Гузаштан ба маводи асосӣ

САВОЛҲОИ ХОНАНДАГОН

Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши Худо чӣ мегӯяд?

Китоби Муқаддас дар бораи пайдоиши Худо чӣ мегӯяд?

Тасаввур кунед, ки падаре ба писари ҳафтсолааш нақл мекунад: «Рӯзе аз рӯзҳо Худо замин ва ҳамаи мавҷудоти онро офарид, сипас офтоб, моҳтоб ва ситораҳоро офарид». Писарак лаҳзае ба фикр фурӯ рафта мепурсад: «Падарҷон, Худоро кӣ офарид?»

Падар дар ҷавоб мегӯяд: «Худо ҳама вақт вуҷуд дошт, писарам». Айни ҳол ин ҷавоб писаракро қонеъ мекунад. Вале калонтар шудан замон ин савол боз дар майнаи ӯ чарх мезанад. Ба ақли ӯ намеғунҷад, ки чӣ тавр касе ҳама вақт вуҷуд дошта метавонад. Охир, ҳатто коинот замоне офарида шудааст. Писарак ҳайрон, ки Худо аз куҷо пайдо шудааст.

Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Он суханони падари ин писаракро тасдиқ мекунад. Пайғамбар Мӯсо гуфта буд: «Эй Яҳува,... пеш аз зода шудани кӯҳҳо, пеш аз он ки ту замин ва дунёро ба вуҷуд овардӣ, аз азал то абад, ту Худо ҳастӣ» (Забур 90:1, 2). Пайғамбар Ишаъё низ навишта буд: «Магар намедонӣ? Магар нашунидаӣ? Яҳува, Офаридгори гӯшаву канори замин, Худои ҷовид аст» (Ишаъё 40:28). Ба ин монанд, дар номаи Яҳудо гуфта мешавад, ки Худо «аз азал... ва то абад» вуҷуд дорад (Яҳудо 25).

Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки Худо «Подшоҳи ҷовид» аст, чуноне ки Павлус номида буд (1 Тимотиюс 1:17). Яъне, чи қадаре ба гузашта рӯ наорем, маълум мешавад, ки Худованд ҳамеша вуҷуд дошт. Ӯ дар оянда низ ҷовидона вуҷуд хоҳад дошт (Ошкорсозӣ 1:8). Гуфтан мумкин аст, ки ҷовидона вуҷуд доштан хоси Худои Абарқудрат аст.

Чаро ба ин фикр сарфаҳм рафтан осон нест? Маҳдуд будани умри инсон имкон намедиҳад, ки аз азал то абад вуҷуд доштани Худоро тасаввур кунем. Яҳува ки Худои ҷовид аст, дар назари ӯ ҳазор сол мисли як рӯз мебошад (2 Петрус 3:8). Барои мисол малахро мегирем. Оё малах, ки танҳо 50 рӯз умр мебинад, дарозии ҳаёти инсонро, ки 70–80 сол тӯл мекашад, тасаввур карда метавонад? Не, албатта! Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки мо дар назари Офаридгори Бузург мисли малах ҳастем. Ҳатто қобилияти фикрронии мо дар пеши хиради Худо ҳеҷ аст (Ишаъё 40:22; 55:8, 9). Барои ҳамин ҷойи тааҷҷуб нест, ки баъзе ҷиҳатҳои табиати Яҳува ба ақли инсон намеғунҷанд.

Ҳарчанд абадан вуҷуд доштани Худо аз доираи ақли мо берун аст, ин таълимот аз рӯйи мантиқ мебошад. Масалан, агар ягон каси дигар Худоро меофарид, он кас бояд Офаридгор номида мешуд. Аммо дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ҳама чизро» Яҳува офаридааст (Ошкорсозӣ 4:11). Ҳамчунин ба ҳама маълум аст, ки коинот ҳама вақт вуҷуд надошт (1 Мӯсо 1:1, 2). Ин хел бошад, он аз куҷо пайдо шуд? Барои ба вуҷуд омадани коинот Офаридгори он бояд пештар вуҷуд медошт. Қобили зикр аст, ки Офаридгор аллакай пеш аз офаридаҳои бошуур, яъне фариштаҳо, вуҷуд дошт (Айюб 38:4, 7; Қӯлассиён 1:15). Бинобар ин шубҳае нест, ки дар аввал танҳо Офаридгор вуҷуд дошт. Агар пеш аз Худо ягон офарида вуҷуд надошта бошад, пас ӯро ҳеҷ кас наофаридааст.

Вуҷуд доштани одамизод ва коинот исбот мекунад, ки Худои ҷовид вуҷуд дорад. Бешак, Оне, ки коиноти беохирро ба ҳаракат даровардаасту барои идораи он қонунҳоро ҷорӣ намудааст, ҳамеша вуҷуд дошт. Танҳо ӯ қодир аст, ки ба ҳама чиз ҳаёт бахшад (Айюб 33:4).