КӮМАК БА ОИЛА | ВОЛИДОН
Ҳангоми доду войи кӯдак шумо чӣ кор карда метавонед?
ДУШВОРӢ
Вақте ки ба кӯдаки дусолаи шумо чизе намефорад, вай ба додзанӣ даромада, бо пойҳояш заминро мекӯбад ва ҳама чизро ҳаво медиҳад. Шумо фикр мекунед: «Ба кӯдаки ман чӣ шудааст? Мумкин ман ягон корро нодуруст карда истодаам? Бо гузашти вақт ӯ дигар мешуда бошад?»
Шумо метавонед ба кӯдаки дусолаатон барои бас кардани ин одаташ кӯмак расонед. Лекин аввал фикр кунед, ки чӣ ӯро ба ин кор водор мекунад.
САБАБ
Кӯдакони хурдсол ҳоло идора кардани ҳиссиёти худро ёд нагирифтаанд. Аллакай худи ин омил сабаб шуда метавонад, ки ӯ гоҳ-гоҳ доду вой кунад. Вале сабабҳои дигар низ ҳастанд.
Фикр кунед, ки ақлу майнаи кӯдаки дусола назар ба вақти таваллудёбиаш бисёр тағйир меёбад. Аз айёми ба дунё омаданаш волидон кӯшиш мекарданд, ки ҳар як ниёзи ӯро қонеъ гардонанд. Масалан, агар ӯ гиря кунад, онҳо давида ба наздаш мерафтанд, то бубинанд, ки: мабодо ӯ бемор нашудааст? Шояд гурусна монда бошад? Ё ӯро ором кардан лозим? Ё мумкин тагашро хушк кардан даркор аст? Волидон барои беҳбудии кӯдаки худ ҳар чӣ аз дасташон меомад, мекарданд. Ва ин фаҳмост, зеро он вақт ӯ пурра аз онҳо вобаста буд.
Лекин тахминан дар синни дусолагӣ, кӯдак оҳиста-оҳиста дарк мекунад, ки волидон торафт камтар талабҳои ӯро иҷро мекунанд. Дар асл, акнун ба ҷои он ки онҳо хоҳишҳои ӯро қонеъ гардонанд, худи ӯ бояд онҳоро гӯш кунад. Вазъият тағйир ёфт, ва ин метавонад дар кӯдак норизоиро бедор кунад. Эҳтимол, аз ин сабаб вай баъзан доду вой мебардорад.
Бо гузашти вақт кӯдак одатан тан медиҳад, ки волидон ӯро на танҳо мехӯронанд ва мепӯшонанд, балки тарбия низ мекунанд. Ва ӯ оҳиста-оҳиста мефаҳмад, ки вазифаи ӯ ба падару модари худ «итоат» кардан аст (Қӯл. 3:20). Ҳоло бошад, ӯ паи ҳам доду вой бардошта, сабру тоқати онҳоро зери озмоиш гузошта метавонад.
ШУМО ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНЕД?
Фаҳмиш зоҳир кунед. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки кӯдакон мисли одамони калон фикр мекунанд, вале танҳо афташон хурд аст. Лекин кӯдак кӯдак аст. Азбаски вай ҳоло идора кардани ҳиссиёташро ёд нагирифтааст, одатан нохушиҳоро ба дил сахт наздик мегирад. Кӯшиш кунед, ки ба вазъият аз нуқтаи назари ӯ нигоҳ кунед.(Принсипи Китоби Муқаддас: 1 Қӯринтиён 13:11.)
Оромиро нигоҳ доред. Вақте ки кӯдаки шумо доду вой мебардорад, худдориро аз даст додани шумо ягон фоида намебахшад. То ҳадди имкон ба ин шӯру ғавғои ӯ аҳамият надиҳед ва кори худро кардан гиред. Дар хотир доред, ки чаро кӯдакон доду вой мекунанд ва ин ба шумо барои худро ба даст гирифтан ёрӣ медиҳад. (Принсипи Китоби Муқаддас: Масалҳо 19:11.)
Сустӣ накунед. Агар шумо нозунузи кӯдакро иҷро кунед, пас дафъаи оянда, вақте ки дилаш чизи дигаре мехоҳад, боз ӯ доду вой мебардорад. Оромона ба кӯдакатон нишон диҳед, ки гапи шумо гап аст. (Принсипи Китоби Муқаддас: Матто 5:37.)
Дар хотир доштани он ки чаро кӯдакон доду вой мекунанд, ба шумо барои худро ба даст гирифтан ёрӣ медиҳад
Пурсабр бошед. Интизор нашавед, ки додувойкуниҳои кӯдак даррав бас мешавад, хусусан агар ӯ ҳис карда бошад, ки бо ин роҳ гапашро гузаронда метавонад. Лекин вақте ки шумо ба шӯру ғавғои ӯ дуруст ва паи ҳам як хел муносибат мекунед, доду вою эркагиҳои ӯ эҳтимол торафт кам шавад ва оқибат тамоман қатъ гардад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Муҳаббат пуртоқат... аст» (1 Қӯр. 13:4).
Инчунин тарзҳои зеринро санҷида бинед:
-
Вақте ки кӯдак доду войро сар мекунад, агар имкон бошад, ӯро ба дастатон гиред ва ба ягон ҷояш зарар нарасонда, ӯро лагадкӯбӣ кардан ё чизҳоро ба ҳар тараф ҳаво додан намонед. Ба вай дод назанед. Танҳо интизор шавед, ки кай ӯ ором мешавад. Охири оқибат кӯдак мефаҳмад, ки бо доду фиғони худ ҳеҷ чизро ноил намегардад.
-
Ҳангоми доду вой бардоштани кӯдак ӯро ба ҷои дигар, масалан ба хонаи хоб баред. Ӯро он ҷо гузореду фаҳмонед, ки агар ором шавад, баъд аз он ҷо баромада метавонад.
-
Агар кӯдакатон дар пеши ҳама доду вой бардорад, ӯро аз назари дигарон дуртар баред. Фақат аз сабаби он ки дар пеши ҳама «намоиш» нишон дод, аз паи иҷрои хоҳиши ӯ нашавед. Дар акси ҳол, ин ӯро боварӣ мебахшад, ки бо доду вой ҳар чизи хостаашро ба даст оварда метавонад.