Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бигзор Яҳува издивоҷатонро мустаҳкам гардонад ва онро нигаҳбонӣ кунад

Бигзор Яҳува издивоҷатонро мустаҳкам гардонад ва онро нигаҳбонӣ кунад

«Агар Худованд шаҳрро нигаҳбонӣ накунад, посбони он бар абас ҷадал менамояд» (ЗАБ. 126:1б).

1, 2. а) Барои чӣ 24 000 нафар мардони исроилӣ аз баракатҳои худ маҳрум шуданд? б) Чаро донистани ин воқеа барои мо муҳим аст?

ЯКЧАНД вақт пеш аз даромадан ба Замини ваъдашуда даҳҳо ҳазор мардони исроилӣ «бо духтарони Мӯоб зино» карданд. Дар натиҷа, Яҳува 24 000 нафари онҳоро несту нобуд кард. Танҳо тасаввур кунед, ки ҳамаи он исроилиён каме пас метавонистанд меросеро ки дер боз интизораш буданд, соҳиб шаванд. Лекин азбаски онҳо ба васваса дода шуданд, аз баракатҳои олиҷанобе ки онҳоро интизор буд, маҳрум шуданд (Ад. 25:1–5, 9).

2 Ин воқеаи даҳшатангез барои огоҳии мо, ки дар рӯзҳои охир зиндагӣ мекунем, навишта шудааст (1 Қӯр. 10:6–11). Имрӯз, дар вақти анҷоми рӯзҳои охир, халқи Худо дар остонаи дунёи нав истодааст (2 Тим. 3:1; 2 Пет. 3:13). Лекин, мутаассифона, баъзе ходимони Яҳува оҳиста-оҳиста нисбати принсипҳои Каломи Худо бепарво гаштанд ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ ҳушёру бедор намонданд. Онҳо ба доми бадахлоқӣ афтода оқибатҳои талхи онро чашиданд. Агар онҳо аз роҳи бади худ нагарданд, имконияти абадан дар биҳишти рӯи замин зиндагӣ карданро аз даст дода метавонанд.

3. Чаро ба ҳамсарон роҳнамоӣ ва ҳимояи Яҳува муҳим аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

3 Азбаски дар рӯзҳои мо бадахлоқӣ ҳама ҷоро фаро гирифтааст, зану шавҳар барои издивоҷи худро нигоҳ доштан бояд аз Яҳува роҳнамоӣ ҷӯянд. (Забур 126:1-ро бихонед.) Мо дида мебароем, ки чӣ тавр ҳамсарони масеҳӣ бо нигаҳбонӣ кардани дили худ, наздик шудан ба Худо, дар бар кардани шахсияти нав, доштани муоширати хубу самимӣ ва иҷро кардани вазифаи заношӯӣ издивоҷи худро мустаҳкам карда метавонанд.

ДИЛИ ХУДРО НИГАҲБОНӢ КУНЕД

4. Баъзе масеҳиёнро чӣ ба бадахлоқӣ тела дод?

4 Чӣ тавр масеҳӣ ба рафтори бадахлоқона дода шуда метавонад? Васвасаи ба ин кор даст задан одатан аз чашм сар мешавад. Исо фаҳмонд: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Мат. 5:27, 28; 2 Пет. 2:14). Бисёри масеҳиёне ки оқибат ба бадахлоқӣ даст заданд, аввал меъёрҳои ахлоқиашонро бо тамошои порнография, хондани китобҳои фаҳшу нангин ё тамошову хондани маводҳои зишту бемаънӣ аз Интернет паст карданд. Дигарон бошанд, бо тамошои филмҳое ки дар худ саҳнаҳои фаҳшу бемаънӣ доранд, барномаҳои телевизионӣ ва дигар намоишҳои шаҳватбедоркунанда дили худро фосид карданд. Баъзеҳо ба клубҳои шабона, ки дар онҳо чунин намоишҳо пешкаш мешаванд, мераванд. Баъзеи дигар масҳи шаҳватбедоркунандаи баданро, ки барои масеҳиён норавост, дархост мекунанд.

5. Чаро мо бояд диламонро нигаҳбонӣ кунем?

5 Баъзеҳо барои он ба васваса гирифтор мешаванд, чунки меҳру навозишро аз шахси дигар меҷӯянд, на аз ҳамсари худ. Дар ҷаҳоне ки худдорӣ як чизи камёфт аст ва аз ҳар намуди бадахлоқӣ пур аст, дили маккору фиребдиҳандаи мо ба осонӣ метавонад ба шахсе ки ҳамсари мо нест, ҳиссиёти ошиқона инкишоф диҳад. (Ирмиё 17:9, 10-ро бихонед.) Исо дар бораи дили нокомили инсон чунин гуфт: «Аз дил хаёлоти бад, қатл, зино, фисқ... пайдо мешавад» (Мат. 15:19).

6, 7. а) Дили маккор инсонро ба кадом роҳи бад бурда метавонад? б) Чӣ тавр мо аз гуноҳ кардан бар зидди Яҳува дар канор буда метавонем?

6 Баъди он ки хоҳишҳои нодуруст дар дили маккори кас реша медавонанд, марду зане ки ба якдигар маъқуланд, байни ҳам оиди мавзӯҳое гап задан мегиранд, ки онҳоро фақат бояд бо ҳамсаронашон муҳокима кунанд. Баъдтар онҳо бо ҳар баҳона вомехӯранд ва мулоқотҳои «ногаҳонӣ» бештару бештар рӯй медиҳанд. Ва бо зиёд шудани дилбастагӣ онҳо нисбати принсипҳои ахлоқӣ бепарвотар мегарданд. Гарчанд онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки рафторашон нодуруст аст, аммо чӣ қадаре ки муносибати онҳо бисёртар инкишоф ёбад, ҳамон қадар қатъ кардани он душвортар мешавад (Мас. 7:21, 22).

Вақте ки суханон ва хоҳишҳои нодуруст ба гирифтани дасти якдигар, бӯсу канор, навозиши ошиқона ва дигар амалҳои ношоиста табдил меёбанд, ҳамсарон меъёрҳои ахлоқии Яҳуваро тамоман фаромӯш мекунанд. Шахс ғайр аз ҳамсари худ бо каси дигаре набояд чунин рафторро раво донад. Онҳо «саргарм ва фирефтаи ҳаваси худ» мегарданд ва дар натиҷа хоҳиши гунаҳкоронаашон чунон сахт мешавад, ки ба васваса тоб наоварда ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезананд (Яъқ. 1:14, 15). Агар ҳар ду ҳамсар гузоранд, ки Яҳува эҳтироми онҳоро нисбати издивоҷ зиёд кунад, онҳо бо чунин оқибати ғамангез рӯ ба рӯ намешаванд. Чӣ тавр ҳамсарон чунин эҳтиромро нисбати муқаддас будани издивоҷ инкишоф дода метавонанд?

БА ЯҲУВА НАЗДИК ШУДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД

8. Чӣ тавр дӯстӣ бо Худо моро аз бадахлоқӣ ҳимоя карда метавонад?

8 Забур 96:10-ро бихонед. Дӯстӣ бо Яҳува моро аз бадахлоқӣ ҳимоя карда метавонад. Вақте ки мо дар бораи хислатҳои аҷиби Яҳува мефаҳмем, мо кӯшиш мекунем, ки «чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид» намоем ва «дар муҳаббат рафтор» кунем. Дар натиҷа мо барои бо «зино ва ҳар гуна нопокӣ» муқобилият кардан қуввати лозима пайдо мекунем (Эфс. 5:1–4). Донистани он ки Худо «зинокорон ва фосиқонро доварӣ хоҳад кард», ҷуфти ҳамсаронро водор менамояд, ки барои поку беолоиш будани издивоҷашон кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд (Ибр. 13:4).

9. а) Чаро Юсуф тавонист ба васваса муқобилият кунад? б) Аз намунаи Юсуф мо чӣ омӯхта метавонем?

9 Баъзе масеҳиён меъёрҳои ахлоқии худро бо он паст месозанд, ки баъд аз кор ҳамроҳи ҳамкорони ҳамимон набудаашон вақт мегузаронанд. Лекин ҳатто ҳангоми кор бо васваса дучор шудан мумкин аст. Ҷавонмарде бо номи Юсуф маҳз дар вақти кориаш бо васваса рӯ ба рӯ гардид. Ӯ фаҳмид, ки завҷаи раисаш ба ӯ дил бастааст. Он зан ҳар рӯз назди Юсуф омада, мекӯшид, ки ӯро васваса карда бо ӯ ҳамхоб шавад. Оқибат, ӯ Юсуфро «аз ҷомааш дошта, гуфт: “Бо ман бихоб”». Лекин Юсуф аз назди он зан гурехта рафт. Чӣ ба Юсуф қувват бахшид, ки зери фишори васваса беайбиашро нигоҳ дорад? Ӯ азми қавӣ дошт, ки дӯстиашро бо Худо нигоҳ дорад. Аз ин сабаб ӯ аз ҷои кораш маҳрум гашт ва бегуноҳ ба зиндон партофта шуд. Лекин баъдтар Яҳува ӯро баракат дод (Ҳас. 39:1–12; 41:38–43). Хоҳ дар ҷои кор бошад, хоҳ дар ҷои дигар, масеҳиён бояд кӯшиш кунанд, то бо шахсе ки ҳамсарашон нест, дар танҳоӣ намонанд.

ШАХСИЯТИ НАВРО ДАР БАР КУНЕД

10. Чӣ тавр шахсияти нав издивоҷро ҳимоя мекунад?

10 Азбаски шахсияти нав «ба шабоҳати Худо дар адолат ва қудсияти ростӣ офарида шудааст», дар бар кардани он ҳамсаронро аз содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ муҳофизат мекунад (Эфс. 4:24). Касоне ки ин шахсиятро дар бар мекунанд, андоми заминии худро мекушанд, яъне бо «зино, нопокӣ, ҳирс, ҳаваси бад ва тамаъкорӣ» мубориза мебаранд. (Қӯлассиён 3:5, 6-ро бихонед.) Калимае ки ин ҷо чун «бикушед» омадааст, маънои онро дорад, ки мо бояд ҳар чизи лозимаро кунем, ки бо хоҳишҳои бадахлоқонаи ҷисм мубориза барем. Мо бояд аз ҳар чизе ки дар мо нисбати касе ки ҳамсарамон нест, хоҳишҳои шаҳвониро пайдо карда метавонад, дурӣ ҷӯем (Айюб 31:1). Мувофиқи иродаи Худо зиндагӣ карда, мо меомӯзем, ки чӣ тавр «аз бадӣ нафрат» карда «ба некӣ» бичаспем (Рум. 12:2, 9).

11. Чӣ тавр дар бар кардани шахсияти нав издивоҷро мустаҳкам карда метавонад?

11 Ҳангоме мо шахсияти навро дар бар мекунем, мо ба хислатҳои Офаринандаи он, Яҳува, пайравӣ мекунем (Қӯл. 3:10). «Марҳамат, меҳрубонӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва пурсабриро» дар бар карда, зану шавҳар издивоҷи худро мустаҳкам мекунанд ва баракати Яҳуваро соҳиб мешаванд (Қӯл. 3:12). Вақте ҳамсарон мегузоранд, ки дар дилҳои онҳо «осоиштагии Худо ҳукмфармо бошад», якдигарфаҳмӣ байни онҳо зиёд мешавад (Қӯл. 3:15). Доштани хислати меҳрубонӣ ҳамсаронро водор месозад, ки онҳо якум шуда ба якдигар ҳурмату эҳтиром зоҳир кунанд (Рум. 12:10).

12. Барои хушбахт будани издивоҷ шумо кадом хислатҳоро муҳим мешуморед?

12 Вақте аз як ҷуфти ҳамсарон пурсиданд, ки кадом хислатҳо ба онҳо кӯмак карданд, ки издивоҷашон хушбахт бошад, сарвари оилае бо номи Сид чунин гуфт: «Хислати аз ҳама муҳиме, ки мо ба инкишоф додани он доимо кӯшиш мекунем муҳаббат аст. Инчунин мо дарк кардем, ки нармгуфторӣ низ хеле зарур аст». Зани ӯ, Соня, низ инро тасдиқ карда илова мекунад: «Меҳрубонӣ бешубҳа хислати муҳим аст. Боз мо кӯшиш мекунем, ки фурӯтаниро зоҳир кунем, ҳарчанд ин на ҳамеша осон аст».

МУОШИРАТИ ХУБ ДОШТА БОШЕД

13. Яке аз сирҳои издивоҷи мустаҳкам дар чист ва чаро?

13 Гуфтори мулоим бешубҳа яке аз пояҳои асосии издивоҷи хушбахт аст. Сад афсӯс, ки баъзе аз ҳамсарон нисбати якдигар эҳтироми лозима ба ҷо намеоранд ва бо одамони ношинос аз ҳамсаронашон дида беҳтар муомила мекунанд! Вақте ҳамсарон ба «кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ» роҳ медиҳанд, онҳо хонаи издивоҷашонро бо дастони худ вайрон мекунанд (Эфс. 4:31). Ба ҷои ба шикваю шикоят ва неши забон роҳ додан, ба зану шавҳар лозим аст, ки бо суханони нарм, меҳру навозиш ва ҳамдардӣ муносибатҳои худро қавӣ гардонанд (Эфс. 4:32).

14. Мо бояд аз чӣ худдорӣ кунем?

14 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «вақте барои хомӯш мондан» ҳаст (Воиз 3:7). Ин маънои онро надорад, ки мо бо ҳамсари худ тамоман гап назанем, чунки муошират барои издивоҷи хуб муҳим аст. Завҷае аз Олмон мегӯяд: «Дар чунин вазъият хомӯшӣ метавонад барои ҳамсарамон хеле дардовар бошад». Аммо ӯ илова мекунад: «Хомӯшу ором мондан на ҳамеша осон аст, лекин ба ҳар ҳол ба қаҳру ғазаб роҳ додан хуб нест. Вақте шахс ба хашму ғазаб омада чизе мегӯяд ё мекунад, ин барои ҳамсараш дардовар аст ва вазъиятро аз будаш бадтар мекунад». Охир, зану шавҳарон бо доду фарёд ё гапгардонӣ душвориҳояшонро ҳал карда наметавонанд. Ба ҷои ин ҳамсарон бояд кӯшиш кунанд, ки нофаҳмиҳоро ҳарчи зудтар ҳал намоянд, то онҳо ба баҳсу мунозираи дурудароз табдил наёбанд.

15. Чӣ тавр муоширати хуб оиларо мустаҳкам мекунад?

15 Вақте ҳамсарон вақт ҷудо карда ба якдигар дилашонро холӣ мекунанд, ин пайванди издивоҷашонро мустаҳкамтар карда метавонад. Мо на танҳо бояд диққат диҳем, ки чӣ мегӯем, балки чӣ тавр онро мегӯем. Аз ин рӯ ҳатто дар вазъиятҳои душвор кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ки бо меҳрубонӣ гап занед, он гоҳ ба ҳамсаратон гӯш кардани шумо осон мегардад. (Қӯлассиён 4:6-ро бихонед.) Барои мустаҳкам кардани издивоҷ ҳамсарон бояд муоширати хуб дошта бошанд ва суханони рӯҳбаландкунандаю фоидабахшро истифода баранд (Эфс. 4:29).

Зану шавҳар бо доштани муоширати хуб пайвандҳои издивоҷашонро мустаҳкам карда метавонанд (Ба сархати 15 нигаред.)

ВАЗИФАИ ЗАНОШӮИРО БА ҶО ОРЕД

16, 17. Чаро ҳамсарон бояд нисбати ниёзҳои эмотсионаливу ҷинсии якдигар бодиққат бошанд?

16 Ҳамчунин вақте ҳамсарон ниёзҳои якдигарро аз ниёзҳои шахсиашон боло мегузоранд, ин пайванди издивоҷашонро мустаҳкам мегардонад (Флп. 2:3, 4). Ҳар ду ҳамсарон бояд нисбати ниёзҳои эмотсионаливу ҷинсии якдигар бодиққат бошанд. (1 Қӯринтиён 7:3, 4-ро бихонед.)

17 Мутаассифона, баъзе ҳамсарон аз зоҳир кардани меҳру навозиш ё доштани алоқаи ҷинсӣ худро боз медоранд ва баъзе мардон меҳру навозишро нишонаи сустӣ мешуморанд. Лекин Китоби Муқаддас дар ин бора чунин мегӯяд: «Эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед» (1 Пет. 3:7). Шавҳар бояд дарк кунад, ки ба ҷо овардани вазифаи заношӯӣ на фақат доштани алоқаи ҷинсиро дар бар мегирад. Ба ӯ лозим аст, ки нисбати ҳамсараш ҳамеша меҳрубонӣ зоҳир кунад, на фақат дар вақти алоқаи ҷинсӣ. Дар натиҷа, завҷааш аз муносибатҳои маҳрамона хурсандии бештар мегирад. Вақте ҳам зану ҳам шавҳар нисбати якдигар меҳру муҳаббат зоҳир мекунанд, ба онҳо қонеъ гардонидани ниёзҳои якдигар осонтар мешавад.

18. Чӣ тавр занону шавҳарон пайвандҳои издивоҷашонро мустаҳкам карда метавонанд?

18 Гарчанд хиёнати ҳамсариро набояд сафед кард, лекин норасоии меҳру навозиш байни ҳамсарон метавонад ба он оварда расонад, ки яке аз онҳо чунин муносибатро аз каси дигаре ҷустуҷӯ намояд (Мас. 5:18; Воиз 9:9). Аз ин рӯ, Китоби Муқаддас ҳамсаронро водор мекунад: «Аз якдигар канорагирӣ накунед, магар ба муддате, бо ризогии ҳар ду». Барои чӣ? «То ки шайтон шуморо, ба сабаби худдорӣ карда натавонистанатон, ба васваса наандозад» (1 Қӯр. 7:5). Чӣ мусибате мебуд, агар ҳамсарон роҳ медоданд, ки Шайтон аз норасогии худдориашон истифода бурда яке аз онҳоро ба васваса гирифтор намояду ба содир намудани зино тела диҳад. Лекин агар ҳар яки онҳо «нафъи худро толиб набошад», балки нафъи якдигарро, бо ин онҳо вазифаи заношӯиро ба ҷо меоранд. Онҳо ин корро на аз маҷбурӣ ё ҳисси ӯҳдадорӣ иҷро мекунанд, балки аз рӯи муҳаббат. Дар натиҷа, муносибати пурэҳсоси маҳрамона пайвандҳои издивоҷро мустаҳкам мекунад (1 Қӯр 10:24).

НИГАҲБОНӢ КАРДАНИ ИЗДИВОҶИ ХУДРО ДАВОМ ДИҲЕД

19. Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем ва чаро?

19 Мо назди остонаи дунёи нав истодаем. Барои ҳамин, мисли 24 000 исроилиён ба хоҳишҳои ҷисм дода шудан бароямон оқибати марговар дошта метавонад. Китоби Муқаддас баъди тасвир кардани ин фоҷиа, ба мо чунин огоҳӣ медиҳад: «Ҳар кӣ гумон мекунад, ки рост истодааст, эҳтиёт кунад, ки наафтад» (1 Қӯр. 10:12). Барои мустаҳкам гардондани издивоҷамон, мо бояд ба Яҳува ва ҳамсари худ содиқ монем (Мат. 19:5, 6). Имрӯз ба мо беш аз ҳарвақта лозим аст, ки ҳар чизи аз дастамон меомадаро кунем, то дар назди Падари осмониамон «покиза ва беайб дар осоиштагӣ ҳозир» шавем (2 Пет. 3:13, 14).