Сайти JW.ORG ҳаёти одамонро беҳтар мегардонад
Сайти jw.org барои бисёр одамони гӯшаи дунё манфиатовар гашт. Баъзе аз гуфтаҳое, ки ба идораи марказии Шоҳидони Яҳува то моҳи майи соли 2014 фиристода шуд, дар поён оварда шудаанд.
Кӯмак ба хурдтаракон
«Бачаи ман, ки ҳоло ба мактаб намеравад қалам, бозичаҳо ва ҳатто айнаки рафиқонашро ба хона меовард. Мо борҳо фаҳмонда будем, ки ин кораш дуздӣ мешавад, дуздӣ кардан бошад, мумкин нест. Лекин то он даме ки филми тасвирии «Дуздӣ кори бад аст»-ро аз сайти jw.org нишон надодем, ҳамаи гапҳоямон бефоида буданд. Он ба писарчаамон хеле таъсир кард. Дар ҳақиқат ин филми тасвирӣ бароямон кӯмаки саривақтӣ буд. Баъд аз тамошои он писарчаамон хост, ки ҳамаи чизҳои овардаашро ба соҳибонаш баргардонад. Зеро ӯ фаҳмид, ки Худо дуздиро бад мебинад. Ин сайт дар тарбияи фарзандамон ба мо хеле кӯмак кард» (Д. Н., Африқо).
«Он [филми тасвирии “Дуздӣ кори бад аст”] ба писарчаамон хеле таъсир кард. Дар ҳақиқат ин филми тасвирӣ бароямон кӯмаки саривақтӣ буд»
«Аз баромадани ин сайт хурсандии кӯдаконам ҳадду канор надошт. Онҳо аз сайт филмҳои тасвириеро мегиранд, ки барои истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас дар бораи дурӯғгӯӣ ва дуздӣ ба онҳо кӯмак мерасонад. Ҳамчунин ин филмҳои тасвирӣ хислатҳои хуби ҳаётан муҳимро дар кӯдакон инкишоф дода, онҳоро чун одамони ба ҷомеа даркорӣ тарбия мекунанд» (О. У., ҷазираҳои баҳри Кариб).
Кӯмак ба мактаббачагон
«Пештар ба мактаб рафтан намехостам ва ҳатто фикр мекардам, ки хонданро партоям. Лекин рӯзе дар сайтамон мақолае бо номи «Оё хонданро партоям?» диққатамро ҷалб намуд. Он ба ман ёрдам кард, то муносибатамро ба мактаб тамоман дигар кунам. Аз ин мақола ман фаҳмидам, ки мактаб маро ба ҳаёти оянда тайёр мекунад ва барои шахси масъулиятнок гаштанам мусоидат менамояд» (Н. Ф., Африқо).
«Маслиҳатҳое, ки барои ҷавонон дар сайт дода мешавад ба ман кӯмак мекунанд, ки ҳангоми таҳсил ахлоқан пок монам»
«Маслиҳатҳое, ки барои ҷавонон дар сайт дода мешавад ба ман кӯмак мекунанд, ки ҳангоми таҳсил ахлоқан пок монам. Ман ёд гирифтам, ки диққатамро ба дарс равона кунам ва аз ҳар чизе ки ҳушамро парешон мекард, дар канор бошам» (Г., Африқо).
«Рӯзе ҳамкорам ба ман дарди дил кард, ки духтарашро дар мактаб мазоҳу масхара мекунанд, хусусан духтарчае ӯро ғам медодаст. Духтари ин зан чунон тарсида буд, ки ҳатто аз тарс чанд рӯз ба мактаб нарафт. Ман ба ӯ баъзе фикрҳоро аз як аниматсияи фломастерӣ бо номи «Бе мушту лагад адаби беодобонро бидеҳ», ки онро аз сайти jw.org дастрас кардан мумкин аст, гуфтам. Ба ӯ хусусан маслиҳати ҳазлу шӯхӣ метавонад вазъиятро тағйир диҳад, хеле маъқул шуд. Ин зан ба духтараш фаҳмонд, ки чӣ тавр ӯ метавонад ба фишори ҳамсолон муқобилат кунад. Дар натиҷа боварии духтарча ба худаш бештар гашт. Бо гузашти вақт вазъият дигар шуд ва муомилаи духтарачае, ки ӯро ғам медод, тағйир ёфт» (В. К., Аврупои Шарқӣ).
Кӯмак ба ҷавонон
«Барои мақолаи “Чаро ман худро захмдор мекунам?” аз шумо хеле миннатдорам. Ман солҳои зиёд бо ин мушкилӣ мубориза мебарам. Гумон мекардам, ки фақат ман ин корро мекунам ва агар ба ягон кас гӯям онҳо ҳиссиётамро фаҳмида наметавонанд. Мусоҳибаҳои ин мақола ба ман хеле кӯмак карданд. Ниҳоят ман боварӣ ҳосил кардам: одамоне ҳастанд, ки ҳиссиёти маро мефаҳманд!» (духтарак аз Австралия).
«Мусоҳибаҳои ин мақола ба ман хеле кӯмак карданд. Ниҳоят ман боварӣ ҳосил кардам: одамоне ҳастанд, ки ҳиссиёти маро мефаҳманд!»
«Бо пайдо шудани сайти jw.org ба саволҳое, ки ҷавононро ташвиш медиҳад, ҷавоб ёфтанам осон шуд. Хусусан як мақола ба ман хеле кӯмак кард. Аз он ман фаҳмидам, ки ҳамлаи ҷинсӣ чиро дар бар мегирад ва муддате зери таъсири он қарор доштам. Акнун ман медонам, ки чӣ хел бо он мубориза барам!» (Т. У., ҷазираҳои баҳри Кариб).
Кӯмак ба волидон
«Писари ман навраси аз ҳад шӯх аст. Феълу атвораш тез-тез дигар шуда меистад. Ман чӣ хел бо ӯ муошират карданамро намедонистам. Боре ба сайти jw.org, ба бахши “Ҳамсарон ва волидон” даромада аз он ҷо мақолаҳои зиёдеро ёфтам, ки ба саволҳоям ҷавоб медоданд. Ин мақолаҳо ба ман ёрдам намуданд, ки бо фарзандам чӣ тавр муомила карданро донам. Ба писарам низ ин сайт фоида расонд. Ҳоло ӯ бо ман аз пештара дида бештар муошират мекунад ва ташвишу хурсандиашро аз ман пинҳон намедорад» (К. Б., Африқо).
«Одатан дар сайт мақолаҳо дар вақти даркорӣ пайдо мешаванд, ки ба мо барои ҳал кардани мушкилии фарзандонамон кӯмак мекунанд»
«Сайти jw.org ба мо волидон кӯмак мерасонад, ки ба таври шавқовар фарзандонамонро таълим диҳем. Масалан, навори аниматсияи фломастерӣ оиди чӣ гуна ёфтани дӯстони ҳақиқӣ ба фарзандонамон кӯмак кард, ки чи будани дӯстиро фаҳманд ва дӯстонеро интихоб кунанд, ки ба онҳо таъсири хуб мерасонанд. Одатан дар сайт мақолаҳо дар вақти даркорӣ пайдо мешаванд, ки ба мо барои ҳал кардани мушкилии фарзандонамон кӯмак мекунанд. Ин сайт манбаи беҳамтои маслиҳатҳост» (Е. Л., Аврупо).
Кӯмак ба ҳамсарон
Ману ҳамсарам шаш сол боз оиладорем. Ба монанди бисёри ҳамсарон, тарзи гапзанӣ, тарбия ва нуқтаи назари мо гуногун аст, барои ҳамин баъзан муошират бароямон душвор мегардад. Боре дар сайти jw.org мақолаи “Чӣ гуна шунавандаи хуб шудан мумкин”-ро мутолиа намудам ва чизҳои фаҳмидаамро ба занам нақл кардам. Дар он барои шунавандаи хуб шудан маслиҳатҳо дода шуда буд. Мо ҳаракат мекардем, ки ин маслиҳатҳои пурарзишро ба кор барем» (Б. Б., ҷазираҳои баҳри Кариб).
«Маслиҳатҳои ин сайт оилаи моро аз ҷудошавӣ нигоҳ дошт»
«Як сол мешавад, ки ман бо Шоҳидони Яҳува муошират мекунам ва барои сайти jw.org миннатдорӣ баён карданиам. Ба туфайли он ман бисёр чизҳоро, аз ҷумла идора кардани қаҳру ғазаб, ҳамчунин шавҳар ва падари хуб буданро ёд гирифтам. Рости гап, маслиҳатҳои ин сайт оилаи моро аз ҷудошавӣ нигоҳ дошт» (Л. Г., ҷазираҳои баҳри Кариб).
Кӯмак ба ношунавоён
«Ба шарофати сайти jw.org ман гӯё аз нав зинда шудам. Бо ёрии навори имову ишораи амрикоӣ ин забонро беҳтар ёд гирифтам. Пештар ман фикр мекардам, ки роҳамро дар зиндагӣ ёфта наметавонам. Вале видеонавори “Каломи Худоро ба забони худ тамошо мекунам” диламро ба зиндагӣ гарм кард ва кӯмак намуд, то диққатамро ба чизҳои хуб равона созам» (Дж. Н., Африқо).
«Ба шарофати сайти jw.org ман гӯё аз нав зинда шудам»
«Ба ин сайт гап нест! Ман ихтиёран ба ношунавоён, махсусан ба наврасон кӯмак мерасонам. Маводҳои гуногун ба забони имову ишора ба ман кӯмак карданд, ки маҳорати забондониамро беҳтар гардонам. Акнун ба воситаи ин сайт, ман ба онҳое ки ҳаёти оилавиашонро хушбахт гардондан ва дӯстони ҳақиқӣ ёфтан мехоҳанд, кӯмак расонда метавонам» (К. Дж., ҷазираҳои баҳри Кариб).
Кӯмак ба нобиноён
«Ман нобино ҳастам ва аз истифода бурдани сайти jw.org. хеле хурсандам. Бо ёрии он ман маълумотеро дастрас мекунам, ки пештар ба воситаи почта дар муддати якчанд моҳ ба ман омада мерасид. Ин сайт ба муносибати оилавии ман таъсири хуб расонд ва кӯмак кард, ки худро одами даркорӣ ҳис кунам. Мисли дӯстони биноям, акнун ман ҳам маълумотро ба зудӣ дастрас мекунам» (К. А., Амрикои Ҷанубӣ).
«Ин сайт ба муносибати оилавии ман таъсири хуб расонд ва кӯмак кард, ки худро одами даркорӣ ҳис кунам»
«Барои онҳое ки аз рӯи ҳуруфи Брайл хонда наметавонанд ё барои харидани китобҳо маблағ надоранд, сайти jw.org ёрдамчии ҳақиқӣ гашт. Ҳоло ношунавоён ҳам метавонанд ба воситаи аудиосабтҳо маълумоти навтаринро оид ба мавзӯъҳои гуногун дастрас кунанд. Ин сайт ба ҳамаи одамон пешбинӣ шудааст, зеро ҳуқуқи касеро поймол намекунад ва заррае рӯйбинӣ надорад. Он ба нобиноён кӯмак мерасонад, ки худро аъзои баробарҳуқуқу шоистаи ҷомеа ҳисобанд» (Р. Д., Африқо).
Кӯмак ба шахсоне, ки ба Худо мӯҳтоҷанд
«Баръакси дигар сайтҳои динӣ сайти шумо аз ибораву суханоне, ки танҳо ба рӯҳониён хос аст, даст мекашад. Ҳамчунин ин сайт ба мардум маълумоти зиёдро бор карда сарашонро гаранг намекунад. Сайти шумо бо забони одӣ ва фаҳмо омода шудааст. Он маълумотро бе сергапӣ ва фикрронии фалсафавӣ пешниҳод мекунад. Ба хонандагонаш имон ба Худо як чизи душвор ё барои одами одӣ имконнопазир наметобад» (А. Г., Осиё).
«Сайти шумо бо забони одӣ ва фаҳмо омода шудааст. [...] Ба хонандагонаш имон ба Худо як чизи душвор ё барои одами одӣ имконнопазир наметобад»
«Бе сайти jw.org ҳаёти ман бемаъно мегузашт. Дар ин дунёи торики аз Худо бегона он мисли чароғ аст. Бо хондан ва гӯш кардани мақолаҳо нуқтаи назари Худоро оиди масъалаҳои гуногун тез фаҳмида ба саволҳое, ки маро ба ташвиш меоранд, ҷавоб меёбам» (Дж. Ч., Амрикои Ҷанубӣ).
«Дар ин мавзеи дурдаст, дар байни ҷангали Амрикои Ҷанубӣ ман дар бораи Худо дониш гирифтанро қадр мекунам. Бе ин сайт намедонистам, ки чӣ кор мекардам» (М. Ф., Амрикои Ҷанубӣ).