Гузаштан ба маводи асосӣ

КӮМАК БА ОИЛАҲО

Чӣ тавр дар оила меҳру муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст

Чӣ тавр дар оила меҳру муҳаббат зоҳир кардан мумкин аст

 Бо гузашти солҳо баъзе ҳамсарон ба якдигар камтар муҳаббат зоҳир мекунанд. Агар дар оилаи шумо низ чунин бошад, оё ин бояд шуморо ба ташвиш орад?

 Шумо бояд чиро донед

 Барои нигоҳ доштани пайвандҳои издивоҷ муҳаббат зарур аст. Чи хеле ки барои бардаму солим будани ҷисм хӯрок ва об муҳим аст, барои мустаҳкам нигоҳ доштани оила низ муҳаббат зарур мебошад. Ҳарчанд аз оиладориатон даҳсолаҳо гузашта бошад, доимо ба якдигар муҳаббат нишон диҳед.

 Муҳаббати ҳақиқӣ фоидаи худро намеҷӯяд. Он дар пайи беҳбудии каси дигар аст. Яъне ҳамсари бохирад танҳо вақте ки муҳаббати ӯ ба ёдаш расад, ба ҳамсараш онро зоҳир намекунад. Баръакс, вақте ӯ мебинад, ки ҳамсафари ҳаёташ ба муҳаббат ниёз дорад, кӯшиш мекунад, ки эҳтиёҷоти ӯро қонеъ гардонад.

 Одатан занон назар ба шавҳарон бисёртар ниёз доранд, ки ба онҳо муҳаббат нишон диҳанд. Шояд шавҳар занашро хеле дӯст медорад, аммо агар ӯ муҳаббаташро танҳо дар аввалу охири рӯз ё пеш аз алоқаи ҷинсӣ изҳор намояд, зан метавонад ба муҳаббати шавҳараш шубҳа пайдо кунад. Аз ин рӯ беҳтар мебуд, агар шавҳар муҳаббаташро дар давоми рӯз мунтазам нишон диҳад.

 Шумо чӣ кор карда метавонед

 Муҳаббататонро баён кунед. Суханони ширин, ба монанди «Ман туро дӯст медорам», «Ту барои ман азиз ҳастӣ» ба ҳамсафари ҳаётатон болу пар мебахшад.

 Принсипи Китоби Муқаддас: «Дар дили одам чизе, ки бошад, ба забон ҳамон меояд» (Матто 12:34).

 Маслиҳат: Суханони меҳрубононаро на танҳо гӯед, балки онҳоро дар номаҳо ва паёмҳои электронӣ низ нависед.

 Муҳаббататонро дар амал нишон диҳед. Вақте шумо ҳамсари худро ба оғӯш мегиред, бӯса мекунед ё дасташро медоред, нишон медиҳед, ки «Ман туро дӯст медорам» гуфтани шумо суханони хушку холӣ нестанд. Муҳабати худро ҳамчунин бо ламс кардан, нигоҳи пурмеҳр ё тӯҳфаи ногаҳонӣ нишон дода метавонед. Агар ба занатон кӯмак карда, сумкаашро бардоред, барояш дарро кушоед, косаю табақро шӯед, ҷомашӯйӣ кунед ё хӯрок пазед, шумо на танҳо ёрдам мекунед, балки муҳаббататонро дар амал нишон медиҳед.

 Принсипи Китоби Муқаддас: «Мо бояд якдигарро на танҳо дар сухан ва дар забон, балки дар амал... дӯст дорем» (1 Юҳанно 3:18).

 Маслиҳат: Бо ҳамсаратон тавре муносибат кунед, ки ҳангоми шинос шуданатон мекардед.

 Барои якдигар вақт ҷудо кунед. Ба якдигар вақт ҷудо карда шумо пайванди издивоҷатонро мустаҳкам мекунед ва нишон медиҳед, ки муошират бо ҳамсаратон барои шумо хурсандибахш аст. Албатта, агар фарзанддор ё серкор бошед, барои бо ҳамсаратон дар танҳоӣ муошират кардан вақт ҷудо намудан душвор буда метавонад. Дар ин маврид шояд шумо метавонед, ақаллан бо ҳамдигар сайругашт кунед.

 Принсипи Китоби Муқаддас: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (Филиппиён 1:10).

 Маслиҳат: Баъзе ҳамсарон нигоҳ накарда ба серкориашон барои дар танҳоӣ вақт гузарондан мунтазам бегоҳиҳо ё рӯзҳои истироҳатро ҷудо мекунанд.

 Ниёзи ҳамсаратонро фаҳмед. Ҳар як одам ҳиссиёт ва талаботи худро дорад. Барои ҳамин бо ҳамсаратон гап зада муҳокима кунед, ки дар зоҳир кардани муҳаббат аз кадом ҷиҳат беҳтар шуда метавонед. Сипас кӯшиш намоед, ки ниёзи ҳамсаратонро қонеъ намоед. Фаромӯш накунед, ки нишон додани меҳру муҳаббат барои мустаҳкам шудани издивоҷ хеле муҳим аст.

 Принсипи Китоби Муқаддас: «Муҳаббат... фоидаи худро намеҷӯяд» (1 Қӯринтиён 13:4, 5).

 Маслиҳат: Ба ҷойи талаб кардани меҳру муҳаббат ба худ савол диҳед: «Ман чӣ кор карда метавонам, то ҳамсарам маро бештар дӯст дорад?»