ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!
Хушксолиҳои шадид. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
«Хитой дар бораи гармои шадид ва сеюмин тобистони хушктарине, ки ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад» («The Guardian», 7 сентябри с. 2022).
«Баъзе мамлакатҳои Африқо панҷ сол пайиҳам аз хушксолӣ азоб мекашад» («UN News», 26 августи с. 2022)
«Ба қисми зиёди Аврупо хатари хушксолӣ таҳдид мекунад, эҳтимол, хушксолии шадиде, ки дар 500 соли охир якум бор рӯй медиҳад» («BBC News», 23 августи с. 2022).
Бисёр коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки чунин хушксолӣ бадтар шудан мегирад. Оё ба ояндаи беҳтар умед баста метавонем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
Хушксолиҳо ва пешгӯйии Китоби Муқаддас
Китоби Муқаддас дар бораи рӯзҳои мо чунин мегӯяд:
«Дар ҳама ҷо пайи ҳам гушнагӣ» сар мезанад (Луқо 21:11).
Бисёр вақт аз пайи хушксолӣ гушнагӣ меояд. Гушнагӣ бошад, сабаби дарду азоб ва марг мешавад. Чунин гушнагӣ дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд (Ошкорсозӣ 6:6, 8).
Барои чӣ хушксолӣ зиёд шуда истодааст?
Китоби Муқаддас сабаби асосии хушксолиро, ки торафт зиёд шуда истодааст, ба мо маълум месозад. Дар он гуфта шудааст:
«Касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад» (Ирмиё 10:23).
Ин маънои онро дорад, ки одам наметавонад бомуваффақият «қадамҳояшро роҳнамоӣ» кунад, яъне ҳукмронӣ намояд. Қарорҳои нодурусти одамон бисёр вақт ба хушксолӣ ва норасоии об оварда мерасонад.
Ба ақидаи аксари олимон, гармшавии иқлим ва афзудани хушксолӣ аз боиси корҳои бади одамон рӯй медиҳад.
Чашмгуруснагӣ ва кӯтоҳандешии сиёсатмадорон сабаби нобудшавии ҷангалҳо, ифлосшавии муҳити зист ва суиистифода аз захираҳои табиӣ мегардад. Дар натиҷа мо аз об, ки манбаи ҳаёт аст, маҳрум мешавем.
Лекин Китоби Муқаддас ба мо умед мебахшад.
Оё ба ояндаи беҳтар умед баста метавонем?
Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки Худо масъалаи норасоии обро ҳал мекунад. Чӣ тавр?
1. Худо дар ояндаи наздик тавре мекунад, ки «нобудгарони замин нобуд гарданд» (Ошкорсозӣ 11:18). Ӯ шахсонеро, ки сабабгори норасоии об ҳастанд, яъне одамони бадкору чашмгуруснаро, ки ба муҳити атроф зарар мерасонанд, нест мекунад (2 Тимотиюс 3:1, 2).
2. «Замини хушкида кӯли пур аз қамиш мегардад» (Ишаъё 35:1, 6, 7). Худо ба решаи хушксолӣ теша мезанад ва заминро ба боғи серобу ҳосилхез табдил медиҳад.
3. «Ту ба замин ғамхорӣ мекунӣ, онро серҳосилу серғизо мегардонӣ» (Забур 65:9). Бо баракати Худо дар замин хӯроки серғизо ва оби тоза фаровон мешавад.