Барои чӣ Шоҳидони Яҳува дар корҳои сиёсӣ бетарафиро нигоҳ медоранд?
Шоҳидони Яҳува бетарафии сиёсиро аз сабаби эътиқоди диниашон дар асоси таълимоти Китоби Муқаддас нигоҳ медоранд. Мо ҳаракат намекунем, ки ҳокимиятро дигар кунем ё ба сиёсатмадорон таъсир расонем. Мо дар овоздиҳӣ иштирок намекунем ва худамон низ барои сиёсатмадор шудан кӯшиш намекунем, чунки барои ин якчанд сабабҳо дорем.
Мо ба намунаи Исо, ки аз сиёсат даст кашид, пайравӣ мекунем (Юҳанно 6:15). Ӯ шогирдонашро таълим медод, ки «аз ин ҷаҳон» набошанд ва равшан фаҳмонд, ки дар масъалаҳои сиёсӣ ин ё он тарафро дастгирӣ накунанд (Юҳанно 17:14, 16; 18:36; Марқӯс 12:13–17).
Мо ба Подшоҳии Худо содиқ ҳастем, ки Исо дар борааш гуфта буд: «Хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад» (Матто 24:14). Мо ҳамчун намояндагони Подшоҳии Худо дар бораи омадани он ба дигарон нақл мекунем. Дар кадом мамлакате, ки набошем ва ё дар куҷое, ки зиндагӣ накунем бетарафии сиёсиро нигоҳ медорем (2 Қӯринтиён 5:20; Эфсӯсиён 6:20).
Бетарафиро нигоҳ доштан ба мо имконият медиҳад, ки озодона хушхабари Подшоҳии Худоро ба сиёсатмадорон, мавъиза кунем. Мо ба рафтору гуфторамон нишон медиҳем, ки танҳо Подшоҳии Худо проблемаҳои ҷаҳониро бартараф карда метавонад (Забур 56:11).
Азбаски мо аз корҳои сиёсӣ дар канор ҳастем, мо дар бародарияти умумиҷаҳонӣ муттаҳид мебошем (Қӯлассиён 3:14; 1 Петрус 2:17). Баръакси ин, динҳое, ки ба сиёсат дахолат мекунанд, дар байни аъзоёнашон ҷудоӣ меандозанд (1 Қӯринтиён 1:10).
Эҳтиром нисбати ҳукуматдорон. Ҳарчанд мо дар корҳои сиёсӣ иштирок накунем ҳам, лекин нисбати ҳукуматдорони мамлакате, ки зиндагӣ дорем эҳтиром зоҳир мекунем. Ин аз рӯйи дастури Китоби Муқаддас мебошад, ки дар он чунин гуфта шудааст: «Бигзор ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад» (Румиён 13:1). Мо ба қонун итоат мекунем, андоз месупорем ва кӯшиши ҳукуматдоронро, ки нисбати шаҳрвандон ғамхорӣ мекунанд, қадр мекунем. Мо аз рӯйи маслиҳати Китоби Муқаддас амал карда, «дар ҳаққи подшоҳон ва ҳамаи шахсони баландмартаба» дуо мегӯем, хусусан вақте онҳо масъалаҳоеро ҳал мекунанд, ки барои озодона фаъолият кардани мо таъсир мерасонад (1 Тимотиюс 2:1, 2).
Мо ҳамчунин қарори шахсии ҳар як касро дар масъалаҳои бо сиёсат алоқаманд эҳтиром мекунем. Масалан, интихоботро вайрон намекунем ва ба шахсоне, ки интихоб кардан мехоҳанд, монеъ намешавем.
Оё бетарафии мо як чизи нав аст? Не. Ҳаввориён ва масеҳиёни асри як низ нисбати ҳокимият чунин мавқеи бетарафиро нигоҳ медоштанд. Дар як китоб дар бораи бетарафии масеҳиён чунин гуфта шудааст: «Масеҳиёни пешин худро вазифадор меҳисобиданд, ки ҳокимиятро эҳтиром намоянд ва инчунин дар корҳои сиёсат иштирок намекарданд». Ба ин монанд дар китоби «Роҳ ба сӯйи пешравӣ» гуфта шудааст, ки масеҳиёни пешин масъалаҳои сиёсиро дастгирӣ намекарданд («On the Road to Civilization»).
Оё бетарафии мо нисбати сиёсат ба халқ зарар мерасонад? Не. Мо шаҳрвандони сулҳҷӯ ҳастем ва ҳокимиятдорон аз мо хавотир нестанд. Соли 2001 дар ҳисоботи «Академияи илмҳои миллии Украина» дар бораи эътиқодамон оиди бетарафӣ чунин гуфта шуда буд: «Имрӯзҳо шояд ба баъзеҳо эътиқоди Шоҳидони Яҳува маъқул набошад; пештар онҳо аз сабаби бетарафиашон, аз тарафи низоми фашистӣ ва комунистӣ таъқиб мешуданд». Ҳатто дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар вақти таъқиботҳо, «онҳо шаҳрвандони итоаткор буданд. Шоҳидони Яҳува дар колхозҳо ва заводҳои саноатӣ ростқавлона аз таҳти дил меҳнат мекарданд ва ба давлат ягон зарар намерасонданд». Дар ҳисобот чунин хулоса карда шуда буд, ки Шоҳидони Яҳува «ба сулҳу осоиштагии ягон давлат халал намерасонанд».