Магар Шоҳидони Яҳува сионистанд?
Не, онҳо сионист нестанд. Эътиқоди Шоҳидони Яҳува бар Китоби Муқаддас асос меёбад. Ҳарчанд баъзе динҳо таълим медиҳанд, ки бозгашти яҳудиён ба Фаластин дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шудааст, аммо Шоҳидони Яҳува ин ақидаро дастгирӣ намекунанд. Онҳо боварӣ доранд, ки ин рӯйдоди сиёсӣ дар Каломи Худо пешгӯӣ нашудааст. Дар асл Китоби Муқаддас ягон ҳокимияти одамиро дастгирӣ намекунад ва як миллату нажодро аз дигараш боло намегузорад. Дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ»-и Шоҳидони Яҳува ба таври равшан гуфта мешавад: «Сионизми сиёсӣ тамоман бар Китоби Муқаддас асос намеёбад».
Дар «энсиклопедияи бритонӣ» дар бораи сионизм гуфта шудааст, ки он «ҳаракати миллии яҳудиён буда, мақсадаш ташкил ва дастгирӣ кардани давлати миллии яҳудиён дар Фаластин» аст. Сионизм асоси динӣ ва сиёсӣ дорад. Шоҳидони Яҳува бошанд, таълимоти динии сионизмро дастгирӣ намекунанд ва нисбати сиёсати ин ҳизб мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд.
Ташкилоти Шоҳидони Яҳува комилан динӣ буда, ягон ҳаракатҳои сиёсӣ, аз он ҷумла сионизмро дастгирӣ намекунад. Дар бораи он ки Шоҳидони Яҳува нисбати масъалаҳои сиёсӣ мавқеи бетарафиро ишғол мекунанд, далелҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар баъзе давлатҳо Шоҳидони Яҳува барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ ба таъқиботҳо дучор мешаванд. Мо боварӣ дорем, ки ягон ҳукумати одамӣ ё ҳаракатҳои сиёсӣ сулҳу ягонагиро дар рӯи замин пойдор карда наметавонад, танҳо Салтанати Худо ба ин қодир аст.
Мувофиқи эътиқоди худ Шоҳидони Яҳува новобаста аз ҷои зисташон қонунҳои муайянкардаи ҳукумати дунявиро риоя менамоянд. Онҳо бар зидди ҳукумат шӯриш намебардоранд ва дар ҷангҳо иштирок намекунанд.