиқи суханони Павлус аз 1 Қӯринтиён 9:26 дар пеши худ мақсад доштан фоиданок аст?
3 Павлуси расул нишон дод, ки гузоштани мақсад ва баҳри ба он расидан кӯшиш намудан манфиатнок аст. Ӯ гуфт: «Ман медавам на он тавре ки бар абас бошад, ва мушт мезанам на он тавре ки фақат барои задани ҳаво бошад» (1 Қӯр. 9:26). Агар шумо, ҷавонон, пеши худ мақсад дошта бошед, пас медонед, ки барои чӣ медавед. Ба қарибӣ ба шумо лозим меояд, ки қарорҳои муҳим қабул кунед, масалан дар мавриди дин, кор, барпо кардани оила ва ғайраҳо. Баъзан ба назар чунин метобад, ки вариантҳо аз ҳад зиёданд ва аз онҳо сари шахс гаранг мешавад. Лекин агар шумо пешакӣ хати сафари худро аз рӯи ҳақиқатҳо ва принсипҳои Китоби Муқаддас тартиб диҳед, он гоҳ дар шумо васвасаи бо роҳи нодуруст рафтан пайдо намешавад (2 Тим. 4:4, 5).
4, 5. Агар шумо назди худ мақсад нагузоред, чӣ рӯй дода метавонад? б) Чаро ба ҳамаи қарорҳои шумо бояд хоҳиши ба Яҳува писанд омадан таъсир кунад?
4 Агар шумо назди худ мақсад нагузоред, он гоҳ ҳамсолон ва муаллимон эҳтимол ба шумо таъсир карда шуморо ташвиқ мекунанд, ки он чизеро ки онҳо дуруст мешуморанд, ҳамонро кунед. Албатта, ҳатто агар шумо назди худ мақсадҳои равшан гузоред ҳам, баъзеҳо метавонанд ба шумо фикри худро пешкаш намоянд. Фикри онҳоро гӯш карда, аз худ бипурсед: «Оё он чизе, ки онҳо мегӯянд ба ман кӯмак мерасонад, ки Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дорам ё ин мақсадҳо ба хидмати ман халал мерасонанд?». (Воиз 12:1–ро бихонед.)
5 Чаро хоҳиши ба Яҳува писанд омадан бояд ба ҳама қарорҳои шумо таъсир кунад? Яке аз сабабҳо ин аст, ки ҳамаи он чизҳои неке, ки мо дорем аз Яҳува мебошад (Яъқ. 1:17). Дар ҳақиқат, ҳамаи мо бояд ба Яҳува миннатдор бошем (Ваҳй 4:11). Роҳи беҳтарини нишон додани миннатдорӣ ба Яҳува — ин ҳангоми интихоби мақсадҳо ба назар гирифтани нуқтаи назари Ӯ мебошад. Биёед дида бароем, ки кадом мақсадҳоро арзанда номидан мумкин аст ва барои расидан ба онҳо чӣ кор кардан лозим аст.
Кадом мақсадҳоро назди худ гузошта метавонед?
6. Кадом мақсади муҳимро шумо назди худ гузошта метавонед ва чаро?
6 Чӣ тавре ки дар мақолаи гузашта қайд шуда буд, мақсади муҳиме, ки шумо, ҷавонон, Рум. 12:2; 2 Қӯр. 13:5). Эҳтимол ҳамсолони шумо ба таълимоти эволютсия ва ҳар гуна таълимоти бардурӯғи динӣ имон доранд, зеро дигарон ба онҳо гуфтаанд, ки ба ин чизҳо бовар кардан лозим аст. Лекин дар мавриди эътиқоди диниатон шумо роҳи беҳтареро интихоб карда метавонед. Дар хотир дошта бошед, ки Яҳува мехоҳад, ки шумо бо тамоми ақлу ҳуши худ ба Ӯ хидмат кунед. (Матто 22:36, 37–ро бихонед.) Падари осмониамон мехоҳад, ки имони шумо бар ҳақиқати Китоби Муқаддас асос ёбад (Ибр. 11:1).
назди худ гузошта метавонед — ба худ исбот кардани он аст, ки суханони Китоби Муқаддас ҳақиқат мебошанд (7, 8. а) Гузоштани кадом мақсадҳои кӯтоҳмӯҳлат имони шуморо мустаҳкам карда метавонанд? б) Аз он ки ба баъзе мақсадҳои кӯтоҳмӯҳлататон мерасед, шумо чӣ эҳсос хоҳед кард?
7 Хуб мебуд, ки шумо назди худ якчанд мақсадҳои кӯтоҳмӯҳлат гузоред — мақсадҳое, ки дар муддати кӯтоҳ ба онҳо расидан мумкин аст. Онҳо барои мустаҳкам гардондани имонатон кӯмак мекунанд. Яке аз ин мақсадҳо — ин ҳар рӯз дар дуо ба Яҳува муроҷиат кардан аст. То ки дуоҳоятон якранг нашаванду аниқ бошанд, шумо метавонед воқеаҳоеро, ки дар давоми рӯз гузашта буданд дар хотир доред ё нависед ва онҳоро дар дуоҳоятон зикр намоед. Дар дуоҳоятон на танҳо дар бораи мушкилиҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавед, балки оиди лаҳзаҳои хурсандибахш низ, нақл кунед (Фил. 4:6). Боз як мақсади дигар — ин хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддас аст. Оё медонед, ки агар шумо ҳар рӯз тақрибан 4 саҳифа аз Китоби Муқаддас хонед, шумо дар як сол онро аз сар то ба охир хонда метавонед? * «Хушо касе ки ... ба шариати Худованд шавқ дорад, ва рӯзу шаб Тавроти Ӯро меомӯзад»,— гуфта мешавад дар Забур 1:1, 2.
8 Мақсади сеюми кӯтоҳмӯҳлат, ки шумо назди худ гузошта метавонед — ин тайёр кардани ҷавоб ба ҳар вохӯрии ҷамъомад аст. Дар аввал шумо метавонед, ҷавоби чопшуда ё оят бихонед. Сипас шумо метавонед чунин мақсад гузоред, ки дар вохӯриҳои ҷамъомад бо суханони худ ҷавоб диҳед. Дар асл, ҳар як ҷавоби Ибр. 13:15). Вақте ки ба баъзеи ин мақсадҳо мерасед, эътимоди шумо қавитар мегардад; шумо нисбати Яҳува миннатдории бештар эҳсос мекунед ва барои гузоштани мақсадҳои дарозмӯҳлат тайёр хоҳед буд.
шумо ин ҳадия ба Яҳува аст (9. Агар шумо ҳоло воизи Салтанат набошед, кадом мақсадҳои дарозмӯҳлатро назди худ гузошта метавонед?
9 Кадом мақсадҳои дарозмӯҳлатро, яъне мақсадҳоеро, ки барои ба онҳо расидан мӯҳлати дарозтар лозиманд, шумо назди худ гузошта метавонед? Агар шумо ҳоло ба мавъизаи хушхабар сар накарда бошед, шумо метавонед дар бораи воизи Салтанат шуданатон фикр кунед. Вақте ки ба ин мақсади арзанда мерасед, шумо метавонед бикӯшед, ки ҳар моҳ мунтазам ва самаранок хидмат кунед. Ҳамчунин хуб мебуд, ки дар хидмат аз Китоби Муқаддас истифода бурданро ёд гиред. Он гоҳ шумо хоҳед дид, ки хидмат бароятон хурсандии бештар мебахшад. Сипас шумо метавонед дар хидмати хона ба хона бештар иштирок кунед ё ҳатто барои сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас кӯшиш кунед. Баъд аз он ки шумо воизи таъмиднаёфта шудед, шумо метавонед боз ба як мақсади муҳим бикӯшед, ки ин мувофиқат кардан ба талабот барои таъмид ва Шоҳиди таъмидёфтаи Яҳува шудан аст.
10, 11. Кадом мақсадҳои дарозмӯҳлатро ҷавондухтарон ва ҷавонписарони таъмидёфта пеши худ гузошта метавонанд?
10 Агар шумо аллакай ходими таъмидёфтаи Яҳува бошед, метавонед мақсадҳои дарозмӯҳлати зеринро барои худ интихоб кунед: вақт аз вақт кӯмак расондан ба ҷамъомад барои мавъиза дар маҳалҳое, ки он ҷо дер–дер мавъиза карда мешавад; сарф кардани қувват ва саломатии худ барои хидмат чун пешрави ёвар ё пешрави доимӣ. Даҳҳо ҳазор пешравони хушбахт тасдиқ карда метавонанд, ки хидмати пурравақт кори арзанда аст ва он нишон медиҳад, ки шумо Офаридгори худро дар айёми ҷавониатон дар хотир доред. Барои ба ин мақсадҳо расидан шарт нест, ки шумо ба ҷои дигаре равед. Ин ҳамчунин ба ҷамъомаде, ки шумо дар он хидмат мекунед, манфиат меорад.
11 Мақсадҳои дигари дарозмӯҳлат ба шумо имконият медиҳанд, ки доираи хидмататонро берун аз ҷамъомади худ васеъ кунед. Масалан, шумо метавонед ба нақша гиред, ки дар маҳалл ё мамлакати дигар, ки он ҷо ба воизон ниёзи калон ҳаст, хидмат кунед. Эҳтимол шумо мехоҳед, ки дар сохтмони Толорҳои Салтанат ё филиалҳои мамлакатҳои дигар кӯмак расонед. Шумо ҳатто метавонед чун ходими Байт–Ил ё миссионер хидмат кунед. Албатта, пеш аз он ки шумо ба мақсадҳои дар боло номбаршуда бикӯшед, шумо бояд қадами аввалро гузоред ва таъмид гиред. Агар шумо дар ҳаёти худ ин қадами муҳимро нагузошта бошед, пас дида бароед, ки ин чиро дар бар мегирад.
Барои таъмид чӣ лозим аст
12. Аз кадом сабабҳо баъзеҳо мехоҳанд таъмид гиранд ва чаро ин сабабҳо нодурустанд?
12 Шумо чӣ тавр мақсади таъмидро шарҳ дода метавонед? Баъзеҳо шояд фикр мекунанд, ки таъмид онҳоро аз кардани гуноҳ муҳофизат мекунад. Дигарон чунин мешуморанд, ки онҳо бояд таъмид гиранд, зеро дӯстонашон аллакай таъмид гирифтаанд. Баъзеи дигарон бошанд, мехоҳанд ба волидонашон писанд оянд. Лекин таъмид шуморо аз кардани корҳое, ки дар танҳоӣ кардан мехостед, боз намедорад. Ҳамчунин набояд барои он таъмид гирифт, ки дигарон шуморо ба ин маҷбур мекунанд. Он вақт бояд таъмид гирифт, ки агар шумо пурра дарк кунед, ки Шоҳиди Яҳува будан чӣ маъно дорад ва боварӣ ҳосил намоед, ки тайёред ва мехоҳед ин масъулиятро ба ӯҳда гиред (Воиз 5:4, 5).
13. Чӣ бояд шуморо ба таъмид барангезад?
13 Яке аз сабабҳои таъмидгирӣ ин аст, ки Исо ба пайравонаш амр дод, ки шогирд созанд ва онҳоро таъмид диҳанд. Ӯ ҳамчунин бо он ки худаш таъмид гирифт, ба дигарон намуна гузошт. (Матто 28:19, 20; Марқӯс 1:9–ро бихонед.) Ғайр аз ин — таъмид ин қадами муҳимест барои онҳое, ки наҷот ёфтан мехоҳанд. Петрус зикр кард, ки чӣ тавр Нӯҳ киштӣ сохту дар он бо аҳли оилааш аз Тӯфон наҷот ёфт. Сипас ӯ илова намуд, ки чизи ба он монанд «таъмид аст, ки ... моро низ ба воситаи эҳёи Исои Масеҳ наҷот медиҳад» (1 Пет. 3:20, 21). Лекин таъмидро ба суғурта, ки дар ҳолати рӯй додани фалокат мегиред, монанд кардан лозим нест. Бо таъмид гирифтани худ шумо нишон медиҳед, ки Яҳуваро дӯст медоред ва бо тамоми ҷони худ, ҳуши худ ва қуввати худ ба Ӯ хидмат кардан мехоҳед (Марқ. 12:29, 30).
14. Чаро баъзеҳо ба таъмид гирифтан ҷуръат намекунанд, аммо дар чӣ шумо боварӣ дошта метавонед?
14 Баъзеҳо эҳтимол аз тарси он ки шояд баъдтар аз ҷамъомад хориҷ карда мешаванд, ба таъмид гирифтан ҷуръат намекунанд. Оё шумо чунин тарс доред? Агар ҳа, шояд дар доштани чунин тарс ҳеҷ нодурустие набошад. Ин маънои онро дошта метавонад, ки шумо дарк карда истодаед, ки Шоҳиди Яҳува будан масъулияти ҷиддӣ аст. Ба таъмидгирӣ баъзан боз чӣ халал мерасонад? Эҳтимол шумо то ҳол эътимод пайдо накардаед, ки беҳтарин роҳи ҳаёт — ин аз рӯи меъёрҳои Худо зиндагӣ кардан аст. Дар чунин ҳолат оиди он касоне мулоҳиза кунед, ки ба принсипҳои Китоби Муқаддас беэътиноӣ мекунанду оқибат чӣ эҳсос менамоянд. Эҳтимол, шумо меъёрҳои Худоро дӯст медоред, аммо тарс доред, ки аз ӯҳдаи иҷрои онҳо баромада наметавонед. Дар ҳақиқат, чунин андешаҳо нишонаи хубест, ки аз фурӯтании шумо шаҳодат медиҳанд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки дили ҳамаи одамони нокомил маккор аст (Ирм. 17:9). Аммо шумо комёб мегардед, агар мунтазам «мувофиқи каломи [Худо]» рафтор кунед. (Забур 118:9–ро бихонед.) Ба шумо лозим аст, ки ҳар гуна саволҳоеро, ки барои таъмидгирӣ ба шумо халал мерасонанд, ҳал кунед ва шубҳаҳоятонро бартараф кунед *.
15, 16. Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки шумо ба таъмид тайёред?
15 Аммо чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки шумо ба таъмид гирифтан тайёред? Ба худ чунин саволҳоро дода метавонед: «Оё ман ба дигарон таълимотҳои асосии Китоби Муқаддасро фаҳмонда метавонам? Оё ман ба хизмат меравам, қатъи назар аз он ки он рӯз волидонам рафта наметавонанд? Оё ман ба ҳама вохӯриҳои ҷамъомад ташриф меорам? Оё ман воқеаҳои аниқро ба хотир оварда метавонам, ки он вақт ман ба фишори ҳамсолон муқобилат карда будам? Оё ман ба Яҳува хидмат карданро давом медодам, ҳатто агар волидонам ва дӯстонам онро бас кунанд? Оё ман дар дуоҳоям мегӯям, ки то чӣ андоза муносибат бо Яҳува бароям муҳим аст? Оё дар дуо ман ҳаётамро пурра ба Яҳува бахшидам?»
16 Таъмид ҳаёти шахсро тағйир медиҳад ва ба ин набояд сабукфикрона назар кунем. Оё шумо ба қадри кофӣ шахси рӯҳан баркамол мебошед, то ки то оиди таъмид гирифтан фикр кунед? Барои шахси рӯҳан баркамол будан аз саҳна бо нутқҳои хуб баромад кардан ё дар вохӯриҳои ҷамъомад ҷавобҳои таъсирбахш додан кам аст. Масеҳии рӯҳан баркамол будан маънои онро дорад, ки шахс метавонад қарорҳои бар принсипҳои Китоби Муқаддас асосёфта қабул кунад. (Ибриён 5:14–ро бихонед.) Агар шумо ба ин зинаи ҳаёт расида бошед, пас бузургтарин имтиёзро соҳиб мегардед — шумо метавонед аз таҳти дил ба Яҳува хидмат кунед ва бо тарзи ҳаётатон нишон диҳед, ки дар ҳақиқат худро ба Ӯ бахшидаед.
17. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки ба озмоишҳое, ки баъди таъмид ба амал омада метавонанд, тоб оред?
17 Эҳтимол дарҳол пас аз таъмид шумо сахт мехоҳед, ки ба Худо хидмат кунед. Аз тарафи дигар, шояд шумо бо озмоишҳое рӯ ба рӯ шавед, ки дар онҳо имон ва устувории шумо санҷида мешавад (2 Тим. 3:12). Фикр накунед, ки бо чунин озмоишҳо шумо дар танҳоӣ мубориза мебаред. Аз волидон маслиҳат пурсед. Барои кӯмак ба масеҳиёни рӯҳан баркамоли ҷамъомад муроҷиат кунед. Бо шахсоне, ки шуморо дастгирӣ менамоянд, дӯстӣ кунед. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозед, ки Яҳува ба шумо ғамхорӣ мекунад. Ӯ ба шумо кӯмаки лозима медиҳад, то шумо ба ҳар гуна душвориҳое, ки ба амал омада метавонанд, тоб оред (1 Пет. 5:6, 7).
Чӣ тавр ба мақсадҳои худ расида метавонед?
18, 19. Чаро тафтиш кардани он ки чӣ дар ҳаёти шумо аввалиндараҷа аст, манфиатбахш мебошад?
18 Оё ба назари шумо чунин метобад, ки нигоҳ накарда ба ҳамаи кӯшишҳоятон ба шумо барои кардани корҳое, ки мехоҳед ва бояд кунед, вақт намерасад? Агар ҳа, пас тафтиш намоед, ки дар ҳаёти шумо чӣ аввалиндараҷа аст. Чунин санҷиш гузаронидан мумкин аст: ба сатиле якчанд санги калон андозед. Ҷои холии сатилро бо қум пур кунед. Ҳоло дар сатили шумо ҳам санг ҳаст ва ҳам қум. Сипас, он қуму сангро ба як ҷо холӣ кунед. Акнун, сатилро аз нав пур кунед, лекин ин дафъа баръакс — аввал ба он қумро резед ва баъд сангҳоро. Ҳамаи сангҳо дар сатилча ҷой намешаванд, ҳамин тавр–не? Ин аз сабаби он аст, ки шумо аввал қумро ба сатилча рехтед.
19 Ҳангоми ҷудо кардани вақти худ шумо бо душвории ба ин монанд дучор мешавед. Агар шумо чунин корҳоро, мисли вақтхушиҳо дар ҷои аввал гузоред, пас ҳамеша ба назаратон чунин метобад, ки ба шумо ба корҳои муҳимтар, яъне машғулиятҳои рӯҳонӣ вақт намерасад. Аммо агар шумо мувофиқи даъвати Китоби Муқаддас амал карда, «дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст», пас хоҳед дид, ки ба шумо ҳам барои корҳои бо Салтанат алоқаманд ва ҳам барои баъзе вақтхушиҳо вақт мерасад (Фил. 1:10).
20. Чӣ бояд кард, агар ҳангоми расидан ба мақсадҳои худ, кӯшиш намуда, баъзан шояд ташвиш ва шубҳа эҳсос кунед?
20 Барои расидан ба мақсадҳои худ, аз он ҷумла ба таъмид кӯшиш намуда, баъзан шояд шумо нооромӣ ва шубҳа эҳсос кунед. Вақте ки чунин рӯй медиҳад, бори дилатонро ба Яҳува партоед ва «Ӯ ба шумо ғамхорӣ хоҳад кард» (Заб. 54:23). Ҳоло шумо имконият доред, ки дар кори беҳамто ва муҳими таърихи инсоният — кори умумиҷаҳонии мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок намоед (Аъм. 1:8). Шумо метавонед онро чун тамошобин назорат кунед, ки чӣ тавр дигарон бо ин кор машғуланд. Ва ё метавонед шахсан дар ин кор иштирок намоед. Қобилиятҳои худро барои пешравии кори Салтанат истифода баред. Шумо ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳед шуд, ки «дар айёми ҷавонии худ» ба Офаридгори худ хидмат намудед (Воиз 12:1).
[Эзоҳҳо]
^ сарх. 7 Нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 августи соли 2009 (рус.), саҳ. 15–18.
^ сарх. 14 Китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 2, боби 34 дар ин кӯмаки хуб буда метавонад.
[Tасвир дар саҳифаи 16]
Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?
• Чаро бояд назди худ мақсад гузошт?
• Кадом мақсадҳоро арзанда номидан мумкин аст?
• Барои таъмидгирӣ чӣ лозим аст?
• Чӣ тавр тафтиш кардани он ки чӣ дар ҳаёти шумо аввалиндараҷа аст, барои расидан ба мақсадҳои гузоштаатон кӯмак мекунад?
[Саволҳо барои омӯзиш]
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Оё шумо мақсад доред, ки Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хонед?
[Tасвир дар саҳифаи 15]
Агар мақсади таъмидгирӣ дошта бошед, барои ба он расидан чӣ ба шумо кӯмак мекунад?
[Tасвир дар саҳифаи 16]
Аз ин мисол шумо чӣ меомӯзед?