«Нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад»
«Эй бародарон... нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад» (2 ТАС. 2:1, 2).
1, 2. Чаро дурӯғ имрӯз хеле паҳн гаштааст ва кадом намудҳои онро дидан мумкин аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
ФИРЕБУ найранг, дурӯғгӯӣ ва қаллобӣ дар ин ҷаҳон чизҳои муқаррарианд. Ин набояд моро ба ҳайрат гузорад. Китоби Муқаддас равшан мегӯяд, ки Шайтон Иблис дурӯғгӯи моҳир аст ва «тамоми ҷаҳон дар зери ҳукумати» вай мебошад (1 Тим. 2:14; 1 Юҳ. 5:19). Бо наздикшавии анҷоми ин тартибот хашми Шайтон торафт пурзӯр мегардад, зеро вай «медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). Пас, аҷаб нест, ки касоне, ки зери таъсири Иблис қарор доранд, боз ҳам бештар дурӯягиву фиребгарӣ зоҳир мекунанд, хусусан нисбати пайравони ибодати ҳақиқӣ.
2 Баъзан дар воситаҳои ахборотӣ дар бораи хизматгорони Яҳува ва эътиқоди онҳо фикру ақидаҳои нодуруст ё дурӯғи рӯирост садо медиҳад. Масалан, мухолифон саҳифаи аввали рӯзномаҳо, филму барномаҳои телевизионӣ ё сайтҳои интернетиро истифода бурда, дар бораи мо маълумоти дурӯғро паҳн мекунанд. Дар натиҷа, баъзе одамон ба воҳима афтода, соддалавҳона ба чунин дурӯғ бовар мекунанд.
3. Барои фиреб нахӯрдан чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
3 Барои ба чунин таъсироти фасодовари душман муқобилат кардан чӣ ба мо кӯмак мекунад? Хушбахтона, мо Каломи Худоро дорем, ки он «барои ислоҳ... фоиданок аст» (2 Тим. 3:16). Мо аз номае, ки Павлуси ҳавворӣ ба масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ навишт, мефаҳмем, ки баъзеи онҳо ба суханони дурӯғ бовар карда, гумроҳ шуданд. Ӯ онҳоро насиҳат дода гуфт: «Эй бародарон... нагузоред, ки фикри шумо зуд ба шубҳа афтад» (2 Тас. 2:1, 2). Мо аз ин насиҳати меҳрубононаи Павлус барои худ чӣ дарс мегирем ва чӣ тавр онро дар вазъияти худ ба кор бурда метавонем?
ОГОҲИҲОИ САРИВАҚТӢ
4. Чӣ тавр масеҳиёни таслӯникӣ аз омадани «рӯзи Худованд» огоҳ карда мешуданд ва мо чӣ тавр огоҳ карда мешавем?
4 Дар номаи якуми ба ҷамъомади шаҳри Таслӯникӣ навиштааш, Павлус диққатро ба наздик шуда истодани «рӯзи Худованд» ҷалб кард. Ӯ намехост, ки бародаронаш дар зулмот бошанд ва аз омадани он рӯз ғофил монанд. Барои ҳамин, ӯ онҳоро чун «писарони нур» ташвиқ кард, ки «бедор ва ҳушёр» бошанд. (1 Таслӯникиён 5:1–6-ро бихонед.) Имрӯз мо нобудшавии Бобили бузург — империяи ҷаҳонии дини дурӯғро интизорем. Ин нишонаи саршавии рӯзи бузурги Яҳува хоҳад буд. Мо миннатдорем, ки Яҳува фаҳмиши моро оиди иҷрошавии ниятҳои худ торафт васеъ мегардонад. Инчунин, тавассути ҷамъомад мунтазам ёдраскуниҳои саривақтӣ дода мешаванд, ки барои ҳушёру бедор мондан ба мо кӯмак мекунанд. Аҳамият додан ба ин огоҳиҳои такрор ба такрор метавонад моро тақвият диҳад, ки «ибодати оқилонаи» худро ба ҷо орем (Рум. 12:1).
5, 6. а) Дар номаи дуюм ба Таслӯникиён, Павлус дар бораи чӣ навишт? б) Ба наздикӣ Худо ба воситаи Исо чӣ кор хоҳад кард ва мо бояд ба худ чӣ гуна саволҳоро диҳем?
5 Чанде пас аз фиристодани номаи якумаш, Павлус ба масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ номаи дуюмашро навишт. Дар он номааш Павлус диққатро ба мусибати дар пешбуда равона кард, ки дар он Ҳазрати Исо бар касоне, ки «Худоро намешиносанд ва ба башорат... итоат намекунанд», доварӣ менамояд (2 Тас. 1:6–8). Боби дуюми номаи ӯ ошкор мекунад, ки баъзе касон дар он ҷамъомад оиди рӯзи Яҳува «ҳаросон» гашта буданд, чунки фикр мекарданд, ки он ба наздикӣ фаро мерасад. (2 Таслӯникиён 2:1, 2-ро бихонед.) Он масеҳиёни замони қадим дар бораи иҷрошавии нияти Яҳува фаҳмиши маҳдуд доштанд ва Павлус низ баъдтар оиди пешгӯиҳо чунин эътироф кард: «Мо ба таври ҷузъӣ [қисман] медонем ва ба таври ҷузъӣ нубувват мекунем, аммо вақте ки камол меояд, он чи ҷузъӣ буд, хотима меёбад» (1 Қӯр. 13:9, 10). Вале огоҳиҳое, ки зери илҳоми илоҳӣ Павлус, Петрус ва дигар бародарони тадҳиншудаи онвақта навиштанд, барои нигоҳ доштани имон кофӣ буданд.
6 Барои ислоҳ кардани тарзи фикрронии онҳо Павлус зери илҳоми Худо фаҳмонд, ки пеш аз омадани рӯзи Яҳува бояд осияти бузург сар занад ва «шахси пур аз шарорат» пайдо шавад *. Баъди он, дар вақти муайяншуда, Ҳазрати Исо ҳамаи касони фирефташударо «несту нобуд мекунад». Павлус сабаби нобуд шудани он шахсонро фаҳмонда гуфт, ки «онҳо муҳаббати ростиро қабул накарданд» (2 Тас. 2:3, 8–10). Хуб мебуд, ки мо аз худ бипурсем: «Ман то чӣ андоза ба “ростӣ”, яъне ҳақиқат муҳаббат дорам? Оё ман маҷаллаҳо ва дигар адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфтаамонро хонда, аз фаҳмиши ҳозираи ҳақиқат саривақт бохабар мегардам?»
ДОИРАИ МУОШИРАТРО ОҚИЛОНА ИНТИХОБ КУНЕД
7, 8. a) Масеҳиёни замони пеш бо кадом хатарҳо мубориза мебурданд? б) Ба масеҳиёни ҳақиқӣ имрӯз хусусан кадом хатар таҳдид мекунад?
7 Рост аст, ки ғайр аз таъсироти бади осиён ва таълимоти онҳо ба масеҳиён хатарҳои дигар низ таҳдид мекунанд. Масалан, Павлус ба Тимотиюс навишт, ки «решаи ҳамаи бадиҳо зарпарастист». Павлус қайд кард, ки «баъзе касон ба он орзуманд шуда, аз имон баргаштаанд ва худро гирифтори андӯҳҳои зиёде кардаанд» (1 Тим. 6:10). Хатари ба «корҳои ҷисм» дода шудан низ ҳамеша ба масеҳиён таҳдид мекунад (Ғал. 5:19–21).
8 Лекин шумо шояд дарк кунед, ки чаро Павлус таслӯникиёнро бо қатъият аз хатари ҷиддие, ки аз ҷониби «ҳаввориёни козиб» ва аз он қабил одамон бармеомад, огоҳ кард. Дар ҷамъомад касоне буданд, ки «суханони каҷ» мегуфтанд, «то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд» (2 Қӯр. 11:4, 13; Аъм. 20:30). Исо баъдтар ҷамъомади шаҳри Эфсӯсро таъриф кард, зеро онҳо «шарирон»-ро тобу тоқат надоштанд. Масеҳиёни эфсӯсӣ онҳоро имтиҳон карда, боварӣ ҳосил карданд, ки чунин шахсон дар асл ҳаввориёни козиб, яъне дурӯғгӯянд (Ваҳй 2:2). Ҷолиби диққат аст, ки дар номаи дуюм ба Таслӯникиён, Павлус чунин насиҳат дод: «Ба шумо, эй бародарон, ба исми... Исои Масеҳ дастур медиҳем, ки аз ҳар бародаре ки бекорагардӣ мекунад [«бенизом рафтор мекунанд», тарҷумаи форсии қадим]... дур шавед». Сипас, ӯ хусусан масеҳиёнеро қайд кард, ки кор кардан намехостанд (2 Тас. 3:6, 10). Агар аз шахсони танбал ва коргурез худро дур гирифтан лозим буд, пас то чӣ андоза аз шахсе, ки чун осӣ рафтор мекард, канорагирӣ кардан муҳимтар буд. Муоширати наздик бо чунин шахсон хатари калон дошт ва аз онҳо худро дур гирифтан лозим буд. Ва имрӯз низ чунин аст (Мас. 13:20).
9. Чаро мо бояд аз касе, ки фикрҳои худашро ба дигарон талқин карданӣ мешавад ё танқидомез гап мезанад, эҳтиёт шавем?
9 Анҷоми ин ҷаҳони шарир наздик аст ва ба қарибӣ мусибати бузург сар мешавад. Пас, он огоҳиҳое, ки дар асри як зери илҳоми илоҳӣ дода шуда буданд, барои мо аҳамияти бештар пайдо мекунанд. Бешубҳа, мо намехоҳем, ки меҳрубонии беҳамтои Яҳува барои мо «бефоида» гардад ва мо аз имконияти ба даст овардани ҳаёти ҷовидона — хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин — маҳрум гардем (2 Қӯр. 6:1). Агар касе ба ҷамъомади мо ташриф ораду оиди гуфтаҳои Китоби Муқаддас фарзу тахминҳои шахсии худро баён кунад ё оиди пирон ва дигар ходимони Худо танқидомез гап занад, мо бояд бешакку шубҳа аз чунин шахс эҳтиёт шавем (2 Тас. 3:13–15).
«РИВОЯТҲО»-РО НИГОҲ ДОРЕД
10. Павлус масеҳиёни таслӯникиро ба нигоҳ доштани кадом «ривоятҳо» ташвиқ кард?
10 Павлус бародарони таслӯникиро ташвиқ кард, ки «истодагӣ» кунанд ва чизҳоеро, ки омӯхта буданд, нигоҳ доранд. (2 Таслӯникиён 2:15-ро бихонед.) «Ривоятҳое», ки онҳо аз худ карданд, чиро дар бар мегирифт? Албатта, ба онҳо қиссаву ривоятҳои дини дурӯғ, ки гӯё чун таълимоти Навиштаҳо арзиш доштанд, дохил намешуданд. Аниқтараш, Павлус ба таълимотҳои Исо ва он чизҳое, ки ӯ ва дигарон зери илҳоми илоҳӣ навишта буданд, ишора кард. Бародарони шаҳри Қӯринт содиқона он таълимотҳоро риоя мекарданд, аз ин рӯ Павлус онҳоро таъриф карда гуфт: «Дар ҳар хусус маро дар хотир доред ва ривоятҳоро, ончунон ки ба шумо супурдаам, нигоҳ доштаед» (1 Қӯр. 11:2). Чунин таълимотҳо аз сарчашмаи боваринок мебаромаданд ва дар ҳақиқат сазовори эътимод буданд.
11. Бо кадом тарзҳо баъзеҳо ба доми фиреб афтода метавонанд?
11 Дар нома ба Ибриён Павлус ду тарзро қайд кард, ки чӣ тавр шахси масеҳӣ имон ва садоқатмандиашро ба Яҳува гум карда метавонад. (Ибриён 2:1; 3:12-ро бихонед.) Павлус дар бораи аз Яҳува дур шудан ва аз Ӯ рӯй гардондан сухан ронд. Инро бо ду мисол фаҳмондан мумкин аст. Қаиқе, ки дар лаби дарё истодааст, зери таъсири шамол ё мавҷи дарё оҳиста-оҳиста аз соҳил дур мешавад. Дар аввал шояд ин ба чашм натобад, вале оқибат он метавонад аз соҳил хеле дур равад. Лекин аз тарафи дигар, шахс худаш қаиқро бо бел тела дода, аз соҳил дур шуда метавонад. Ҳар дуи ин мисол нишон медиҳад, ки агар шахс ба доми фиреб афтода, роҳ диҳад, ки бовариаш ба ҳақиқат суст гардад, чӣ рӯй дода метавонад.
12. Кадом машғулиятҳои ҳозиразамон ба ҳолати рӯҳонии мо зарар расонда метавонанд?
12 Бо баъзе масеҳиёни таслӯникӣ маҳз чунин рӯй дода буд. Дар бораи рӯзҳои мо чӣ метавон гуфт? Кору машғулиятҳои беҳуда хеле зиёданд. Фикр кунед, ки муошират тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хондани номаҳои электронӣ ва ҷавоб навиштан ба онҳо, ҳарисона бо машғулиятҳои бароямон шавқовар банд будан ва аз навигариҳои олами варзиш доимо бохабар шуда истодан чӣ қадар вақти моро мегиранд. Агар мо ба яке аз онҳо бемеъёр дода шавем, ҳуши мо метавонад парешон гардад ва ҷидду ҷаҳдамон дар хизмат кам шавад. Ин ба чӣ оварда мерасонад? Сифати дуоҳои мо коста мегардад, мо дар омӯзиши Каломи Худо, ташрифорӣ ба ҷамъомад ва мавъиза кардани хушхабар суст мешавем. Чӣ кор кунем, то фикрамон аз таълимоти Худо дур нашавад?
ЧӢ КОР КУНЕМ, ТО БА ШУБҲА НААФТЕМ?
13. Мувофиқи пешгӯӣ имрӯзҳо тарзи фикрронии бисёр одамон чӣ гуна аст ва мо чӣ кор карда метавонем, то имонамон суст нашавад?
13 Мо бояд нағз дар ёд дорем, ки дар кадом замон зиндагӣ мекунем ва чӣ тавр муошират бо касоне, ки «дар рӯзҳои охир» зистанамонро рад мекунанд, хатарнок буда метавонад. Петруси ҳавворӣ оиди замони мо навишта буд: «Дар рӯзҳои охир масхарабозони беҳаёе пайдо хоҳанд шуд, ки бар тибқи ҳавасҳои худ рафтор намуда, хоҳанд гуфт: “Куҷост ваъдаи омадани Ӯ? Зеро аз замоне ки падарон вафот кардаанд, ҳама чиз ончунон ки аз аввали офариниш буд, боқӣ мондааст”» (2 Пет. 3:3, 4). Хониши ҳаррӯза ва омӯзиши мунтазами Каломи Худо ба мо кӯмак мекунад, ки «дар рӯзҳои охир» зистанамонро фаромӯш накунем. Осияти пешгӯишуда асрҳо пеш зоҳир шуда буд ва то рӯзҳои мо дида мешавад. «Шахси пур аз шарорат» то ҳол вуҷуд дорад ва ба хизматгорони Худо муқобилат мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд наздик будани рӯзи Яҳуваро дар мадди назар нигоҳ дошта, доимо ҳушёру бедор бошем (Саф. 1:7).
14. Бо хизмати Худо банд будан моро аз чӣ муҳофизат мекунад?
14 Таҷриба нишон медиҳад, ки роҳи асосии бедору ҳушёр мондан ва ба шубҳа наафтодан — ин мунтазам дар мавъизаи хушхабари Салтанат иштирок кардан аст. Бинобар ин, вақте ки Исои Масеҳ, Сарвари ҷамъомад, ба пайравонаш амр дод, ки мавъиза кунанд ва шогирд созанд, ӯ дар асл ба онҳо кореро фармуд, ки онҳоро муҳофизат мекард (Мат. 28:19, 20). Барои мувофиқи дастуроти Исо амал кардан мо бояд дар кори мавъиза боғайрат бошем. Магар мо гуфта метавонем, ки бародарони шаҳри Таслӯникӣ дар мавъиза ва таълим додани дигарон бо дили нохоҳам иштирок мекарданд, гӯё ки ин кор дар гардани онҳо танҳо як қарз буду онро бе хоҳишу ҳавсала иҷро кунанд ҳам мешавад? Албатта не, зеро онҳо аз рӯи суханони зерини Павлус амал мекарданд: «Рӯҳро хомӯш накунед. Нубувватҳоро хор нашуморед» (1 Тас. 5:19, 20). Чӣ пешгӯиҳои ҳаяҷонбахшро мо меомӯзем ва ба дигарон нақл мекунем!
15. Дар давоми ибодати оилавӣ мо кадом чизҳои манфиатбахшро муҳокима карда метавонем?
15 Бешубҳа, шумо ба аъзоёни оилаатон барои қобилиятҳои мавъизакуниашонро сайқал додан кӯмак кардан мехоҳед. Бисёр бародарону хоҳарон фаҳмиданд, ки яке аз роҳҳои беҳтар кардани хизмат — ин дар як қисми ибодати оилавӣ ба он тайёрӣ дидан аст. Масалан, агар ҳангоми хизмат ягон кас шавқ зоҳир кунад, шумо якҷоя муҳокима карда метавонед, ки чӣ тавр шавқи ӯро инкишоф додан мумкин аст. Якҷоя дида бароед, ки дар вақти боздид ба ӯ чӣ мегӯед. Хусусан кадом мавзӯъҳо шавқи ӯро зиёд карда метавонанд? Барои боздид кардан кадом вақт хубтар мебуд? Бисёриҳо инчунин дар як қисми ибодати оилавиашон ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ мебинанд, то аз чизҳое, ки дар онҳо муҳокима карда мешаванд, бохабар бошанд. Оё шумо метавонед нағзтар тайёрӣ бинед, то ки дар онҳо иштирок кунед? Иштироки шумо имонатонро қавӣ хоҳад кард ва барои ба шубҳаву дудилагӣ дода нашудан ёрӣ хоҳад дод (Заб. 34:18). Бале, ибодати оилавӣ моро аз фикру назарияҳои нодурусти шахсӣ ва шубҳаҳо муҳофизат мекунад.
16. Чӣ масеҳиёни тадҳиншударо бармеангезад, ки фикри худро аз шакку шубҳа нигоҳ доранд?
16 Тӯли солҳо инҷониб Яҳува оиди пешгӯиҳои Китоби Муқаддас ба халқаш фаҳмиши торафт чуқуртар мебахшад. Оиди ин мулоҳиза ронда, мо дарк мекунем, ки чӣ мукофоти олиҷанобе моро мунтазир аст. Тадҳиншудагон интизоранд, ки дар осмон ба Масеҳ ҳамроҳ хоҳанд шуд. Ин умед онҳоро бармеангезад, ки ақлу фикри худро аз ҳар гуна шакку шубҳа нигоҳ доранд! Мо бешубҳа гуфта метавонем, ки суханони зерини Павлус ба онҳо дахл доранд: «Мо бояд ҳамеша Худоро барои шумо, эй бародарони маҳбуби Худованд, шукргузорӣ намоем, ки Худо... ба василаи тақдиси Рӯҳ ва имон ба ростӣ, шуморо... баргузидааст» (2 Тас. 2:13).
17. Суханони дар 2 Таслӯникиён 3:1–5 навишташуда шуморо чӣ тавр рӯҳбаланд мекунанд?
17 Ба ин монанд, онҳое, ки умеди дар рӯи замин ҷовидона зистанро доранд, набояд гузоранд, ки фикрашон «зуд ба шубҳа» афтад. Агар шумо чунин умед дошта бошед, суханони рӯҳбаландкунандаи Павлусро, ки ба тадҳиншудагони шаҳри Таслӯникӣ навишт, хуб дар хотир доред. (2 Таслӯникиён 3:1–5-ро бихонед.) Ҳар яки мо бояд барои он суханони пурмуҳаббат аз таҳти дил миннатдор бошем. Бале, дар номаҳои ба Таслӯникиён навиштаи Павлус оиди фикру назарияҳои нодуруст ва шубҳанок огоҳиҳои муҳим дода шудаанд. Азбаски анҷоми ин тартибот беш аз ҳарвақта наздик аст, мо чунин огоҳиҳоро хеле қадр мекунем.
^ сарх. 6 Чӣ тавре ки аз оятҳои Аъмол 20:29, 30 маълум аст, Павлус гуфт, ки дар даруни ҷамъомад «шахсоне пайдо хоҳанд шуд, ки суханони каҷ хоҳанд гуфт, то ки шогирдонро аз ақиби худ бикашанд». Таърих тасдиқ мекунад, ки бо гузашти вақт аҳли калисо ба синфи рӯҳониён ва аъзоёни оддӣ тақсим шуданд. Тақрибан дар асри сеюми эраи мо «шахси пур аз шарорат» аллакай равшан зоҳир шуд. Он як шахс не, балки гурӯҳи одамон — рӯҳониёни ҷаҳони масеҳият буд. (Ба «Мақолаҳои омӯзишии “Бурҷи дидбонӣ”» аз солҳои 1989–1990 (br-1), саҳ. 28–32 нигаред.)