Гузаштан ба маводи асосӣ

Худо чанд ном дорад?

Худо чанд ном дорад?

Ҷавоби Китоби Муқаддас

 Худои яккаву ягона танҳо як ном дорад. Ба забони ибрӣ номи Худо ин тавр навишта мешавад: יהוה. Ба забони тоҷикӣ он асосан «Яҳува» талаффуз мешавад a. Ба воситаи пайғамбар Ишаъё Худо чунин гуфта буд: «Ман Яҳуваам, ин номи ман аст» (Ишаъё 42:8). Ин ном дар дастхатҳои қадимаи Китоби Муқаддас қариб 7000 маротиба омадааст, ки ин аз дигар сифатҳои Худо ё номи одамон чандин маротиба бештар аст b.

Оё нисбати Худо номҳои дигар низ истифода шудаанд?

 Ҳарчанд мувофиқи Китоби Муқаддас Худо танҳо як ном дорад, дар он сифатҳои бисёри ӯ омадаанд ва нисбаташ ташбеҳҳои зиёд истифода шудаанд. Дар поён баъзе аз ин сифату ташбеҳҳо оварда шудаанд, ки чӣ гуна Худо будани Яҳуваро нишон медиҳанд.

Сифат; ташбеҳ

Оятҳои Китоби Муқаддас

Маъно

Алфа ва Омега

Ошкорсозӣ 1:8; 21:6; 22:13

Алфа ва Омега ҳарфҳои аввалин ва охирини алифбои юнонӣ мебошанд. Яҳува «Алфа ва Омега», яъне «аввалину охирин» ё «оғозу анҷом», номида шудааст, зеро пеш аз ӯ Худои Тавоное набуд ва баъд аз ӯ низ нахоҳад буд (Ишаъё 43:10).

Ғаюр

2 Мӯсо 34:14, нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999

Тоқати онро надорад, ки касеро ба ӯ баробар кунанд. Дар баъзе тарҷумаҳо чунин омадааст: «Яҳува Худоест, ки вафодории бекамукостро металабад» («Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав»).

Кӯзагар

Ишаъё 64:8

Чуноне ки кӯзагар бар гил ихтиёр дорад, Яҳува низ бар одамону халқҳо қудрат дорад (Румиён 9:20, 21).

Кӯҳпора

Забур 18:2, 46

Паноҳгоҳи мустаҳкам ва манбаи наҷот.

Қадимулайём

Дониёл 7:9, 13, 22

Аввал надорад. Худо аз азал, пеш аз пайдо шудани ҳама чиз, вуҷуд дошт (Забур 90:2).

Оллоҳ

 

Калимаи «Оллоҳ», ки аз забони арабӣ гирифта шудааст, маънояш «Худо» мебошад, аз ин рӯ он номи Худо нест. Дар тарҷумаи арабии Китоби Муқаддас ва баъзе тарҷумаҳои дигар калимаи «Оллоҳ» чун ҳаммаънои калимаи «Худо» истифода шудааст.

Омӯзгори бузург

Ишаъё 30:20, 21

Бандаҳояшро бар фоидаашон таълим медиҳад ва раҳнамоӣ мекунад (Ишаъё 48:17, 18).

Он кӣ хоҳам, ҳамон мешавам

2 Мӯсо 3:14

Барои иҷрои нияташ касе хоҳад мешавад. Ин суханон ёрӣ медиҳанд, ки ба маънои номи Яҳува сарфаҳм равем (2 Мӯсо 3:15).

Офаридгор

Ишаъё 40:28

Ҳама чиро офаридааст (Ошкорсозӣ 4:11).

Падар

Матто 6:9

Ҳаётбахш.

Парвардигор

1 Мӯсо 15:2

Ба ибрӣ «Адонай» — «Оне, ки ҳокимияти олӣ дорад».

Подшоҳи ҷовид

Ошкорсозӣ 15:3

Ҳукмронии ӯ аввалу охир надорад.

Тавоно; Абарқудрат

1 Мӯсо 17:1

Оне, ки қудрати бемислу монанд дорад. Ибораи ибрии «Эл-Шаддай», ки «Худои Тавоно» ё «Худои Абарқудрат» тарҷума мешавад, дар Китоби Муқаддас ҳафт маротиба омадааст.

Товондеҳ

Ишаъё 41:14

Ба воситаи қурбонии Исои Масеҳ товон дода, одамизодро аз ғуломии гуноҳу марг бозхарид (Юҳанно 3:16).

Халосгар

Ишаъё 45:21

Аз хатар ё нобудшавӣ наҷот медиҳад.

Худо

1 Мӯсо 1:1

Оне, ки парастишаш мекунанд; Соҳибқудрат. Калимаи ибрии «Элоҳим», ки дар шакли ҷамъ омадааст, шукӯҳу шавкат ва мақоми олии Яҳуваро нишон медиҳад.

Худои худоён

5 Мӯсо 10:17

Худои олӣ; Худое, ки аз «бутҳои бекора» волотар аст (Ишаъё 2:8).

Худои хушбахт

1 Тимотиюс 1:11

Ҳамеша шодмону хушбахт аст (Забур 104:31).

Худои лашкарҳо

Ишаъё 1:9

Сардори лашкари сершумори фариштагон.

Худои Таоло

Забур 47:2

Соҳиби мақоми баландтарин.

Худованд

Забур 135:5

Ба ибрӣ «Адон» ва «Адоним», маънояш «Соҳиб, Молик».

Худованди Пок

Панднома 9:10

Аз ҳама поку муқаддас.

Ҳаққи Таоло

Дониёл 7:18, 27

Ҳокими волотарин.

Чӯпон

Забур 23:1

Ба хизматгоронаш ғамхорӣ мекунад.

Шунавандаи дуоҳо

Забур 65:2

Ҳар як дуоеро, ки бо имон гуфта мешавад, гӯш мекунад.

Номи ҷою макон дар Навиштаҳои Ибронӣ

 Дар таркиби номи баъзе ҷойҳое, ки дар Китоби Муқаддас омадаанд, номи Яҳува вомехӯрад, лекин онҳо номи дигари Худо нестанд.

Номи макон

Оятҳои Китоби Муқаддас

Маъно

Яҳува-Ире

1 Мӯсо 22:13, 14

«Яҳува медиҳад».

Яҳува-ниссӣ

2 Мӯсо 17:15

«Яҳува сутуни аломати ман аст». Яҳува ба маънои маҷозӣ мисли сутунест, ки халқаш гирди ӯ ҷамъ омада, ҳимояву дастгирӣ меҷӯяд (2 Мӯсо 17:13–16).

Яҳува-салом

Доварон 6:23, 24

«Яҳува осоиштагист».

Чаро мо бояд номи Худоро донем ва ба забон гирем?

  •   Барои Худо номаш, Яҳува, хеле муҳим аст, барои ҳамин ӯ онро дар Китоби Муқаддас ҳазорҳо маротиба ҷой додааст (Малокӣ 1:11).

  •   Ҳазрати Исо муҳим будани номи Худоро пайваста қайд мекард. Масалан, ӯ ба Яҳува чунин дуо мегуфт: «Номи ту муқаддас бод!» (Матто 6:9; Юҳанно 17:6).

  •   Қадами аввалини дӯстӣ бо Яҳува ин аст, ки номи ӯро донем ва ба забон гирем (Забур 9:10; Малокӣ 3:16). Худо ба дӯстони худ чунин ваъда медиҳад: «Азбаски маро дӯст медорад, ӯро раҳо мекунам ва, барои он ки номи маро медонад, ӯро ҳимоя менамоям» (Забур 91:14).

  •   Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «дар осмону замин ба ном худоён ҳастанд ва “худоён”-у “ҳазратҳо”-и зиёде мавҷуданд» (1 Қӯринтиён 8:5, 6). Лекин дар он аниқ гуфта шудааст, ки Яҳува Худои ягонаи ҳақиқӣ аст (Забур 83:18).

a Баъзе олимони ибрӣ ақида доранд, ки номи Худо бояд «Яҳве» талаффуз шавад.

b Шакли кӯтоҳи номи Худо — «Ёҳ», дар алоҳидагӣ ё дар таркиби калимаи «Ҳалелуёҳ», ки маънояш «Ёҳро ситоиш кунед!» аст, дар Китоби Муқаддас қариб 50 бор вомехӯрад (Ошкорсозӣ 19:1; нашри Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999).